Главная / Биология / Хосиятхои умумиии системаи асаб

Хосиятхои умумиии системаи асаб

Ахамияти системаи асаб. Системаи асаб дар танзими вазифаи организм роли мухим мебозад. Вай кори доимии хучайрахо, бофтахо, узвхо ва системаи онхоро таъмин мекунад. Бо мавчудияти ин система организм бо мухити беруна алокаманд аст.

Фаъолияти системаи асаб ба хиссиёт, таълим, хотир, нутк, тафаккур ва раванди рухи асос ёфта, одам бо ёрии онхо на танхо мухити атрофро дарк мекунад, балки метавонад онро фаъолона дигаргун созад.

soxti-asabБофтаи асаб. Системаи асабро хучайрахое ташкил мекунанд, ки онхо нейрон ва хучайрахои асосии бофтаи асаб буда, кори системаи асабро таъмин мекунанд. Хучайрахои хамрох вазифаи гизодихи, такягохи ва мухофизатиро ичро менамоянд. Микдори хучайрахои хамрох назарба нейронхо кариб 10 маротиба зиёдтар мебошад. Нейрон аз се кисм иборат аст:

  • Часад (тана);
  • Изофаи кутох (дендритхо);
  • Изофаи дароз (аксон).

Дендритхо аз калимаи юнонии дендрон – дарахт гирифта шудаанд. Онхо кутох ва сершохаанд. Дар як нейрон метавонад якчанд дендрит мавчуд бошад. Дендритхо бо ретсепторхо пайваст буда, импулсхои асабиро ба часади нейрон мебаранд ва вазифаи хиссиёткабулкуниро ичро мекунанд. Аксон (аз калимаи юнони аксис гирифта шуда, маънояш шоха мебошад) бо мушакхо пайваст шуда, вазифаи харакатро ичро мекунад. Хар як нейрон аз як аксон иборат аст. Аксон бо кабати махсуси табиати липидидошта пушонида шудааст, ки онро миелин (дила) меноманд. Аз чихати шохарони нейронхо се хел мешаванд: 

  1. нейронхои якшохадор (униполяри);
  2. нейронхои душохадор (биполяри);
  3. нейронхои бисёршохадор (мултиполяри).

Торхои асаб ба тамоми организм пахн шуда, импулсхоро ба хамаи узвхои бадан мебаранд. 

Кисмхои системаи асаб. Системаи асаб аз кисмхои маркази ва канори иборат аст. Кисми маркази аз магзи сар ва хароммагз таркиб ёфта, бо лимфаи бофтаи васлкунанда пушонида шудааст. Ба кисми канори гиреххои асаб дохил мешаванд. Як кисми системаи асаб, ки кори мушакхои скелетро танзим мекунад, системаи соматики ном дорад. Одам тавассути ин системаи асаб метавонад харакатхоро идора карда, онхоро ихтиёран ба вучуд орад ё катъ гардонад. 

  1. Системаи асаб чи ахамият дорад?
  2. Сохти бофта ва хучайраи асаб чи хел аст?
  3. Кисмхои асосии системаи марказии асаб кадомхоянд?
  4. Системаи соматикии асаб кори кадом узвхоро танзим мекунад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …