Главная / Маданият ва санъат / Хикояти Шайх Ахмади Газзоли

Хикояти Шайх Ахмади Газзоли

Дар «Фавоиди Фирузшохи» ва дар «Мифтоху-л-чинон» овардаанд, ки рузе аъробие ба хизмати Хазрати Расули акрам (с) омада гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), ман мардеам карздор ва аз бебизоати таъни чухуде мешунавам ва дигар он, ки маро ба хафтае мухлат додаст, илочи ин кор чи созам?

Расулуллох (с) гуфтанд, ки:

  • Салавот бар ман бисёр фирист, то Хак таоло туро кави гардонад ва аз мазаллати карзу таъни душман халос шави ва давлати бемашаккат туро бидиханд.

Аъроби гуяд, ки ба салавот мубодират намудам дар хона ва баъд аз панч руз омадам ва сурати хол бозгуфтам ва бозомадам. Дар рох ба санге пешипо хурдам, поям басе мачрух шуд. Дидам порчасанге ва сангро аз рох дур кардам, ки мабодо шахси дигаре ба ин тарика шавад. Чун сангро аз замин баркандам, дидам кузае пур аз зар. Ба худ гуфтам, ки: «Чаро амонати шахсеро хиёнат созам». Ва боз сангро ба чойи худ гузоштам ва хамрохи хок пушидаму ба хона омадам. Кайфияти холро бо аврати худ гуфтам. Гуфт:

  • Чаро нагирифти, ки аз карзу мазаллати душман халос мешудем?

Ман гуфтам:

  • Хазрати Расули акрам (с) ваъда кардаанд, ки аз шарофати салавот давлати бекалб муяссар шавад, пас ман чаро амонати шахсеро хиёнат кунам.

Зан хеч нагуфт. Ва чухуде, ки бар он мард карз дошт хамсоя буд, сухани он мардро шунид ва ба хамон манзил расид ва кузаи зарро бигирифту ба хонаи худ овард ва ба хушвактии тамом дахани кузаро боз кард. Дасти уро каждуме неш зад. Акнун кузаро дид пур аз каждум, гуфт: «Чаро он мардро ба халокат нарасонам». Кузаро дуруст карду хангоми пагохи бар боми он мард омад ва дахани кузаро аз равзани хона вожгун кард. Он мард дар хини салавотхони буд, ки садои зар ба гуши у расид, дид, ки беадад зари холис мерезад. Пас, аз карзу мазаллати карз халос шуд ва кави гардид.

Пас, эй дарвеш, агар бандаи муъмин бар хар ният ба салавот фиристодан мубодират намояд ва савоби салавотро бар рухи пурфутухи Хазрати Расули акрам (с) ба тарики тухфаву ниёз фиристад ва ба хар коре шафеъ орад, Худо хохад, Худованди таоло нияти уро баровардаи хайр гардонад ва хатми кор бо имон дорад аз карами у ачаб нест.

Хикояти хабдахум. Ин хикоят ба тарики назм дар китоби «Чомеу-л-гулзор»-и Мирзо Салим хокими Шахрисабз чунин омада:

Хикояти Шайх Ахмади Газзоли:

Буд як шайх олими хушхол,

Исми у Шайх Ахмади Газзол.

Рахматуллох алайх, он хушху

Муттаки буду зохиди неку.

Кадри си сол шайхи  сохибачр

Ба вузуи ишо[1] салоти фачр[2]

Хонду хобе накард, яъне у

Андар он вакт доимо ба вузу.

Коимуллайл[3] буд шайхи  кибор,

Соимуддахр[4] буд он ахёр.

Кард хафтод сол у тоат,

Истирохат надид як соат.

Сесаду шаст муриди сохибхол

Дошт он Шайх Ахмади Газзол.

Он муридон ба хар вилояти худ

Рафта буданд бахри тоати худ.

Шайх бо як муриди худ он дам

Савмаа[5] дошт дар чабал[6] бо хам.

Гушагири карда аз мардум,

Карда худро даруни тоат гум.

Гашт бемор Шайх Газзоли,

Руз то руз хол бо холе.

Хафт рузе гузашт дар шиддат,

Маразаш[7] бех нашуд дар ин муддат.

Дид у мавтро ба чашм якин

Андар он хол шайхи сохибдин

Вакти бемори мешунид садо

Гушаи хона, менамуд нидо:

«Вой, сад вой, бар ту, эй Газзол

Инчунин мерави ба ин ахвол».

Ба муридаш ба рузи хафтум гуфт:

«Шунавам ман зи розхои нухуфт.

Рав, ту ин дам ба шахр, эй дарвеш,

Он яхуди биёр хамрахи хеш.

Назди ман ор он яхудиро,

Хохам аз вай хаке бихилиро.

Гар насозам бихил варо ин дам,

Дар халокат бияфтам, эй хамдам».

Ин бигуфту забони шайх гирифт,

Гашт хайрон муриду шуд ба шигифт.

Баъд аз он кард он мурид назар,

Бар рухи шайх шуд ду нукта асар.

Буд он нуктахо сиёх чу кир,

Бар рухи шайх гашт нукта кабир.

Рафта-рафта сиёх шуд руяш,

Руйи он шайх гашт аз хуяш.

Холи он шайхро мурид бидид,

Сайха[8] бинмуду чомаро бидрид.

Наърахо карду гиряхо бинмуд,

Муштхо мезад у ба руйи худ.

Гуфт: «Во вайлу во мусибатхо,

Инчунин гашт холи шайхи мо».

Гуфт: «Ин хол бо саидонаш,

Чи шавад хол бо муридонаш?

Во надомат ба шайху во хасрат,

Андар ин хол гашта дар хайрат.

Бо мутеон бад-ин намат ахвол,

Осиёнро чи гуна бошад хол?

Во фазихат, зи холи ин уламо,

Ба чи ахвол мешавад чухало?»

Дид ахволи шайхро чу мурид,

Дар гурез омаду зи хавф давид.

Рафт бо суйи кабри модари худ,

Руйи худро нихода, шуд бехуд.

Гиряхо карду гуфт: «Эй модар,

Кист ин дам маро шавад ёвар?

Бигурезам кучо зи кахри Худо,

Аз азоби Худо кучост панно(х)?

Хасрато, эй падар, маро дарёб,

Аз укубат кучо равам, эй боб?

Рохи мухлас кучо бувад, баргу,

То гурезам, халос шавам аз у».

Ин бигуфту замони дуру дароз,

Гиряи сахт кард бо овоз.

Баъд аз он гуфт бо худ: «Эй номард,

Зуд бо суйи шайхи худ баргард.

Дафн кун кабли дидани халкон,

Нашавад у фазихати халкон».

Пас, биёмад ба суйи савмаа у,

Дид нуре ба суйи Арш аз у.

Пеши шайх омад он мурид кариб,

Дид нуре зи руйи шайхи лабиб.

Сотеъу ломеъ аст аз он чо,

Меравад нури у ба суйи само.

Шукрхо кард бо тааччуб он,

Хонд он дам дуруд бепоён.

Баъд аз он гусл доду кард кафан.

Кабрро чо намуд шайхи кухан.

Он муридаш ниход дар кабраш,

Кафанашро кушод аз руяш.

Ханда карду бигуфт шайх бар он:

«Эй писар, ман намурдаам, медон.

Балки накле намуда аз дунё,

Сафаре карда чониби укбо».

Хоб дид он мурид аз паси он,

Шайхи худ дар бихишт сайркунон.

Маа асхоби он Расули кибор,

Сухбате дорад у ба ёри чахор.

Он муридаш зи шайх кард савол,

Аз сиёхии руйи он хушхол:

«Андар он хикмате чи буд туро,

Руйи ту он сиёх гашт чаро?

Ин замон менишини бо асхоб,

Мекуни сухбате ба ин ахбоб.

Вакти гуслу ба вакти дафни ту,

Hyp сотеъ шуда зи руйи ту.

Сабабашро ба ман бикун огох

Эй хидоягпанохи оличох».

Гуфт он Шайх Ахмади Газзол:

«Бо ту гуям зи сирри он ахвол.

Он замоне, ки гашт кариб ачал,

Дидам он дам ба дафтари аъмал.

Дирхамайн аз харом ман хурда,

Буд он аз яхуди хамсоя.

Он ду дирхам ду нукта шуд бар руй,

Бас сиёх гашт руй аз хар суй.

Он укубат барои ду дирхам,

Дар сиёхи кашид руй ба хам.

Нури сотеъ ба руйи ман диди,

Дихам акнун чавоб, пурсиди.

Салавоти кабир бар он шох

Мустафоро алайхи саллаллох.

Мебихондам варо гаху бегох

Менамудам нисори маркади шох.

Хоса байни ибодатам доим,

Мешудам бо дуруди у коим.

3-он сабаб гашт руйи ман пурпур,

Аз хамон нур гаштаам масрур.

Гар бипурси чулуси[9] бо асхоб,

Менамудам насихати ахбоб.

Амри маъруфи доими аз ман,

Муслиминро хамеша буд сухан.

Ин каромоти чаннат, ар дони,

Фазли Раб асту лутфи Субхони».

Ё Илохо, ба хакки сахбу ол,

Хурмати Шайх Ахмади Газзол.

Хурмати он дуруди Пайгамбар,

Шайхро гашт ходиву рахбар.

Руйи он шайхи  бандаи даргох

Сабаби дирхамайн гашт сиёх.

Вой бар холи мо факирон вой,

Русиёхи абад ба хар ду сарой.

Аз хароме накарда пархезе,

Максади мо харом аз чизе.

Нест пархез дар калону хурд,

Хох бошад зи арманиву яхуд.

Мо насозем хеч фикри маол,

Чамъ созем андар ин ахвол.

Заррае нест фикр аз укбо,

Вой бар холи мо дар ин савдо.

Он Худованди Кодири Якто,

Архама-р-рохимини арзу само.

Нашавад лутфи у ба мо чандон,

Вой бар холи мо гунахгорон.

Эй Салими, ту ин хама ёва

Гуйи хар дам, ту худ чи дар поя?

Архама-р-рохимин Худои чахон,

Рахми у шомил аст дар инсон.

Рахматашро на хадду поён аст,

Лутфи у бо чамеъ шоён аст.

Гар далеле бипурси аз Куръон,

Кавли «Ло такнату» бихон, эй чон.

Хони ин оя то «Гафуру-р-Рахим»,

То бидони ту лутфи он рохим.

[1] Ишо – намози хуфтан.

[2] Салоти фачр – намози бомдод.

[3] Коимуллайл – шабзиндадор.

[4] Соимуддахр – хамеша рузадор.

[5] Савмаа – ибодатгох.

[6] Чабал – кух.

[7] Мараз – бемори.

[8] Сайха – наъра.

[9] Чулус – – нишастан.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …