Главная / Чамъият / Холатхое, ки иштироки такрории судя, макоми ваколатдори давлатиро дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд

Холатхое, ки иштироки такрории судя, макоми ваколатдори давлатиро дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд

Моддаи 39-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Холатхое, ки иштироки такрории судя, макоми ваколатдори давлатиро (шахсони мансабдорро) дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури истисно мекунанд 

  1. Судяе, ки дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи якум иштирок кардааст, хангоми баррасии хамон парванда ба тарики кассатсиони ё назорати, хамчунин дар сурати бекор шудани  карор (таъинот) дар бораи катъ кардани пешбурди парвандае, ки аз тарафи у кабул карда шудааст, хамзамон хангоми аз нав барраси кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи якум иштирок карда наметавонад.
  2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи кассатсиони иштирок намудааст, дар баррасии хамон парванда дар суди мархилахои якум ё назорати, хамчунин хангоми аз нав барраси кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи кассатсиони баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки у баровардашуда иштирок карда наметавонад.
  3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар суди мархилаи назорати иштирок намудааст, дар баррасии хамон парванда дар судхои мархилахои якум ва кассатсиони иштирок карда наметавонад.
  4. Шахсони мансабдоре, ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси намудаанд пас аз бекор шудани карори кабулкардаашон наметавонанд, дар баррасии хамин парванда иштирок намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …