Главная / Гуногун / Хокимони Уротеппа ва Хучанд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Хокимони Уротеппа ва Хучанд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Соли 1800 аз тарафи лашкари Бухоро Уротеппа забт шуд. Бародари Худоёрбий – Бобобий хокими ин мулк ва писари у Бекмуродбий хокими Хучанд таъин шуданд. Бекмуродбеки чавон ба суи Уротеппа лашкар кашида амак ва падараруси худ Бобобийро ба катл расонд. Аз ин вокеа истифода намуда, хони Хуканд Олимхон Хучандро ишгол кард. Бекмуродбий барои ба тасарруфи худ баргардонидани Хучанд ба бочаи худ амир Хайдар мурочиат намуда, аз у ёри талабид. Соли 1802 амир фурсатро ганимат шуморида, бо лашкари худ озими Уротеппа гашт. Бекмуродбий ба пешвози у баромад. Амир Хайдар Бекмуродбийро дастгир намуда, ба дасти писарони Бобобий супурд. Онхо ин чавони 22-соларо катл карданд. Ба чои у Ирназарбий хокими Уротеппа таъин шуд. Барои дар итоати худ нигох доштани Уротеппа дар ин шахр чор хазор лашкари Бухоро сокин шуданд.

buxoro

Хони Хуканд Олимхон соли 1805 ба суи Уротеппа лашкар кашида, Мулло Ирназари мангитиро аз хокимият махрум сохт. Дере нагузашта, Махмудхони Хочаахрори шахрро ишгол кард. То соли 1810 у дар тобеияти амир Хайдар буд. Баъд Махмудхон аз Бухоро руй гардонда, бо хони Хуканд Умархон хамзабон гашт. Бо вучуди ин хони мазкур ба у бовари пайдо накард ва Махмудхонро бартараф кард.

Соли 1814 Мухаммадрахими атолик ё худ Атоликбек хокими Уротеппа таъин шуд. Дар замони хукмронии у калъаи Чиззах, Ём ва Зомин аз нав тобеи Уротеппа гаштанд.

Хукмронии хокими мазкур дар Уротеппа ва дар чойхои номбурда то соли 1828, яъне 12 сол давом кард. Уро хони Хуканд Мухаммадалихон (1822-1842) аз тахти Уротеппа махрум гардонд. Мухаммадрахим ба Шахрисабз омада, хост мулки худро аз дасти хони Хуканд Шохи парвоначи баргардонад. Вале накшааш амали нагашт ва у катл шуд. Шохи парвоначи то дар Уротеппа хоким таъин шуданаш, Хучандро идора мекард. Хукмрони номбурда дар Уротеппа то соли 1832 хокимият кард. Уро Гадойбой парвоначи иваз намуда, то соли 1839 тахтнишин гашт.

Амири Бухоро Насрулло соли 1841 ин мулкро забт намуд ва Карамкули додхохро хокими Уротеппа таъин кард.

Баъд аз галабаи соли 1841 аз болои Хуканд амир Насрулло дар бозгашт ба суи Бухоро писари хурдии Нодира Султон Махмудро хокими Хучанд ва Бердиёрро хокими Уротеппа таъин намуд.

Дере нагузашта, хони Хуканд Мухаммадалихон аз ваъдахои худ даст кашид. Ин сабаби бори дигар, соли 1842 ба суи Хуканд юриш намудани амири Бухоро гардид. Лашкари Уротеппа бо сарварии хокими он Бердиёр хамрохи амир вориди Хуканд гашт. Баъд аз вокеахои мазкур номбурда вафот кард. Ба чои у амир Насрулло аввал Исобеки мангит ва баъди як сол Исобеки юзро, ки набераи Худоёрби буд, хокими Уротеппа таъин кард.

Хукмронии якуми у аз соли 1843 то соли 1849 давом кард. Дар охири соли 1849 Исобек аз хокимият ронда шуда, Абдулгаффорбек чои уро ишгол намуд. У хам дер напоид ва хокимияти ин мулк ба Алашукурбек расид. Исобек бо ёрии лашкари кипчокия ба мулки Уротеппа хамла оварда, галаба кард. Алашукурбек асир афтода, катл шуд. Хукмронии дуюми Исобек дар Уротеппа то соли 1852 давом кард. Дар ин сол Рустамбек ба тахти Уротеппа сохиб гашт. Исобек ба назди хони Хуканд Худоёрхон баргашт. Хон уро хокими Андичон таъин кард. Дере нагузашта у аз ончо ба пойтахти хони даъват шуда ба катл расид.

Хукмронии секаратаи хокими номии Уротеппа – Рустамбек то соли 1858 давом кард. Дар муддати дах соли давлатдориаш у дар пойтахти худ корвонсарой, Мадраса, хаммом, масчид ва дигар бинохои азим бино кард.

Рустамбек соли 1858 баъд аз забти мулки Уротеппа аз тарафи амир Насрулло ба катл расид. Аз соли катли у то забти мулки Уротеппа аз тарафи лашкари Русия дар соли 1866, дар ин мулки якчанд нафар дастпарварони Бухорову Хуканд хукм ронданд – Бозорбий, Баротбек, Абдулгаффорбек ва дигархо.

Хамаи хокимони ба сари кудрат омада харакат кардаанд, ки хазинаи худро аз хисоби халки кашшокшуда пур кунанд. Як кисми мардум мачбур шуда буд, ки ба кухистони дурдаст ва вилоятхои дигар фирор намояд. Бинобар катлу горат ва ба мулки дигар фирор намудан, микдори ахолии мулки мазкур зиёд намешуд. Дар нимаи аввали асри XIX дар шахри Уротеппа хамаги дах хазор одам зиндаги мекард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …