Главная / Гуногун / Хучуми Нодиршох

Хучуми Нодиршох

Дар солхои хукмронии намояндаи сулолаи Чониён Абулфайзхон (1711-1747) дар Осиёи Миёна давлати ягона вучуд надошт. Дар Самарканд мулки мустакиле ба вучуд омада буд, ки бо Бухоро ракобат мекард. Хокими Самарканд аз бодиянишинон кумак хост ва онхо дар давоми хафт сол (1723-1730) водии Зарафшон (Миёнкол)-ро ба харобазор табдил доданд. Бо суми аспони худ манзараву киштзор ва боготу токзорхои дехкононро поймол намуданд. Заминхои кишт ва чарогоххои мамлакат дар зери суми чорпоёни сершумори бодиянишинон ба биёбон мубаддал шуданд. Кахти, гуруснаги ва кашшоки cap шуда, чандсол хукмфармои мекард. Сокинони Самарканду Бухоро ба харсу пароканда гардиданд. Ин вазъияти харачумарачи сиёси ва харобии иктисоди имконияти галабаи Нодиршохро осон месохт. Нодиршох ки буд?

nodirshoh

Дар ибтидои асри XVIII Эрон давраи мушкилро аз cap мегузаронид. Як кисми мулкро Туркия ишгол карда буд. Аз тарафи дигар, кабилахои афгон зидди хокимияти марказии Эрон шуриш бардоштанд. Аз кисмати шимоли мамлакат Русия як кисми худуди Озарбойчонро бо шахри Боку ишгол намуд. Дар чунин шароит сарлашкари Эрон Нодиршохи Афшор ба арсаи идоракунии давлат омад. У тавонист, ки сарзамини Эронро аз афгонхо ва туркхо озод намуда, мамлакатро муттахид ва худро шоханшохи мулк эълон намояд. Бо хамин дар Эрон хонадони нав, сулолаи Афшорхо ба сари давлат омад.

Вазифаи аввалиндарачаи Нодиршох баланд бардоштани иктисодиёти Эрон ва пуриктидор гардонидани лашкар буд. Забт намудани мулкхои хамсоя ва ба талаву тороч даст задан пешаи шох шуд. Нодиршох писараш Ризокулнхонро хамрохи сарлашкараш Тахмосхони Чалоир барои ишголи Балх равон карда, худаш ба чанубн Афгонистон ва Хиндустон равон гашт.

Баъди ишголи Балх лашкари Ризокулихон ба сохили рости дарёи Аму гузашта, даст ба катлу горат зад. Баъд аз ишголи Гузор онхо ба суи Карши харакат карданд. Сокинони калъа ва хокими он барои имдод ба хони Бухоро мурочиат намуданд. Абулфайзхон тирамохи соли 1737 бо лашкари худ ба суи Карши харакат кард. Хокимони вилоятхои гуногун, то Тошканду Хуканд бо лашкари худ ба кумаки хони Бухоро омаданд. Дар ихтиёри Абулфайзхон сад хазор лашкар чамъ омад.

Лашкари хони Бухоро сафи душманро рахна намуда, дохили Кapши гардид. Хол он ки мебоист ба чанги зидди лашкари Эрон омада гардад. Аз фурсат истифода намуда, Ризокулихон тупхои худро ба кор андохт. Лашкари Бухоро бо ин намуд ярок шинос набуд ва садои тупро хам нашунида буданд. Ба эрониён муяссар мешавад, ки ба лашкари Бухоро талафоти калон расонанд. Чанги шадид дар назди Карши ба шикасти лашкари Абулфайзхон анчом ёфт. Микдори ганимати ба дасти эрониён расида хадду канор надошт. Касони зиёд аз тири тупу замбурак мактул гаштанд. Як кисми лашкар пароканда шуд. Аз лашкари садхазораи хон си хазор боки монд.

Сарлашкари Эрон аз галабаи худ Нодиршохро, ки он вакт дар Кандахор меистод, огох намуд. Инчунин у навишта буд, ки баъд аз ишголи Карши лашкари худро ба суи Бухоро рахсипор мегардонад.

Вале Нодиршох фармон равон кард, ки лашкари Эрон бояд ба суи Балх акиб гардад. У накша дошт, ки аввал Хиндустонро забт карда, баъд ба суи Мовароуннахр лашкар кашад.

Бо хамин амалиёти лашкари Эрон дар худуди хонин Бухоро зимистони солхои 1737-1738 ба охир расид.

Вале Нодиршох муваккатан акибнишини карда буд. У бо тайёрии хамачониба ба хучуми катъи гузаштан мехост. Хамлаи лашкари Ризокулихон ба Карши барои падари у замина шуд.

Илова ба харобии иктисодии Осиёи Миёна, заиф гаштани хони Бухоро дар чангхои байнихамдигари, барои ба осони забт намудани ин мулк аз тарафи Нодиршох мусоидат мекард.

Нодиршох дар мухорибахои Кафкоз, Афгонистон ва Хиндустон зафар ёфта, дар соли 1740 аз рохи Балх ва Чорчуй ба Мовароуннахр дохил шуд. Дар ин давра табакаи ашрофи кабилаи мангит дар идоракунии Бухоро имтиёзи бсштаре пайдо мекунад. Нодиршох майлхои чохталабонаи феодалони осиёмиёнагиро мохирона истифода мебурд. Яке аз онхо Мухаммадхаким атолик буд. Писари у Мухаммадрахим ба истикболи Нодиршох рафта, дар назди у сари итоат фуруд овард. Худи Мухаммадхаким, ки аз тарафи Абулфайзхон барон музокирот ба хузури Нодиршох фиристода шуда буд, низ ба манфиати шохи Эрон амал кард. Пас аз бозгаштан бо амри Нодиршох Мухаммадхаким хукмрони Бухоро ва бародари у Мухаммаддониёлби хокими Кармина таънн шуданд. Ба ин тарика, Бухоро ба каламрави Нодиршох мубаддал гардид.

Худи хамон сол (1740) Нодиршох муковимати Элбарсхонро шикаста, Уро дар мухориба халок намуда, Хеваро низ забт кард ва ба сари хокимият коиммакоми худро нишонд. У хам дар Бухоро ва хам дар Хева захирахои озука, пул ва дигар чизхои пуркимматро мусодира карда. аскарони махаллиро ба кушуни худ хамрох намуд.

Пас аз вафоти Мухаммадхакимби писари у Мухаммадрахимби кушуни пуркувват ва боинтизоме ташкил дода исёни амирони мухолифро фуру нишонад. У дар дарбори Абулфайзхон мавкеи асосиро ишгол карда, амалан хукмрони давдати хони гардид.

Соли 1747 Нодиршох кушта шуда, давлати бузурги ташкилкардаи у ру ба завол ниход.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …