Главная / Чамъият / Холатхои баргардонидани чубронхо хангоми ба махалли дигар ба кор омадан

Холатхои баргардонидани чубронхо хангоми ба махалли дигар ба кор омадан

Моддаи 181-и Кодекси Мехнат. Холатхои баргардонидани чубронхо хангоми ба махалли дигар ба кор омадан

1.Чубронхое, ки пардохти онхо дар моддахои 179 ва 180 Кодекси мазкур пешбини шудаанд, максаднок буда, масъулиятро барои онхо корфармое, ки корманд ба у ба кор гузаронида, равона ё кабул карда мешавад, ба зимма дорад.

  1. Чубронхое, ки бо максади ба махалли дигар ба кор омадан пардохт карда шудаанд, бояд ба корфармо, ки онхоро маблаггузори кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

– ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шуруъ накунад;

– то тамомшавии мухлати кор, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномаи мехнати пешбини намудаанд ё шартхои гузаронидан, равон ё кабул намудан ба кор пешбини кардаанд, хангоми мавчуд набудани мухлати муайян бошад – то пур шудани як соли кор бо хохиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалхои гунахгорона озод шуда бошад, ки онхо мувофики Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон барои катъ гардидани шартномаи мехнати асос шудаанд.

  1. Хангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабхои узрнок саркаши намудан корманд ухдадор аст маблагхои гирифтаашро, гайр аз харочоти рохкиро баргардонад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …