Главная / Чамъият / Хисоботи андоз

Хисоботи андоз

Моддаи 50-и Кодекси Андоз. Хисоботи андоз


1. Хисоботи андоз – хуччатхое мебошанд, ки ба онхо ариза, хисобхо ва эъломияхо оид ба низомхои андозбанди, хар як намуди андоз ё оид ба даромадхои пардохтшуда, инчунин замимахо ба хисобхо ва эъломияхои андозхо, ки тибки тартиби мукарраршуда тартиб дода шудаанд, дохил мешаванд.
2. Хисоботи андоз аз инхо иборат аст:
-эъломияхои андоз, хисобкунихо, маълумоте, ки бояд андозсупоранда доир ба хар як намуди андоз тартиб дихад;
-аризахо дар бораи бахисобгирии андоз ё гузаштан ба дигар низоми андозбанди;
-аризахо дар бораи бакайдгири ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
-аризахо дар бораи баргардонидани андозе, ки аз руи он ба пардохти маблаги барзиёд рох дода шудааст ё ин ки андози сахван пардохтшуда ё барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;
-аризахо дар бораи татбики шартномахо дар бораи пешгирии андозбандии дукарата ва дигар санадхои хукукии байналмилали вобаста ба масъалахои андозбанди, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст;
-хисоботи мухосибии солона, маводи санчишхои гузаронидашудаи аудитории андозсупоранда, ки бо стандартхои аудит пешбини шудааст;
-оинномаи шахси хукуки, низомномаи филиал ё намояндагии шахси хукуки, аз чумла карор дар бораи тагйирдихии онхо;
-маълумот оид ба вохидхои алохида;
-нусхаи карор оид ба бархамдихи ё азнавташкилдихи ва ё муфлисшавии шахси хукуки;
-маълумот оид ба кушодани суратхисобхо дар ташкилоти карзи;
-маълумот оид ба фаъолияти иктисодии хоричи (содирот ва воридот);
-маълумот оид ба гирифтани ичозатнома барои анчом додани баъзе намудхои фаъолият;
– маълумот оид ба гирифтани сертификат барои хукуки истифодабарии замин ва (ё) дигар хуччате, ки барои истифодабарии замин хукук медихад;
– дигар хуччатхое, ки бояд мувофики мукаррароти Кодекси мазкур тахия ва ба макомоти андоз пешниход карда шаванд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб махкум …