Главная / Маданият ва санъат / Хосиятхои оби найсон

Хосиятхои оби найсон

Борони оби найсонро[1] гирифта, бар он об хафтод бор сураи «Фотиха» ва хафтод бор «Ояту-л-Курси» ва хафтод бор сураи «Кофирун» ва хафтод бор калимаи «Субхоналлохи ва-л-хамду лиллохи ва ло илоха иллаллоху валлоху Акбару ва ло хавла ва ло куввата илло биллохи-л-Алийи-л-Азим» ва хафтод бор калимаи «Вахдаху ло шарика Лaхy Илохан Вохидан ло илоха иллаллоху мухлисина Лах-у-дини ва лав кариха-л-мушрикун» ва хафтод бор салавот фиристад ва хафтод бор «Астагфируллоху ва атубу Илайх» хонда, бар он об бидамад ва аз он об бомдоду шабонгох хафт руз пайваста бинушад.

boronХар ки ин обро дар ин хафт руз бинушад, Худои таоло хама беморихоро аз вай бибарад ва мар вайро офият арзони дорад ва хама дарду беморихоро аз рагу пайвандхо ва устухонхои вай бибаранд.

Агар занеро, ки фарзанд нашавад, аз он об бинушад фарзанд шавад, агарчи марди анин[2] ва зани акима[3] бошад. Агар зан писардуст бошад, писар зояд ва агар духтардуст бошад, духтар зояд, ба кудрати Худои таоло.

Агар касеро дарди cap бошад, аз он об бинушад сокин шавад. Ва агар дарди чашм бошад, катрае аз он об чаконад ва хам бинушад, дарди чашм сокин шавад. Ва беххои дандони вай сахт шавад ва буи дахан нест шавад ва об аз дахани вай наравад ва балгам кам шавад ва таоме, ки бихурад хазм шавад ва дарди кулинчро бибарад ва зуком ва дарди шикаму дарди пушт ва дарди меъдаву дарди носур ва девонаги ва оби сиёх дар чашм ва ба хеч бемори, ки гирифтор нагардад.

Мавсими оби найсон он гох аст, ки Офтоб дар бурчи хамал[4] омада бошад, аз понздахум найсон мебошад. Ва ба ривояти дигар аз хамал хабдах руз гузарад, аз хаждахуми хамал то хаждахуми савр дар ин мобайн оби найсон аст.[5]

[1] Найсон – мохи  хафтум аз моххои руми; мохи  дуввум аз фасли бахор

[2] Анин – безурриёт.

[3] Акима — нозо.

[4] Муддати мондани Офтоб бар бурчи хамал, ки ин мохро фарвардин мегуянд ва ба 21 март – 20 апрел рост меояд. Мавсими оби найсон аз 15 хамал то 15 сарв мебошад, ки он аз 5 апрел то 5 май давом мекунад.

[5] «Качкули вочибу-л-хифз ва вочибу-н-назар».

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …