Главная / Чамъият / Хуччатхое, ки собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд

Хуччатхое, ки собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд

Моддаи 52-и Кодекси Мехнат. Хуччатхое, ки собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд

  1. Собикаи мехнатии кормандро яке аз хуччатхои зерин тасдик менамояд:

– дафтарчаи мехнати;

– шартномаи мехнати;

– иктибос аз санади корфармо, ки ба вучуд омадан ва катъ гардидани муносибатхои мехнатиро бо сабаби бастан ва катъ намудани шартномаи мехнати тасдик менамояд;

– иктибос аз китоби пардохти музди мехнати кормандон (ведомост);

– руйхати хизмати (номгуйи маълумотхо дар хусуси кор, фаъолияти мехнатии корманд), ки аз тарафи корфармо имзо шуда, бо мухри ташкилот ё ба тарики нотариали тасдик карда шудааст;

– маълумотномаи макомоти ваколатдори давлати дар хусуси супоридани андухти нафакави;

– маълумотномаи макомоти ваколатдори давлати дар хусуси пардохти сахмхои хатмии сугуртаи ичтимои;

– маълумотномаи бойгони дар хусуси фаъолияти мехнатии корманд;

– дигар хуччатхое, ки бо тартиби мукарраргардида тасдик шудаанд.

  1. Дафтарчаи мехнатии намунааш мукарраргардида ва дигар хуччатхо оид ба собикаи кории корманд хуччатхои асосии фаъолияти мехнати буда, собикаи мехнатии кормандро тасдик менамоянд. Намуна ва тартиби чори кардани дафтарчаи мехнати, инчунин номгуйи дигар хуччатхоеро, ки собикаи кории кормандро тасдик мекунанд, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Корфармо ухдадор аст ба хамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 руз кор кардаанд, дафтарчаи мехнати кушояд. Ба кормандоне (кормандони хонаги ва хонакороне), ки дар назди шахсони вокеи кор мекунанд, дафтарчаи мехнати кушода намешавад.
  3. Дар дафтарчаи мехнати маълумот дар бораи кабул ба кор, ба кори дигари доими гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дарачаи касби, вазифа (мансаб), (мувофики санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро мукаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосхои катъ шудани шартномаи мехнати, инчунин дар бораи хавасмандгардони ва мукофотонидан барои муваффакиятхо дар кор кайд карда мешаванд.
  4. Дар рузи катъ шудани шартномаи мехнати корфармо ухдадор аст, ки ба корманд дафтарчаи мехнати ё дигар хуччати тасдиккунандаи фаъолияти мехнатии уро дихад. Сабаби аз кор озодшави дар дафтарчаи мехнати бо нишон додани меъёри дахлдори Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон кайд карда мешавад ва дафтарчаи мехнати дар рузи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Хангоми бо гунохи корфармо кашолкори намудан аз супоридани дафтарчаи мехнати барои хар рузи кашолкори ба корманд музди миёнаи мехнаташ дода мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …