Хислати нек

Хислати нек

Расули акрам (с) фармуданд: Битарс аз Худованди бузург хар чо ки боши ва чанг ба такво куну пархезкориро шиъори худ соз. Зеро ки такво чомеъи кулли макомот аст. Аз паси хар бади некуи кун, то дур кунад он бадии туро, яъне аз паси гунох тавба кун, то он хангоме ки гунохи ту омурзида шавад ва хулки неку кун, бо мардумон, ки некуи аз хислатхои пайгамбарон аст.

Аз Расули акрам (с) савол карданд: – Аз хулки неку, ки чи гуна аст?

Чавоб доданд, ки хусни хулк (хислати нек) он аст, ки чизе дихи касеро, ки туро чизе надода аст ва бипайванди, бо он ки аз ту бибурад ва авф куни аз касе, ки бар ту зулм кунад.

Хикоят. Султон Абуязиди Бастоми хамеша дар гуристон мегашт. Як шаб Боязид ба рохе мерафт, давоне аз маъруфони вилоят аз тарафи дигар меомад ва танбуре бар даст дошту мезад.

Боязид гуфт: “Ло хавла ва ло куввата илло биллох”.

Чавон танбур бар сари Боязид заду танбур бишкаст. Боязид ба хона омада яке аз муридонашро ба наздаш хонда гуфт:  Танбурро ба чанд маблаг мехаранд?

Кимати танбурро муайян кард ва маблагхоро ба дасти шогирдаш дод ва чанд микдор халво бо он хамрох карда ба он чавон фиристод ва гуфт: – Чавонро бигу, ки Боязид мегуяд: дируз танбур бар сари мо заду танбур бишкаст. Бигзор, ин маблагхоро гирифта танбур бихарад ва ин халворо бихурад, то гами шикастани он аз дилаш биравад.

Чавон чун ин сухан бишунид, бисёр мутаъассир шуд ва ба назди Боязид омада, узрхохи намуду тавба кард. Аз вокеа огох гардида, чанд чавони дигар низ хамрохи у тавба карда аз чумлаи солихон гардиданд.

Ин хама аз баракоги хулки неку буд.

Чанд ахлоке аз ахлоки Расули акрам (с):

Расули акрам (с) хайвонотро алаф медоданд, хона меруфтанд, гусфанд мечушиданд. Агар зердастони вай монда мешуданд, ба онхо ёри мерасониданд, бо дарвеш ва тавонгар, хурду калон ибтидо ба салом мекарданд. Байни гулом ва озод. сиёху сафед фарк намегузоштанд, бо хама як буданд.

Хама одамони калонсолу хурдсол, бойю камбагал чун уро I даъват мекарданд, бетафовут ба хонаи онхо мерафтанд. Некухислату каримтабъ, кушодачехраву нармсухан буданд. Хулоса тамоми хислатхои неки дар вай мавчуд буд.

Касе, ки некбахти хохад, пайравии уро кунад. Дар кори дунё касе, ки бо вай мухточ мешуд, албатта, кори уро ичро мекард. Хеч гох касеро не нагуфта аст. Дар хар хам савор мешуданд ва хеч гох кибру хавобаланди намекарданд.

Хикоят. Овардаанд, ки пиразане буд дар хамсояии Расули акрам (с) ва у духтаре дошт. Уро ба назди Расули акрам (с) фиристода гуфт: – Ба у бигу: модарам мегуяд, ки чома надорам, бароям чомае фиристонад, ки бо вай намоз хонам.

Расули акрам (с) чун гайр аз чомаи баданаш чомаи дигар надошт, пас хамон чомаи худашро бароварда ба пиразан фиристод. Чун вакти намоз шуд, ба масчид рафта натавонист ва аз чамоат боз монд, ёрони Пайгамбар гуфганд: – Расули акрам (с) чандон саховат мекунад, ки худаш барахна мемонад ва ба намози чамоат омада наметавонад.

Он гох Худои таъоло гуфт: Эй Мухаммад алайхи-с-салом, бахил мабош, ки чизе ба касе надихи ва саховатро низ ба андозае макун, ки маломаткарда ва хасратзада нашави, ба казо шудани намози бачамоат, яъне дар саховат миёнарав бош.

Чун ёрон намоз бигузориданд, амиралмуьминин Али каррамаллоху вачхаху назди Расули акрам (с) омада гуфт – Ё Расулаллох, хашт дирам карз гирифтаам, ки дар нафака сарф кунам, чахор дирамашро Шумо гиред ва чома барои худ, бихаред.

Расули акрам (с) ба бозор рафта ба ду дирам чома харид ва , ду дирами дигар дар даст дошт, ки дар нафака сарф кунад. Дар рох нобиноеро дид, ки нишаста буду мегуфт: – Кист аз барои ризои Хак таъоло ва бо умеди либосхои бихишти маро чомае дихад?

Расули акрам (с) он чомаро ба вай дод, чун аз чома буи атр ба димоги нобино расид, донист, ки чомаи Расули акрам (с) аст, зеро аз чомаи як соат пушидаи Расули акрам (с) то як порае аз он боки мондан буи атр меомад.

Нобино дуъо карда гуфт: – Илохи ба хурмати ин чома чашми маро бино гардон.

Дар хол ба кудрати Илохи ду чашми вай бино шуд.

Расули акрам (с) бо худ гуфт: – Ба як дирам чома харам, ва як дирамро бидоду чома харида пушид. Боз як дирами дигар  дар даст дошт, мехост дар нафака сарф кунад. Ногох дар рох1 канизакеро дид, ки мегирист. Пурсид, ки эй канизак, барои чи мегирйи?

Гуфт: – Хучаини чухуд дорам, як дирам ба ман дода буд, ки ба ним дирам шиша харам ва ба ним дирами дигар равган, шиша, аз дасти ман афтода равгану шиша харду бекор шуданд.

Расули акрам (с) он дирам ба вай дод, то равган ва шиша харид.

Канизак гуфт: – Чанд соат шуд, ки ман аз хона баромадаам, дер кардаам, метарсам, ки хочаи чухуд маро мезанад.

Расули акрам (с) гуфт: – Ман хамрохи ту меравам, то ба ту зараре нарасонад.

Пас у ба дари хонаи чухуд рафта дарро бизад. Чухуд берун омада, Хазрати Мустафо (с)-ро дида, хайрон шуд.

Расули акрам (с) киссаро бо вай накл карду гуфт, ки ман барои он ба назди ту омадам, ки канизакро чизе нагуи.

Чухуд дар кадами мубораки вай афтода гуфт: – Ё Расулаллох, ин канизакро озод кардам. Ислом арза кун, то мусулмон шавам.

Расули акрам (с) ислом арза карданд, чухуд мусулмон шуд. Пас ба хона даромада ахлу байти худро аз он хол хабар дод, хама ба якчояги мусулмон шуданд ва ин маъни аз баракати хулки некуи Хазрати Мухаммади Мустафо (с) буд.

Пас, эй бародар ва хохари азиз, дар хислата неку пайрави ба Хазрати Мухаммади Мустафо (с) куни.

Илохо, мо мискинонро пайрави кардан ба ахлоки Расули акрам (с) насибу рузи гардон, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …