Главная / Чамъият / Химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чнояти

Химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чнояти

КОНУНИ ЧУМХУРИИ тоЧикистон

Дар бораи химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ЧиноятИ  

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2010, №12, мод. 806;аз 03.07.2012с., №865)

Конуни мазкур асосхои хукукии химояи давлатии иштирокчиёни мурофиан судии чинояти, чорахои амнияти, дастгирии ичтимоии шахсони номбурда ва тартиби татбики онхоро танзим менамояд.

Scales of justice and gavel on desk with dark background
Scales of justice and gavel on desk with dark background

БОБИ1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чинояти

Химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чинояти (минбаъд – химояи давлати) тибки Конуни мазкур татбик намудани чорахои амниятие, ки ба хифзи хаёт, саломати ва (ё) молу мулки онхо (минбаъд – чорахои амнияти) равона гардидаанд, инчунин чорахои дастгирии ичтимоии шахсони номбурда (минбаъд – чорахои дастгирии ичтимои) бо сабаби иштироки онхо дар мурофиаи судии чинояти мебошанд, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати амали гардонида мешаванд.

Моддаи 2. Шахсоне, ки нисбат ба онхо чорахои химояи давлати татбик мсгарданд

  1. Чорахои химояи давлати нисбати иштирокчиёни зерини мурофиаи судии чинояти татбик мегарданд:

– прокурор – айбдоркунандаи давлати;

– чабрдида;

– шохид;

– айбдоркунандаи хусуси;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, махкумшуда, сафедшуда, химояттарон ва намояндагони конунии онхо, инчунин шахсе, ки нисбати у парвандаи чинояти ё таъкиби чинояти катъ карда шудааст;

– коршинос, мутахассис, тарчумон, шахси холис, инчунин омузгор ва равоншинос, ки дар мурофиаи судии чинояти иштирок менамоянд;

– даъвогари граждани, чавобгари граждапи,

– намояндагони конуни, намояндагони чабрдида, даъвогари граждани, чавобгари граждани ва айбдоркунандаи хусуси.

  1. Чорахои химояи давлати инчунин  метавонанд то огоз намудани парвандаи чинояти нисбат ба арзкунанда, шохид ё чабрдида аз чиноят ё шахсони дигар, ки барои пешгири ва кушодани чиноят мусоидат мекунанд, татбик гарданд.
  2. Химояи давлати, инчунин нисбати хешовандони наздик, ки тибки мукаррароти Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон муайян карда шудаанд ва кирдори зиддихукуки нисбати онхо бо максади таъсир расонидан ба шахсони дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда нишондодашуда содир мешавад, татбик мегардад.
  3. Шахсони дар кисмхои 1-3 хамин модда нишондодашуда, ки нисбат ба онхо тибки тартиби мукаррарнамуда карор оид ба татбик намудани химояи давлати кабул карда шудааст, минбаъд «шахсони химояшаванда» номида мешаванд.

 

Моддаи 3. Макомоти таъминкунандаи химояи давлати

  1. Макомоти зерин химояи давлатиро таъмин менамоянд:

– макомоте, ки оид ба татбики химояи давлати карор кабул менамоянд;

– макомоте, ки чорахои амниятиро татбик менамоянд;

– макомоте, ки чорахои дастгирии ичтимоиро татбик менамоянд.

  1. Карор оид ба татбики химояи давлатиаз тарафи суд (судя), прокурор, сардори вохиди тахкик, рохбари макомоти амалкунандаи фаъолияти оперативи-чустучуи ё муфаттиш, ки дар истехсолоти онхо ариза ба чиноят ё парвандаи чинояти карор доранд, кабул карда мешавад, агар тартиби дигар дар конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон пешбини нашуда бошад.(КЧТ аз 03.07.2012с., №865)
  2. Татбики чорахои амнияти ба ухдаи макомоти корхои дохилии Чумхурии Точикистон, макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон, макомоти гумруки Чумхурии Точикистон, макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон, макомоти назорати маводи нашъаовари  Чумхурии Точикистон оид ба парвандаи чиноятии дар истехсолоти онхо буда ва ё ба онхо вобаста кардашуда вогузор карда мешавад. Татбики чорахои алохидаи амнияти мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад ба ухдаи дигар макомоти давлати вогузор карда шавад.
  3. Чорахои амнияти нисбат ба шахсони химояшаванда оид ба парвандахои чиноятие, ки дар истехсолоти суд ё прокуратура карор доранд, бо карори суд (судя) ё прокурор аз чониби макомоти корхои дохили, макомоти амнияти милли, макомоти гумрук, макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия ва макомоти назорати маводи нашъаовари махалли чойгиршавии шахси химояшаванда амали мегарданд.
  4. Чорахои амниятинисбати шахсони химояшавандае, ки хизматчиёни харби мебошанд, аз чониби фармондехони кисмхои харбии дахлдор ва ё сарфармондехони болоии кисмхои харбиамали карда мешаванд.(
  5. Чорахои амнияти нисбати шахсони химояшаванда, ки дар тавкифгохи (изолятора) тафтишоти нигох дошта мешаванд, аз чониби хамин муассиса ва нисбати шахсоне, ки дар махалли адои чазо карор доранд, аз чониби муассисахо ва макомоти систсмаи ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон амали мегарданд.
  6. Чорахои дастгирии ичтимои аз чониби макомоти ваколатдори муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Принсипхои амали намудани химояи давлати

  1. Химояи давлати мутобики принсипхои конуният, эхтироми хукуку озодихои инсон ва шахрванд, масъулияти мутакобилаи макомоте, ки химояи давлатиро таъмин менамоянд, амали мегардад.
  2. Химояи давлати тахти назорати прокурори ва идорави амали мегардад. Зимни амали намудани химояи давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон усулхои ошкоро ва махфи истифода бурда мешаванд.
  3. Татбики чорахои амнияти набояд хукукхои манзили, мехнати, нафакави ва дигар хукукхои шахсони химояшавандаро махдуд созад.

 

Моддаи 5. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чинояти

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии чинояти ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. НАМУДХОИ ХИМОЯИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 6. Чорахои амнияти

  1. Нисбат ба шахси химояшаванда метавонанд дар як вакт якчанд ё яке аз чорахои амниятии зерин татбик карда шаванд:

– мухофизони шахси, мухофизати манзил ва молу мулк;

– додани воситахои махсуси мудофиаи шахси, алока ва огохони аз хавфу хатар;

– таъмини махфияти маълумот дар бораи шахси химояшаванда;

– кучонидан ба махалли дигари истикомати муваккати;

– иваз намудани хуччатхо;

– тагйир додани симои зохири;

– дигар кардани чои кор (хизмат) ё тахсил;

– чойгиркунонии муваккати дар махалли бехатар;

– татбик намудани чорахои амниятии иловаги нисбат ба шахси химояшаванда, ки дар хабс нигох дошта мешавад ё дар махалли адои чазо карор дорад, аз чумла гузаронидани у аз як махалли дар хабс нигохдори ё адои чазо ба дигар махал.

  1. Дар холати мавчуд будани асосхои дар моддаи 16 Конуни мазкур кайдгардида нисбат ба шахси химояшаванда метавонанд чорахои дигари амниятии пешбининамудаи, конунгузории Чумхурии Точикистон татбик гарданд.
  2. Чорахои амниятии дар сархатхои чорум, панчум, шашум ва хафтуми кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда танхо нисбат ба парвандахо оид ба чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин татбик мегарданд.

 

Моддаи 7. Мухофизони шахси, мухофизати манзил ва молу мулки шахси химояшаванда

  1. Мухофизони шахси, мухофизати манзнл ва молу мулки шахси химояшаванда аз чониби макомоте, ки чорахои амниятиро татбик менамоянд, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъмин карда мешаванд.
  2. Манзили ишголнамудаи шахси химояшаванда ва молу мулки у метавонанд бо воситахои техникии назоратбаранда, инчунин бо бонги зиддисухтор  ва  воситахои дигари зарурии техники тачхизонида шаванд.

 

Моддаи 8. Ба шахси химояшаванда додани воситахои махсуси шахсии мудофиа, алока ва огохони аз хавфу хатар

 

  1. Макомоте, ки чорахои амниятиро татбик мегардонанд, метавонанд ба шахси химояшаванда воситахои махсуси  шахсии мудофиа, алока ва огохони аз хавфу хатарро диханд.
  2. Намудхои воситахои махсуси шахсии мудофиа, алока ва огохони аз хавфу хатар, ки ба шахси химояшаванда дода мешаванд, инчунин тартиби додани онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъмини махфияти маълумот дар бораи шахси химояшаваида

  1. Бо карори макоме, ки чорахои амниятиро татбик мегардонад, мумкин аст додани маълумот оид ба шахси химояшаванда аз сарчашмахои иттилооту маълумотдихии давлати ва дигар сарчашмахо манъ карда шавад, инчунин мумкин аст ракамхои телефон  ва нишонахои бакайдгирии давлатии воситахои наклиёти аз чониби у истифодашаванда ё ба у тааллукдошта тагйир дода шаванд.
  2. Дар холатхои истиснои, вобаста ба истехсолоти парвандаи дигари чинояти ё граждани, маълумот оид ба шахси химояшаванда метавонад ба макомоти тафтиши пешаки, прокурор ё суд дар асоси дархости хаттии прокурор ё суд (судя) бо ичозати макоме, ки дар бораи татбик намудани химояи давлати карор кабул кардааст, пешниход гардад.

 

Моддаи 10. Кучонидани шахси химояшаванда ба махалли дигари истикоматии муваккати, иваз намудани хуччатхо ва тагйир додани симои зохирии у

  1. Дар мавриди кучонидани шахси хммояшаванда ба махалли дигари истикоматии муваккати молу мулки манкул ва гайриманкули шахсии у тахти мухофизат карор мегирад ва кафолатхои ичтимоию иктисодии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точпкистон бо сабабхои зикргардида таъмин карда мешаванд.
  2. Дар холатхои истиснои мумкин аст хуччатхои тасдиккунандаи шахси химояшаванда бо тагйир додани ном, номи падар ва фамилияи у ва дигар маълумот дар борааш, инчунин симои зохирии шахси химояшаванда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон иваз карда шаванд.
  3. Кучонидани шахси химояшаванда ба  махалли дигари истикоматии муваккати, иваз намудани хуччатхо ва тагйир додани симои зохирии у танхо бо розигии хаттияш дар холатхое амали мегарданд, ки агар таъмини бехатарии вай бо рохи татбики дигар чорахои амнияти имконнопазир бошад.

 

Моддаи 11. Дигар кардан чойи кор (хизмат) ё тахсили шахси химояшаванда

Бо максади таъмини амнияти шахси химояшаванда ба у мумкин аст барои дигар кардани чойи кор (хизмят) ё тахсили муваккати ё дойми, бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон мусоидаткарда шавад.

 

Моддаи 12. Чойгиркунонии муваккатии шахси химояшаванда дар махалли бехатар

Шахси химояшаванда мумкин аст муваккатан дар махалле чойгир карда шавад, ки ба таъмини бехатарии у мувофик бошад.

 

Моддаи 13. Таъмини амнияти хизматчии харби

  1. Амнияти хизматчии харби, ки шахси химояшаванда ба шумор меравад, бо рохи татбик намудани чорахои амниятии дар моддаи 6 Конуни мазкур пешбинишуда, бо  назардошти хусусиятхои адои хизмати харби таъмин мегардад.
  2. Бо максади таъмини амнияти хизматчии харби инчунин чорахои зерин татбик карда мешаванд:

– равон кардани шахси химояшаванда ба кисми харбии дигар ё муассисаи харбии дигар;

– гузаронидани шахси химояшаванда ба чои нави хизмати харбии доими;

– гузаронидан ба кисми харбии дигар ё ба чои нави хизмати харби, ки ба катъ намудани таъмини амнияти минбаъдаи ин шахс монеъ шуда наметавонад;

– чорахои дигари химояви, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд.

  1. Ба чои дигари хизмати харби равон кардан ё гузаронидани хизматчии харбие, ки шахси химояшаванда мебошад, бо розигии дар шакли хатти изхорнамудаи у амали мегардад. Зимни гузариш хизматчии харби ба вазифаи харбии баробар таъин карда мешавад. Дар ин сурат бояд истифодаи у аз руи ихтисоси дар кайди харбии асоси буда ё ихтисоси ба он монанд таъмин карда шавад.

 

Моддаи 14. Таъмини амнияти шахси химояшаванда, ки дар хабс ё дар махалли адои чазо карор дорад

  1. Амнияти шахси химояшаванда, ки дар хабс нигох дошта шудааст ё дар махалли адои чазо дар намуди махдуд кардани озоди, махрум сохтан аз озоди, нигох доштан дар кисми харбии интнзоми карор дорад, бо рохи нисбат ба у татбик намудани чорахои амниятии бо сархатхои сеюм, панчум, шашум, хаштум ва нухуми кисми 1 моддаи 6 Конуни мазкур ё чорахои дигари бо конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон пешбинишуда таъмин мегардад.
  2. Бо максади таъмини амнияти шахсе, ки дар кисми 1 моддаи мазкур пешбини гардидааст, инчунин метавонанд чорахои зерин татбик гарданд:

– аз хамдигар чудо нигох доштани шахси химояшаванда ва шахсе, ки аз у тахдиди зуровари бармеояд;

– иваз намудани чораи пешгири ё чораи чазо нисбат ба шахси химояшаванда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 15. Чорахои дастгирии ичтимои

  1. Хангоми халокат ё вафоти шахси химояшаванда бо сабаби иштироки у дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди ба аъзои оилаи халокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти у карор доштанд, бо таъиноти макоме, ки оид ба татбики химояи давлати карор кабул менамояд, аз хисоби маблаги бучети давлати аз руи тартиб ва андозаи муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ёрдампулии яквакта дода шуда, бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бинобар бе саробон мондан нафака таъин карда мешавад.
  2. Хангоми ба шахси химояшаванда расонидани зарари чисмони ё зарари дигар ба саломатии у бо сабаби иштирок намудан дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди, ки боиси маъюби мегардад, ба у бо таъинотн макоме, ки оид ба татбики химояи давлати карор кабул менамояд, аз хисоби маблаги бучети давлати аз руи тартиб ва андозаи муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ёрдампулии яквакта дода шуда, бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бинобар маъюби нафака таъин карда мешавад.
  3. Хангоми ба шахси химояшаванда расонидани зарари чисмони ё зарари дигар ба саломатии у бо сабаби иштирок намудан дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди, ки боиси маъюби нагаштааст, ба у бо таъиноти макоме, ки оид ба татбики химояи давлати карор кабул менамояд, аз хисоби маблаги бучети давлати аз руи тартиб ва андозаи муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон ёрдампулии яквакта дода мешавад.
  4. Ба шахсони химояшаванда, ки дар як вакт ба ёрдампулии гуногуни тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пардохтшаванда хукук доранд, дар холати расонидани зарари чисмони ё зарари дигар ба саломати бо интихоби онхо як ёрдампулии яквакта таъин карда мешавад.
  5. Тартиби пардохти ёрдампулии яквактаи дар кисмхои 1 – 4 моддаи мазкур кайдгардида аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  6. Зараре, ки ба молу мулки шахси химояшаванда бо сабаби иштироки у дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди расонида шудааст, аз хисоби маблаги бучети давлати ва дигар манбаъхои молиявии бо конунгузории Чумхурии   Точикистон пешбинигардида чуброн карда шуда, ин маблаг минбаъд аз хисоби шахсе, ки барои расонидани зарар ба молу мулки шахси химояшаванда гунахкор аст, бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ситонида мешавад.

 

БОБИ 3. АСОСХО ВА ТАРТИБИ ТАТБИКИ ХИМОЯИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 16. Асосхои татбики чорахои амнияти

  1. Асосхои татбики чорахои амнияти ин маълумот оид ба мавчуд будани тахдиди вокеии куштори шахси химояшаванда, истифодаи зуровари нисбат ба у ва хешовандони наздикаш, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулкаш бо сабаби иштироки у дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди мебошанд, ки аз чониби макоми оид ба татбик намудани химояи давлати карор кабулкунанда, мукаррар карда шудаанд.
  2. Чорахои амнияти дар асоси аризаи хаттии   шахси химояшаванда ва ё шахсоне, ки бо максади хифзи манфиати шахсони дигар бо ариза мурочиат намудаанд, нисбати ноболигон бошад – дар асоси аризаи хаттии падару модари онхо ё шахсони онхоро ивазкунанда, инчунин намояндагони ваколатдори макомоти васояту парастори (дар сурати набудани падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда) татбик мегарданд.
  3. Агар татбики чорахои амнияти ба манфиати аъзои болиги оилаи шахси химояшаванда ва дигар шахсоне, ки бо у якчоя зиндаги мекунанд, дахл кунад, гирифтани розигии онхо дар шакли хатти зарур аст.

 

Моддаи 17. Асосхои татбики чорахои дастгирии ичтимои

Асосхои татбики чорахои дастгирии ичтимои ин халокат ё вафоти шахси химояшаванда, расонидани зарари чисмони ё зарари дигар ба саломатии у бо сабаби иштирок намудан дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди ба шумор мераванд.

 

Моддаи 18. Тартиби татбики чорахои амнияти

1.Тартиби татбики чорахои амнияти бо Конуни мазкур, дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

  1. Суд (судя), прокурор, сардори вохиди тахкик рохбари макомоти амалкунандаи фаъолияти оперативи-чустучуи с муфаттиш зимни гирифтани ариза (маълумот) оид ба тахдиди куштори шахсони дар кисмхои 1-3 моддаи 2 Конуни мазкур чайдгардида, истифодаи зуровари нисбат ба онхо, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулкашон ё кирдори дигари зиддихукукии хавфнок ухдадоранд ин аризаро (маълумотро) тафтиш намоянд ва дар мухлати се шабонаруз (дар холатхои таъхирнопазир-фавран)  оид  ба  татбики  чорахои амнияти нисбат ба онхо ё рад намудани татбики онхо карор кабул намоянд. Чихати халли масъалаи зикршуда карори (таъиноти) асоснок бароварда мешавад, ки он дар рузи кабул гардиданаш ба макоми татбиккунандаи чорахои амнияти барои ичро, инчунин ба шахсе, ки нисбати у карори (таъиноти) мазкур бароварда шудааст, барои маълумот фиристода мешавад.
  2. Нисбат ба карор (таъинот) оид ба татбики чорахои амнияти ё рад намудани татбики онхо шахси химояшаванда ва дигар шахсоне, ки бо максади хифзи манфиатхои у мурочиат намудаанд, метавонанд ба макоми болои, прокурор ё суд шикоят кунанд. Шикоят аз лахзаи пешниход шуданаш дар давоми 24 соат бояд барраси гардад.
  3. Макоми татбиккунандаи чорахои амнияти тадбирхои зарурии амниятии дар Конуни мазкур пешбинишударо интихоб карда, тарзи татбики онхоро муайян менамояд.
  4. Оид ба чорахои амниятии интихобшуда, тагйиру иловахо ба онхо ва натичаи татбики чорахои мазкур, макоме, ки онхоро амали мегардонад, ба суд (судя), прокурор, сардори вохиди тахкик рохбари макомоти амалкунандаи фаъолияти оперативи-чустучуи ё муфаттиши дар истехсолоти худ ариза (маълумот) дар хусуси чиноят ё парвандаи чинояти дошта маълумот медихад. Дар холати рафъи тахдид ба амнияти шахси химояшаванда оид ба бекор кардани чорахои амнияти дархост пешниход менамояд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №865)
  5. Макоме, ки чорахои амниятиро амали месозад, бо шахси химояшаванда оид ба холатхои татбики чорахои амнияти, ухдадорихо ва масъулияти тарафайн мутобики конуни мазкур ва конунгузории граждании Чумхурии Точикистон дар шакли хатти шартнома мебандад.

 

Моддаи 19.Тартиби татбики чорахои дастгирии ичтимои

  1. Тартиби татбики чорахои дастгирии ичтимои бо Конуни мазкур, конунхои дигар ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Макоме, ки оид ба татбики химояи давлати карор кабул менамояд, пас аз гирифтани ариза (маълумот) дар хусуси халокат ё вафоти шахси химояшаванда ва муайян намудани он, ки халокат (вафот) бо сабаби иштироки у дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофьаи суди ба миён омадааст, ухдадор аст дар мухлати се шабонаруз дар бораи татбики чорахои дастгирии ичтимои нисбати аъзои оилаи шахси халокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти у карор доранд, ё ин ки дар бораи рад кардани татбики он карор кабул намояд.
  3. Макоме, ки оид ба татбики химояи -давлати карор кабул менамояд, пас аз гирифтани ариза (маълумот) дар хусуси ба шахси химояшаванда расонидани  зарари  чисмони  ё зарари дигар  ба саломатии у бо сабаби иштирок намудан дар рафти тахкик, тафтиши пешаки ва мурофиаи суди ухдадор аст ин аризаро (маълумотро) тафтиш намояд ва дар мухлати се шабонаруз дар бораи татбики чорахои дастгирии ичтимои ё ин ки дар бораи рад кардани татбики онхо карор кабул намояд.
  4. Дар бораи халли масъалаи зикршуда карори (таъиноти) асоснок кабул карда мешавад, ки он ба макоми татбиккунандаи чорахои дастгирии ичтимои барои ичро ва ба шахсе, ки нисбати у карор (таъиноти) кабул карда шудааст ё ба намояндаи конунии у барои маълумот равон карда мешавад.
  5. Нисбати карор (таъинот) оид ба татбики чорахои дастгирии ичтимои ё рад намудани татбики онхо шахси химояшаванда ё намояндаи конунии у метавонад ба макоми болои, прокурор ё суд шикоят намояд. Шикоят аз рузи пешниход шудан дар мухлати дах шабонаруз бояд барраси гардад.
  6. Макоми татбиккунандаи чорахои дастгирии ичтимои пас аз гирифтани карор (таъинот) оид ба татбики  чорахои дастгирии ичтимои ухдадор аст онро дар мухлати дах шабонаруз ичро намояд.

 

Моддаи 20. Бекор кардани чорахои амнияти

  1. Чорахои амнияти дар холате бекор карда мешаванд, ки агар асосхои дар моддаи 16 Конуни мазкур нишондодашуда барои татбики онхо бартараф гардида бошанд, инчунин агар татбики минбаъдаи онхо дар натичаи аз чониби шахси химояшаванда вайрон кардани талаботи шартномаи басташудаи макомоти татбиккунандаи чорахои амнияти ва шахси химояшаванда тибки кисми 6 моддаи 18 Конуни мазкур гайриимкон бошад.

2.Чорахои амнияти  метавонанд бо аризаи хаттии шахси химояшаванда, ки ба макомоти кабулнамудаи карор оид ба татбики химояи давлати фиристода шудааст, бекор карда шаванд.

  1. Бекор кардани чорахон амнияти танхо бо карори (таъиноти) макоме, ки карор дар бораи татбик намудани химояи давлатиро кабул намудааст ё бо карори (таъиноти) макоме, ки парвандаи чинояти дар истехсолоти он карор дорад, рохдода мешавад.
  2. Нисбат ба карор (таъинот) оид ба бекор кардани чорахои амнияти мумкин аст ба макоми болои, прокурор ё суд шикоят пешнход гардад. Шикоят аз лахзаи пешниход шуданаш дар давоми 24 соат бояд барраси гардад.
  3. Дар карор (таъинот) оид ба бекор кардани чорахои амнияти бояд масъалахои баркарор намудани хукукхои молумулки ва хукукхои шахсии гайримолумулкии шахси химояшаванда ба танзим дароварда шаванд.
  4. Карор (таъинот) оид ба татбики чорахои амнияти то кабули карор оид ба бекор кардани он аз чониби макомоти дар кисми 2 моддаи 3 Конуни мазкур пешбинишуда эътибор дорад.
  5. Суд (судя) дар холати тахияи хукм оид ба парвандаи чинояти дар бораи бекор кардани чорахои амнияти ё татбики минбаъдаи чорахои мазкур таъинот (карор) мебарорад.

 

Моддаи 21. Махфияти амали намудани химояи давлати

  1. Химояи давлати бо риоя намудани махфияти маълумот оид ба шахси химояшаванда амали мегардад.
  2. Тартиби химояи маълумот оид ба амали намудани химояи давлати аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 22. Хатми будани ичрои карор оид ба амали намудани химояи давлати

Ичрои карорхои макомоти таъминкунандаи химояи давлати, ки мутобики ваколатхояшон кабул шудаанд, аз чониби шахсони мансабдори корхона, муассиса ва ташкилотхое, ки ба онхо ирсол гардидаанд, хатми мебошанд.

 

БОБИ 4.ХУКУК ВА уХДАДОРИХОИ ШАХСОНИ ХИМОЯШАВАНДА ВА МАКОМОТИ ТАЪМИНКУНАНДА ХИМОЯИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 23. Хукук ва ухдадорихои шахсони химояшаванда

  1. Шахсони химояшаванда хукук доранд:

– хукук ва ухдадорихои худро донанд;

– таъмини амнияти шахси ва молумулкии худ ва шахсони дар кисми 3 моддаи 2 Конуни мазкур нишондодашударо талаб намоянд;

– татбики чорахои дастгирии ичтимоиро дар холатхои пешбининамудаи конуни мазкур талаб намоянд;

– оид ба татбик намудани чорахои амнияти нисбати худ, инчунин нисбат ба хешовандони наздикашон ва хусусияти ин чорахоро донанд;

– оид ба татбики чорахои амниятии иловаги ё оид ба бекор кардани онхо тибки мукаррароти конуни мазкур бо ариза мурочиат намоянд;

– нисбат ба карор ва амали макомоти таъминкунандаи химояи давлати ба макомоти болои, прокурор ё суд бо тартиби пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят пешниход намоянд.

  1. Шахсони химояшаванда ухдадоранд:

– шартхои нисбати онхо татбик намудани чорахои амнияти ва талаботи конунии макомоти таъминкунандаи химояи давлатиро ичро намоянд;

– ба макомоти таъминкунандаи химояи давлати оид ба хар як ходисаи тахдид ё амалхои зиддиконуни нисбати онхо фавран маълумот пешниход намоянд;

– зимни кор фармудани молу мулки дар сархати дуюми кисми 1 моддаи 6 Конуни мазкур нишондодашуда, ки аз чониби макомоти амаликунандаи чорахои амнияти бо максади таъмини амнияти онхо барои истифода дода шудааст, талаботи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намоянд;

– маълумотро оид ба татбик намудани чорахои химояи давлати нисбати онхо бе ичозати макомоти таъминкунандаи химояи давлати фош накунанд.

 

Моддаи 24. Хукук ва ухдадорихои макомоти таъминкунандаи химояи давлати

  1. Макомоте, ки оид ба татбик намудани химояи давлати дар доираи салохияти худ карор кабул мекунанд, хукук доранд:

– аз хамаи макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони хукуки ва вокеи аз руи ариза ва маълумот дар бораи тахдид ба амнияти шахсоне, ки нисбаташон карор оид ба татбики химояи давлати кабул карда мешавад, маълумоти заруриро дархост намуда гиранд;

– амалхои мурофиави ё додани супоришхои заруриро ба макомоти амаликунандаи чорахои амнияти ва макомоти амаликунандаи чорахои дастгирии ичтимои барои татбики химояи давлатии шахсони дар моддаи 2 Конуни мазкур нишондодашуда анчом диханд;

– дар холати зарури аз макомоти амаликунандаи чорахои амнияти ва макомоти амаликунандаи чорахои дастгирии ичтимои таъини чорахои иловагии химояи давлатиро талаб намоянд;

– дар мувофика бо макомоти амаликунандаи чорахои нишондодашуда чорахои амнияти ва чорахои дастгирии ичтнмоиро пурра ё кисман бекор кунанд.

  1. Макомоти амаликунандаи чорахои амнияти хукук доранд:

– тадбирхои зарурии амниятии бо Конуни мазкур пешбинишударо интихоб намоянд, усулхои татбики онхоро муайян кунанд ва хангоми зарурат чорахои амниятии татбикшавандаро тагйир диханд ва илова намоянд;

– аз шахсони химояшаванда риояи шартхои татбики чорахои амниятиро нисбати онхо, ичрои супоришхои конуниро вобаста ба татбики чорахои мазкур талаб намоянд;

– ба суд (судя), прокурор, сардори вохиди тахкик, рохбари макомоти амалкунандаи фаъолияти оперативи-чустучуи ё муфаттиш, ки ариза (маълумот) оид ба чиноят ё парвандаи чинояти дар истехсолоти онхо карор дорад, бо дархост (ариза) дар бораи татбик намудани чорахои амнияти зимни анчом додани амалхои мурофиави ё бекор кардани онхо мурочиат намоянд; (КЧТ аз 03.07.2012с., №865)

– бо тартиби Мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативи-чустучуи» чорахои оперативи-чустучуи гузаронанд.

  1. Макомоти амаликунандаи чорахои дастгирии ичтимои хукук доранд:

– аз макомоте, ки оид ба амали намудани химояи давлати карор кабул мекунанд ва аз шахсони химояшаванда маълумоти иловагии барои амали намудани чорахои дастгирии ичтимои заруриро дархост намоянд;

– ба макомоте, ки оид ба татбики химояи давлати карор кабул кардаанд, дар мавриди муайян кардани холатхое, ки имконняти татбики чорахои мазкурро истисно мекунанд, бо дархост мурочиат намоянд.

  1. Макомоти таъминкунандаи химояи давлати ухдадоранд:

– ба хар як холати ба онхо маълумшуда, ки таъмини чорахои амнияти ё чорахои дастгирии ичтимоиро талаб мекунад, фавран эътино намоянд;

– хамаи чорахои амнияти ва чорахои дастгирии ичтимоии заруриро амали намоянд;

– тибки мукаррароти пешбининамудаи Конуни мазкур, шахсони химояшавандаро оид ба татбик намудан, тагйир додан, илова ё бекор кардани татбики чорахои амнияти ва чорахои дастгирии ичтимои нисбати онхо, инчунин оид ба кабули Карорхои вобаста ба таъмини химояи давлатии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сари вакт хабардор намоянд;

– ба шахси химояшаванда зимни эълон намудани карор (таъинот) дар бораи нисбати у татбик намудани химояи давлати хукук ва ухдадорихояшро фахмонанд.

 

БОБИ 5. ЧАВОБГАРИ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ КОНУНИ МАЗКУР

 

Моддаи 25. Чавобгарии шахси мансабдор барои риоя накардани талаботи вобаста ба таъмини химояи давлати

Шахси мансабдори макомоти таъминкунандаи химояи давлати, ки ба кабул накардани карор оид ба татбик намудани химояи давлати ё ба таври лозими татбик накардани он рои додааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.

 

Моддаи 26. Чавобгари барои фош кардани маълумот дар бораи шахси химояшаванда ва чорахои амнияти

Фош кардани маълумот дар бораи шахси химояшаванда ва татбики чорахои амнияти нисбати у аз чониби шахсе, ки ба вай ин маълумот бовари карда шуда буд, ё зимни фаъолияти хизматиаш ба у маълум гаштааст, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси ба чавобгари кашидан мегардад.

 

Моддаи 27. Чавобгарии шахси химояшаванда

Ба шахсони дигар фурухтан, ба гарав мондан ё додани молу мулки дар сархати дуюми кисми 1 моддаи 6 Конуни мазкур пешбинишуда, ки чихати таъмини амният ба шахси химояшаванда барои истифода дода шудааст, инчунин гум ё вайрон кардани молу мулки мазкур, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси ба чавобгари кашидан мегардад.

 

БОБИ 6. МАБЛАГУЗОРИ ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ХИМОЯИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 28. Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии химояи давлати

  1. Барои таъмини химояи давлати Хукумати Чумхурии Точикистон Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии чиноятиро тасдик менамояд.
  2. Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии чинояти аз хисоби маблаги бучет ва манбаъхои дигари молиявии пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегарданд.
  3. Харочоти вобаста ба таъмини химояи давлати набояд ба зиммаи шахси химояшаванда гузошта шавад.

 

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 29. Мавриди амал карор додани конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                     Эмомали Рахмон

 

ш. Душанбе,

29 декабри соли 2010

№644

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …