Главная / Гуногун / Худкуши

Худкуши

Се нафар, одамони ба кавли худашон улфати, руи майсаи лаби чуйбори сероб нишаста, барои худ дастархон мухайё мекарданд. Шояд онро дастархон гуфтан чоиз  набошад, зеро ба сифати дастархон як рузномаи гичимшудаи кухна пахн карда шуда буд. Руи хамин дастархонро як шиша шароб, ду-се бех пиёзи анзур, як консерви килка, ним лунда нони сиёх оро медод.

samoubijstvo—Хозир худамон як дастархони туёна мухайё мекунем, — гуфт яке аз онхо, марде,ки дар байнашон аз хама калонсол менамуд. Ва аз кисаи пичакаш такрибан ним кило хасибро, ки дар як пора когази зардранг печонида шуда буд,руи дастархон гузошт.

 — Мисли хамон дастархони туёна, ки хозир моро аз сари он ронданд,—лукма партофт чавони гардандароз, ки руяш кунчидмонанд дог дошт,бо оханги тамасхур.

 — Э Насим, вай дастархони чи буд! — даст афшонд мард.— Хозир мебини дастархон чи хел мешавад.

 — Рост, магар вай дастархон буд?! — ба гап хамрох шуд нафари сеюм, ки аз гояти масти кариб пинакаш бурда буд.— Дар руи дастархони мо хама чиз хаст…хатто мохи! Чаноб, чи хел мохи мефармоед? — ба Насим руй овард вай.— Судак, фазан, лаккамохи…

 — Ахмак, ин килка аст! — хамоно бо итоб сухани уро бурид Насим.

— Насим ! — норозиёна ба чавон дида духт мард. — Чаро худ ба худ  аз хар гап мисли хас дармегири? — Ва баъд гур-гуркунон дахони консерви мохиро бо качкорди дастааш сиёх ба кушодан огозид.— Хозир маишат мекунем. Чи гуфти, Шафтолу? — гуфт вай ба чавони дигар.

— Э!— якин аз ном бурдани лакабаш норозиёна руй турш кард чавон. —О,ман ном дорам, Мусулмон номам.

 — Чи?! — нешханд зад Насим.— Ту мусулмони?! Кофари ту, кофар. Мусулмон,а!  Дар интихоби номи ту падарат хато кардааст. Хамон лакаби Шафтолу хам ба ту зиёдати. Аз шафтолу дахони одамон ширин мешавад, ту боши фачи!

— Бас, гуфтам,Насим — дархол ба мобайн даромад мард.

  Мусулмон шояд аз ин туву мангуихо, ки одатан бо муштзаниву гиребонгири меанчомид, харосида, мачрои гапро ба дигар тараф гардонд.

— Ака, ту Самандара мешинохти, а? — ба мард мурочиат кард вай.

— Кадом Самандар?

— Хамоне, ки дина дар хонааш худашро овехт.

—  Наход? Ух, бача, кахрамони кардааст-ку!

— Чи, аз ташвиши зиндаги харосида, панч нафар фарзанди хурдсолро ятим карда, худро овехтан магар кахрамонист? — шурид Насим. — Бар замми ин дар дини мо худкуши гунохест азим.

— Набошад-чи?! Ту гумон мекуни, ки ба гардани худ халка андохта, маргро ру ба ру хонда, чон додан кори осон аст. Бенихоят мушкил аст ин кор, чура. Худо ба инсон чон ато мекунад ва танхо худи вай метавонад осонакак онро бозпас гирад. Ман чандин одамонро медонам, ки хамаги чанд сония ба талвосаи чон кандан тоб оварда, ресмони гарданашонро ба дасти худ буридаанд. Аммо он чавонмард аз дами теги марг натарсида, уро фаро хондааст. Шояд лахзаи охирин ба руяш писханд зада бошад, ки диди, дигаронро аз эхсоси ту баданашон ба ларза медарояд, аз тарс чашмонашон аз косахонааш мебарояд, аммо ман худам туро ба чанги тан ба тан чег задам.Кандаша занад мардак! Меарзад, ки барояш хайкал гузоранд. Агар хайкал гузоранд вокиан хам ачиб мешавад, а! Самандар ба руи марг механдад, туф мекунад ва мисли хиндухое, ки рузхои ид дар танашон либоси рангоранг, дар гарданашон гулчанбар филсавор дар кучахо сайр мекунанд, ба гардани марг савор шуда кох-кох механдад. Агар ту хайкалтарош мебуди сурати маргро чи гуна тасвир мекарди?

Насим чавоб надод.

— Ман, —  суханашро бо хамон оханг идома дод мард,— уро дар симои як марди девсурат, нохунхояш дароз-дароз, муи сараш пахну парешон, чашмонаш суп-сурх тасвир мекардам… Рез! — гуфт вай як истакони дусадграммаро аз   киса бароварда. — Барои Самандар менушем.

Мусулмон зуд истаконро аз шароб пур кард.

Харсе банавбат яккадахи нушиданд.

— Ту бачаи баакли, аммо баъзан гапхои хавои мегуи,— пас аз кадахро нушидан ба Насим руй овард мард бо остини пичакаш лабонашро пок карда.— Мегуи, ки худкуши кори осон аст…

— Э,бас кун! — миёни сухани уро шикаст Насим. Ба дилам зад хамин фалсафахонии ту. Тамоми мардуми олам худашонро овезанд. Кори ман чи! Маъкул бошад, овехтан гиранд.

— Не, ту аз гап нагурез.

— Хайр, ана. гапи ту маъкул. Худкуши дар хакикат кахрамонист.Шуд? Чони ман халос?

— Ту, кудак, ба сари мана дод мезани?

— Ман ба сари ту дод назадам .Гуфтам-ку гапи ту маъкул.Ман аввал аз камаклиба решаи гапи ту сарфахм нарафтам. Мебахши, ака, сад бор мебахши.

— Ана ин гапи дигар, рез!

Онхо,инак пайихам чандин кадах бардошта, торафт маст мешуданд, беист сухани якдигарро бурида,гохо бо дугу пуписа ва гохо каме ором шуда, ба якдигар гап фахмонидани мешуданд.

— Марг асал аст, — гуфт мард дар чои нишасташ алвонч хурда.— Аммо мо, инсонхои беакл, ширинии ин зиндагии зормондаро аз он асал авло медонем. Мурда-мурда бори гарони зиндаги мекашем: шикамамон гох серу гох гушна, асабамон тарангу поямон нимбарахна, диламон зик… Лекин зистан мехохем, дудаста аз домани зиндаги мекапем. Боре дар китоби як нависандаи амрикои… номаш ки буд? — муддате бо кафи дастон сарашро дошт вай. — Чак…Чак.. Хайр, номаш мухим нест. Хамон нависанда навиштааст, ки танхо марг инсонхоро аз азоби зиндаги рахо мекунад. Аммо одамон ба огуши кушодаи вай бо дили нохохам мераванд… Дар ин чо чи сирре пинхон бошад, а? Шафтолу, ту медони?

— Мусулмон гуед, ака, Мусулмон.

— О хозир ана ин мардаки нагз гуфт, ки ту мусулмон нести… Кофари! Биё, номи туро Кофар мемонем. Чи хел? Ба фикрам номи зебо! А, Кофар! Хайр, мебахши, Мусулмон…гирехи хамин муамморо кушода метавони?

— Рости гап, ман хам боре касди худкуши кардам, — чашмонаш нимпуш ба гап даромад Мусулмон.

— Ту хам худатро овехтани буди? — пурсид мард.

— Не, овехтани набудам. Мехостам аз боми бинои нухкабата худамро партоям. Одам гохо дар роххои качу килеби зиндаги рахгум зада, ба хамин рох мерафтааст. Чи хел гуям…Гохо аз танхои, баъзан аз нофахмии атрофиён, ё аз  вазнинии бори гарони зиндаги.

— Кадом падаркусур туро аз ин кори хайр боздошт? — пурсид Насим.

Мусулмон норозиёна ба руи вай чашм давонда, суханашрор  идома дод:

— Вакте ки лаби  бом омада, ба замин нигох кардам, чашмам сиёхи зад, вахм дар дилам хона кард. Зуд худро кафо кашидам.

— Чунки ту тарсуи! — дод зад Насим . — Як бандаи худозадаи ношуди!

— Ки ношуд? Ман?

— Ха, ту!

— Гапатро дониста зан, хаддатро шинос. Ман …

— Ту чи?! — ба тахдид гузашт Насим. — Кахрамони? Не-е, ту муши мурдаи! Агар не , хозир вакте ки ба баногушат як мушти обдор зада, шармандавор аз туйхона пешат карданд, думатро хода накарда, акаллан як бор ба кафоят нигох карда мегуфти, ки чаро маро мезанед? Ман аз шумо чи ками дорам? Хайр, ману ин мардак бе даъват рафта будем. Аммо ту даъват шуда буди- ку! Моро  хам ба холу  чонамон намонда, аз кафоят кашола карда бурди.

— Айби худамон шуд, ба раккоса ночо часпидем.

— Айби худамон буд, — даст ба куттии консерв бурд Насим. — Хозир ман ба ту, тарсончак, нишон медихам айби ки буд.

— Хой, окипадархо! — качкордро ба истакон зада, онхоро аз мучодала боздошт  мард. — Туйи худамонро хам вайрон накунед, охир! Ин нозу неъматро чаро пушти по мезанед, — якбора хандид у. — Нушед, хуред, маишат кунед аз давлати акатон.

— Туйатон саратонро хурад, — куттии консервро гашта ба чояш гузошт Насим. — Ба бадам зади хардуят.

Мусулмон калавида аз чой хест.

— Кучо? — тахдидикунон мард низ аз чой нимхез шуд.

Ба хона … Дар хона худамро меовезам. Ман ба шумо нишон медихам кахрамонира. Оъ! Оъ! Ман ба шумо ках… ках… ках… Уъ! Уъ!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …