Главная / Гуногун / Хиндустон (Хинд)

Хиндустон (Хинд)

Вакте дар Дехли мо аз бинои фурудгох берун омадем, ман аз гарми ва рутубати хаво якбора нафасгир шудам ва бо шитоб ба дохили бино баргаштам, ки боиси хандаи корманди сафорат, ки моро пешвоз мегирифт, шуд. У ба ман дилдори карда гуфт, ки ба мошин нишинам, дохили мошин хаво хуб аст. Вокеан, дохили мошин ва бинохо хаво хуб буд, вале хавои куча чанд рузи аввал маро хеле азият мекард. Ором-ором ман ба хамаи тафовутхои байни Дехли ва Душанбе одат кардам.

Хиндустон

Ман ва Сухроб бо пешниходи кормандони сафорат, дар гу- зари Хавзи хоси Дехлии нав табакаи дувуми як виларо ичора

кардем ва ба донишгох рафта, бо барномахои омузиши шинос шудем. Дар Хинд ба мо пули зиёд медоданд. Якуним хазор рупия

фархангии Хинд медод. Ичорапулиро хам сафорат мепардохт. Гайр аз ин, сафорати Шурави вакти баргаштан як микдор дол- лар хам медод, ки мо метавонистем аз магозаи Duty free-и фурудгох савготи бихарем. Он замон ин хама пули зиёд буд.

Дар донишгох барои мо иштироки озод гузошта буданд. Хар кадоми мо аз хисоби устодони донишгох як сарпараст дош- тем, ки бояд бо у хамкори мекардем. Дар асл дониш омухтан аз шавку хохиши мо вобаста буд, агар мо мавзуе интихоб мекар- дем, устод дар омузиш ба мо кумак мекард. Устоде, ки сарпа- расти ман буд, Шафик Хан ном пирамарди начибе буд. Бо тав- сияи у бо нависандаи хинду Чогиндар Пал ошнои пайдо карда, эчодиёти уро омухтам. У асосан дар бораи чудошавии Хинду Покистон ва фочиахои ба бор овардаи он – чанги шахрванди менавишт. Ман аз тасвирхои у хеле мутаассир шавам хам, пай намебурдам, ки як чунин фочеае миллати манро дар пеш аст.

Кори дигаре, ки дар рузхои аввали расидан ба Дехли анчом додам, сабти ном кардан ба мактаби омузиши забони инглиси буд. Ин мактаби семоха, вале хеле муассир буд. Шеваи тадрис тарзе буд, ки ба мо як соат дарси шифохи, як соат хатти медо- данд. Вале ин ду соатро ончунон шавковар баргузор мекарданд, ки мо – донишчуён дар кучо будани худро фаромуш карда, тавону нотавон ба инглиси бо хам харф мезадем. Муаллима хар руз мавзуъхои навро матрах мекард, ки чумлахои асосии ба ин мавзуъ рабтдошта дар баргахои ба мо таксимшуда на- вишта шуда буд. Аввал худаш дар назди мо бо як донишчу дар он мавзуъ саволу чавоб мекард, то ки мо шунавем, баъд моро дунафари таксим карда, ба муколама вомедошт. Худаш дар байни мо гашта, хатохоро ислох мекард.

Мо охири хар мох имтихон супурда, ба зинаи болои мегу- заштем ва дар охири мохи севум вокеан забони инглисии мо хеле хуб шуд. Ман дигар озодона ба инглиси харф мезадам, китоб мехондам, шеър гуш мекардам.

Масъули пазироии мо аз давлати Хинд консулгарии раво- бити фархангияшон буд. Ин консулгари дар тули такрибан дах мох чандин сафари гардишгари ташкил кард ва мо донишчуёни хоричиро ба шахрхои Агра, Гоа, Бомбай тамошо бурд. Гайр аз ин, ман дустони хинду пайдо кардам, ки бо онхо ба Шимла, Чандигарх ва шахрхои дигар сафар карда, тамошо кардам ва бо ёдгорихои таърихи ва хаёти афсонамонанди мардуми ин кишвар шинос шудам.

Умуман, Хинд кишвари афсонавиву дустдоштаниест, ки дар васеъ шудани чахонбини ва рушди шахсии ман накши бебахое бозидааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …