Главная / Биология / Хосил шудани тухм ва мева

Хосил шудани тухм ва мева

Хучайратухми бордоршуда (зигота) ба ду хучайра таксим мешавад. Хар кадоме аз ин хучайрахо дар навбати худ таксим мегардад ва гайра. Дар натичаи борхо таксим шудани хучайра чанини бисёрхучайраи растании нав ташаккул меёбад.

hosilshavii-tuxmАз хучайраи калонтарини марказии халтаи чанин, ки бо нутфаи дуюм омехта шудааст, хучайраи эндосперм, ки дар он моддахои гизой захира мешаванд, инкишоф меёбад. Ин моддахо барои гизо ва инкишофи чанин заруранд. Аз пусти (пардаи) тухммугча пустлохи тухм инкишоф меёбад. Баъди бордоршави аз тухммугча тухм ин- кишоф меёбад, ки аз пуст, чанин ва захираи моддахои гизои ибо- рат аст.

Пас аз гардолуд ва бордоршави ба гура моддахои гизои чори гар- дида, вай тадричан ба меваи пухта табдил меёбад. Аз девораи гура мевапарда хосил мешавад ва он тухмро аз таъсири шароити номусо- ид мухофизат мекунад. Дар ташаккули меваи баъзе растанихо дигар узвхои гул низ иштирок мекунанд.

Вазифаи мухимтарини мева — мухофизат ва пахн кардани тухм мебошад.

Хар якмева аз мевапарда ва тухм иборат аст. Тухм аз тухммугча хосил мешавад.да девори сабзидаю шаклдигаркардаи гураки гул мебошад. Аксар вакт дар хосилшавии мевапарда дигар кисмхои гулбуни гардбарг, гулбарг, косабарг ва гулгох иштирок мекунанд.

Гуногуншаклии мевахо хеле зиёду сершумор (бузург) аст. Агар дар гул факат як мевадон бошад, меваи аз он инкишофёфтаро содда меноманд (гандум, нахуд, олуболу). Аз гуле, ки якчанд тухмдон дорад, меваи мураккаб ташаккул меёбад (марминчон, тамашк). Тудамева аз тудагули тому яклухт дар натичаи ба хам пайвастша- вии якчанд мевахо, ки як чузъи томро ташкил мекунанд, хосил мешавад (ананас, тут, лаблабу).

Аз руи микдори тухм мевахо ба мевахои яктухма ва бисёртухма чудо мешаванд.

Вобаста ба он, ки мевапарда дар таркибаш чй микдор об дорад, мевахо ба мевахои тар ва хушк чудо мешаванд. Мевахои тари пухта дар таркиби мевапардаашон магзи сероб доранд.

Азбаски мева ва тухм хуроки инсон аст, у бисёр навъхои нави сермахсулу хушсифати растанихоро ба вучуд овардааст. Мева ва тухм хуроки чорво низ мебошанд. Онхоро дар саноат ва тиб васеъ истифода мебаранд.

Дар навохии суб- тропики растанихоеро парвариш мекунанд, ки кимати баланди хурока доранд (маса- лан, норанч (манда- рин), афлесун, анор, зайтун, чормагз ва гайрахо).

Дар манотики тропики бошад, дарахтони кахва ва какавро мепарваранд. Аз тухми онхо кахва, какао ва шоколад тайёр мекунанд. Мевачоти муз (банан), норгил, дарахти “нон”, нагзак (манго) ва авокадоро со- кинони мамлакатхои тропики васеъ истифода мебаранд.

  1. Чанини бисёрхучайраи растани чи тавр ташаккул меёбад?
  2. Эндосперм чи тавр хосил мешавад ва он чи ахамият дорад?
  3. Мева чи тавр ташаккул меёбад?
  4. Мевапарда чист?
  5. Меваи содда аз меваи мураккаб чи фарк дорад?
  6. Вобаста ба микдори об дар мевапарда мевахоро ба кадом гуруххо чудо мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …