Главная / Гуногун / Хотима ёфтани Чанги якуми чахони

Хотима ёфтани Чанги якуми чахони

11 ноябри соли 1918 сарфармондехи артиши Фаронса маршал Фош дар стансияи Ротонд, вокеъ дар чангали Компъен, дар вагони худ вакилони Германияро кабул намуда, шартхои Созишномаи сулхро ба онхо пешниход кард. Вакилони Германия ба акти таслимшави имзо гузоштанд. Соати 11 пагохии хамон руз дар хаман чабхахо оташбас эълон карда шуд. Бо хамин Чанги якуми чахони ба охир расид.

armistice-day_00012

Мувофики шартномаи сулх Германия вазифадор карда шуд, ки дар зарфи 15 руз хамаи сипохиёни худро аз Фаронса, Белгия, Люксембург, Туркия, Руминия, Австро-Венгрия, аз сохилхои чапи дарёи Рейни Германия ва мустамликахои африкави барорад. Инчунин Германия бояд як кисми лавозимоти харби, 5 хазор паровоз, 150 хазор вагон, 5 хазор мошини боркаш ва гайраро ба Антанта бидихад. Лашкари Антанта дар Германия “хар кадар зарур бошад, хамон кадар истад”. чунин навишта шуда буд, дар шартхои созишномаи сулх.

Сарфи назар аз он ки Германия ба чанг тайёрии хуб дида буд, хамрохи иттифокчиёнаш шикаст хурд. Империяхои Туркия, Австро-Венгрия ва Германия аз харитаи сиёсии чахон нест шуданд.

Чанги якуми чахони, ки империалистон тайёр карда буданд, ба сари мардуми чахон бадбахтихои зиёде овард. Шумораи халокшудагон зиёда аз 10 миллион ва маъюбон кариб 20 миллион нафарро ташкил карданд. Ин чанг аз се як хиссаи бойгарии миллии давлатхои асосии чангкунандаро нест кард. Харочоти умумии чанг тахминан 80 миллиард доллари америкоиро ташкил намуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …