Главная / Чамъият / Холатхое, ки пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро истисно менамоянд

Холатхое, ки пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро истисно менамоянд

Моддаи 20-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Холатхое, ки пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмуриро истисно менамоянд 

Дар холатхои зерин пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури огоз карда намешавад ё пешбурди парвандахои  огозгардида  катъ карда мешавад:

– набудани ходисаи хукуквайронкунии маъмури;

– набудани аломатхои таркиби  хукуквайронкунии маъмури, аз чумла дар лахзаи содир намудани кирдори (амал ё беамалии) зиддихукуки  ба  синни  ба чавобгарии  маъмури кашидан, ки Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, нарасидани шахси вокеи ё номукаллафии шахси вокеие, ки чунин кирдорро содир намудааст;

– дар холати зарурати нихои содир шудани кирдори (амал ё беамалии) шахс;

– кабул шудани санади авф, ки он татбики чазои маъмуриро бартараф менамояд;

– аз эътибор сокит донистани конуне, ки чавобгарии маъмуриро мукаррар намудааст;

– гузаштани мухлати ба чавобгарии маъмури кашидан;

– доир ба хамон як  кирдори (амал ё беамалии) зиддихукуки  аз чониби шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури анчом  дода  мешавад,  мавчуд  будани  карори  судя,  макомоти ваколатдори  давлати (шахсони мансабдор) дар бораи таъин намудани чазои маъмури ё карори катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё карор дар бораи огози парвандаи чинояти;

– фавти шахси вокеи ё шахси мансабдори хукуквайронкунии маъмури содирнамуда;

– бархам хурдани шахси хукуки.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …