Главная / Маданият ва санъат / Хикояи Танбеху-л-гофилин

Хикояи Танбеху-л-гофилин

Дар «Танбеху-л-гофилин» овардааст, ки Суфёни Саври (paх) гуфт: «Дар тавофгох будам, мардеро дидам, ки кадам аз кадам барнамедошт, то бар Хазрати Рисолат (с) салавот намефиристод». Ва Суфён (paх) мегуяд, аз вай пурсидам, ки:

– Чи холат аст, ки туро ба тасбеху тахлил он эхтимом намебинам, ки бар салавот. Бо он ки дар хар макоме вирде муайян асту ту ба хеч вирде ба гайр аз салавот мубодират[1] наменамои?

Гуфт:

  • Эй азиз, ту кисти?

Гуфтам:

  • Суфёни Саври (paх)».

Гуфт:

  • Ту агар бегона мебудиву аз ахли замона, ман ифшои ин сир бо ту наменамудам. Бидон, эй шайх ману падарам аз билоди худ ба хач берун омадем ва дар рох падарам бемор шуд, харчанд дар муоличааш чидду эхтимом намудам, муфид наёмад. Охир падарам фавт кард. Баъд аз фавти вай дидам, ки руйи падарам сиёх гашта ва чашмони у азрак[2] ва сараш сари хук гаштааст. Аз он хол мукаддар[3] гаштам ва гуфтам «зохиран падарам мунофик будаасту нифоки худро пинхон мекардааст». Руйи падарамро пушидам ва махзуну гамгин ба хоб рафтам. Бидидам, ки марде омад, ки хубруйтар аз у надида будам ва хушбуйтар аз буйи у хеч буе нашунида будам ва покизатар аз чомаи у харгиз чомае мушохида накарда будам. Он шахс ба викору тамкин меомад, то ба сари болини падарам расид ва парда аз руйи у бардошт ва дасти муборак бар руйи у фуруд овард, зулмат ба нур ва мотам ба сурур мубаддал гашт ва кабудии чашми у зоил гашту сараш боз ба холати аввала бозомад. Чун ин сохибдавлат аз сари падарам бархост, ман даст бар домани у задаму гуфтам:

– Эй Абдуллох[4], ту кисти, ки дар зиммаи ману падарам ин Хак исбот карди ва дар замони гурбат маро аз ин курбат[5] начот доди?

Фармуд:

– Магар маро намешиноси? Ман Мухаммад (с) ибни Абдуллох ибни Абдулмуталлиб ибни Хошим ибни Абдуманоф – сохиби Куръон хастам. Бидон, ки падари ту дар гуноху исён бисёр густох ва мушарраф буд, валекин бар ман бисёр салавот мефиристод, чун падаратро ин мусибат пеш омад, аз ман фарёд хост, ман ба фарёди у расидам ва уро аз ин мухлика начот додам.

Ва ривояге он, ки: «Чун фариштагони азоб бар вай фуруд омаданд, малоикае, ки бар салавоти банда муаккаланд, биёмаданд ва маро аз холи вай хабар карданд. Омадам ва уро аз ин варта ба саломат бигузаронидам».

Бедор шудам ва ба сари болини падарам омадам. Руйи уро сафед ва чашмони уро сиёх ва сарашро чун сари одамиён дидам. Акнун то зиндаам салавоти Мухаммади (С) вирди забои ва аз он Хазрат (с) чашми шафоат ва халоси аз шанаот дорам.

Суфён (paх) гуфт:

  • Рост мегуи.

Ва шогирдони худро далолат фармуд, то ин вокеаро ба уммати Мухаммад (с) гуянд ва дар китобхо бинависанд, то мардум ба баракати салавоти он Хазрат (с) аз азобхои дунёву охират начот ёбанд.[6]

[1] Мубодират – пайваста анчом додани коре.

[2] Азрак — кабуд.

[3] Мукаддар – дилтанг.

[4] Яъне: Бандаи Худо.

[5] Курбат – бало.

[6] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 129.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …