Главная / Гуногун / Хикояи КАСОСИ ЗАНГБАСТА

Хикояи КАСОСИ ЗАНГБАСТА

– Ох, чи рузи фархунда!

Ин нидо аз каъри дилаш садо дод ва у ба чохи шодиву нишот фуру рафт. Лахзае чанд аз худ бехуд буд. Дар олами дигар парвоз мекард. Аз садои занги телефон як кад парида, ба худ омад. Гушаки телефонро бардошт, вале ба гушаш набурд. Онро гашта ба чояш гузошт. Хурсандиаш дар уток намегунчид. Аз чехрааш нур меборид, куввату часорати бехамтояш хувайдо буд.

Чанд дакика пеш сардор уро ба утокаш даъват кард. Дав-давон рафт. Сардор бо авзои бечову хотири парешон, сар ба зер рост меистод. Баробари ба уток ворид гаштан, дасти рост сари сина зада, хушнудонаю тамаллукомез:

– Лаббай, устод?! – гуфт.

– Маро устод нагуед, – абру чин намуда, танбехомез эътироз намуд сардор.

Вай фахмид, ки биринчи сардор оббардор нест.

– Узр, Камол Вафоевич, – гуфт Рашид бо табассум. – Хазор узр.

Сардор хеч чиз нагуфт. Танхо ба сукут рафт. Рашид бошад, ба аломати савол табдил ёфт. Дар уток сукунат ва хомуши хукфармо гашт. Баъди лахзае сардор худи аз хоб бедор шудаги барин сарашро бардошта, бе ягон сарсухан гуфт:

– Ман ба отпуск меравам.

Ин овоз дар огуши сукунати уток чун раъд садо дод. Рашид чунон бо хайрат ва тааччуб ба сардор нигарист, ки гуё баногох аз сайёраи дигар фуруд омада бошад. Сардор хомушона чашм ба нуктаи номаълуме духта, сухане намегуфт. Рашид ду чашм ба у хамоно хомуш меистод. Вай хануз хам ба ду гуши худ бовар надошт.

– Ана мухр, – мухри идораро ба дасти у дод сардор.

Вай ба худ омад ва ба назараш чунин расид, ки ба дасташ калиди идораи тамоми дунёро доданд. Ва аз хурсанди дар худ нагунчад хам, устокорона ба руяш пардаи гаму андух кашида, аз руи дил гуфт:

– Мо бе шумо чи хел кор мекунем?

Сардор ба суи у тамасхуромез нигариста, тунду тахдор нидо намуд:

– Мекунед!

Рашид музтар монд. Сардор, ки якрави, кинагири, бешармию чоплусии уро хуб медонист, сухани худро хайф донист. Танхо таъкид карда гуфт:

– Хушёр шав, хар амал подош дорад!

Вале ин суханон пинаки уро вайрон накарданд.

«Худо дод!» – дар дил табли шоди зад. Вале тавонист онро бо маъюсию гам мохирона пардапуш намояд.

Ва у холо дар утокаш нишаста, худро шаханшох мепиндошт.

– Худо дод! – худ ба худ баланд нидо намуд у ва андешид, ки корро аз чи ба рох андозад. Барои ин он кадар аз паси фикр нарафт. Корро аз душмани ашаддиаш Мачиди сар мекунад.

Ха, ха, аз Мачиди!

Ха, барои касоси дар дилаш зангбаста шароит мухаё гашт. Ва акнун ба у касе халал расонда наметавонад. Ана, акнун ба решаи Мачиди теша мезанад. Аз беху бунаш мебурад, хушк мекунад. Чунон мекунад, ки ба халосгар зор шавад. Обе намеёбад, ки руяшро шуяд. Ва хамзамон ба саволи: «Чи хел?» – ру ба ру зад. Ва у худро ба бахри андеша андохт. Шино мекарду хеч не ки ба сохили мурод бирасад. Руз нисф шуд. Шикамаш ба нагоразани огозид. Вале у аз бахри андеша баромадани набуд. Чораи чазо додани Мачидиро мечуст. То уро чазо надихад, аз гулуяш чизе намегузарад.

2

Ба ин бадбини як бахси хак сабаб шуда буд. Аз хамон бахс Рашид Мачидиро бад дид. Душманаш шуд. Акнун сояашро аз девор метарошид. Корд ёбад, Мачидро намеёфт, Мачидро ёбад, корд намеёфт.

Хамон руз Мачиди бо супориши Рашид хуччате тайёр намуд. Дар поёнаш муовини сардор навишт. Калимаи «муовин» Рашидро девона кард.

– Ин чи харомкори! – дагалона ба сари у дуг зад. – Ман муовин не! Фахмиди?!

– Муовин не? – хайрон шуд Мачиди. – Пас шумо ки?

– Ман ки?! Ман чойнишин! Фахмиди?! – аз дагали даст намекашид у. – Чой-й-ни-шин! Фахмиди?!

Мачиди бо хайрони китф бар хам кашид.

– Наход хамин чизи одиро хам надони?! Чой-й-ни-шин! Яъне ки оянда дар чои сардор мешиштаги одам!

Мачиди нав лаб ба сухан во карда буд, ки Рашид ба дахонаш зад. Вай уро шунидан намехост. Ман чойнишин мегуфт, гап гапи ман мегуфт. Гапхои пасту баланд зад, тахкир кард. Окибат деги шири сабри Мачиди дамид. Аз чояш бархоста, бо овози катъи байти шоири бузур Атторро ба забон овард:

                          Эй бародар, гар хирад дори тамом,

                          Нарму ширин гуй бо мардум калом!

– Чи-и-и?! – чашмони Рашид аз косахонаашон баромаданд. – Ту бо ки гап зада истодаи?! Медони, ман ки?!

– Ха, медонам, – хеле оромона чавоб дод Мачиди. – Хуб медонам.

– Не, намедони! – мушт ба руи миз зад у. – Медонисти, ин хел дагалию бехурмати намекарди!

– Чи хел дагалию бехурмати кардам? – бо тааччуб пурсид Мачиди.

– Чи хел?! – дод зад Рашид. – Холо ки шер хонд?! Магар шер хондан дагалию бехурмати нест?!

– Шер не, шеър! – уро ислох кард Мачиди.

– Чи фарк дорад?! – бо шиддат эътироз намуд у. – Ба ту ки хукук дод, ки дар кабинети ман шер хони?! Ман чойнишни сардор! Фахмиди?!

Нафаси Мачиди танги кард, банди галстукашро суст карда, тугмаи куртаашро кушод.

– Боз бехурмати?! – боз дод зад Рашид. – Хой, тирмизак! Кадрата дон! Байни ману ту фарк аз замин то осмон!

– Хайрият…

– Чи “хайрият”?! – шитобон сухани уро кайчи зад.

– Хайрият, ки дар умратон шояд як гапи рост гуфтед. Хо, бале! Байни мо фарк аз замин то осмон! – чиддх гуфт Мачиди ва ин байтро хонд:

                               Бош бо худ, хар кадар боло рави,

                               Гар рави аз хеш, аз дилхо рави.

Рашид чун хас вагги даргирифт. Ва азм намуд, ки адаби Мачидиро дихад. Вале дер ба ин каоло омад, Мачиди аллакай “Аз бало хазар!” – гуфта, утоки уро тарк карда буд. Ва тамоми кахру газаб ва нафрату адоваташ мушт шуда, ба руи миз рехт. Чизу чораи руи миз ба хар су парид.

– Тинчист? – котиба башаст даромад. – Чи гап?

– Ту пурсанда-ми?! – бокимондаи кахру газаб ва нафрату адоваташро ба сари котиба рехт.

Котиба аз башараи кабехи Рашид тарсида, башаст аз чашми у гайб зад. Вале Рашид ором нашуд, назди сардор даромад.

– Ин чо идораи давлати ё кружоки шеъру шоири?!

Сардор марди боандеша, ояндабин ва пухтакор буд. У мардуми сергапро хуш надошт ва хеч гох бемаврид сухан намегуфт. Вай пас аз фахмидани асли вокеа, оромона гуфт:

– Яке ба дигаре халал намерасонад. Баракс ёри медихад.

– Ха, то дарачае, ки иззату эхтироми маро паст мезананд, – аз саманди хашму газаб нафуромада, киноя зад Рашид.

– Иззату эхтироми хар кас дар дасти худаш аст. Худатро ки иззату эхтиром накарди, хеч кас туро иззату эхтиром нахохад кард, – ба ин гуфтугу нукта гузошта, гуфт сардор.

Тири Рашид хок хурд. Аз хичолат таги обу арак монд. Аз расвоги тарсида, худро башаст гум зад. Ба утоки худ омад. Дилаш сип-сиёх. Чои нишаст намеёфт. Чун мурги посухта ин су мегашту он су. «Уф-ф!» – гуён, бухси дилашро каме паст намуд. Охи сабук кашида, ба курси нишаст. Ба у чунин намуд, ки дигар мачоли чунбидан надорад, дасту дилаш ба коре намеравад, хохише дар дилаш ру намегирад.

Рашид дар хамон холат хеле нишаст. То он даме нишаст, ки паррандае паси тиреза патарос назад. Ба худ омаду бархост. Назди тиреза рафта, ба берун нигарист. Паррандае ба назар наменамуд. Хеле ба берун нигох кард, баногох алам кашид. Чунон алам кашид, ки худро хакиру нотавон хис намуд. Баъд кахру газабаш чун чашма чуш зад. Тамоми аъзои баданаш меларзид, гушхояш аз гарми месухтанд. Сипас хисси интиком уро фаро гирифт. Пасон гуё касам ёд кард:

– Саратро нахурам, Мачиди, ман одам не!

3

Баногох дари уток кушода шуд. Рашид як кад парид. Мачиди намоён гашт. Рашид норозиёна ба суяш теги нигох кашида, чун паланг гуррид:

– Ман банд!

Вале Мачиди сухани уро ба замин зада, нагуфт, ки ту саги кучои. Беибо ба уток ворид шуд.

«Ина бин-а… Писанд намекунад-е! Гапи туву гуши кашоли ман!» – дар дил мегуфт Рашид ва бо чашмони пур аз газаб ба вай менигарист. Нигохаш хурам мегуфт.

– Ба даратон лавхаи: “Кабул нест!”-ро овехтед? – пурсид Мачиди. – Худаш тинчи-ми?

– Ха, кабул нест!

Аммо Мачиди боз хам писанд накарда, ба миз наздик шуд. Рашид хамчун паланг бо хашму газаби тамом аз чояш башаст хест. Мачиди ба руи мизи у вараки когазеро гузошт. Чашмони Рашид аз хайрат калон кушода шуданд. Лахзае вай гох ба когази руи миз будаю гох ба Мачиди нигарист. Сипас тахдидомез дод зад:

– Ин чи?!

– Ариза, – оромона посух дод Мачиди.

– Чи?! Ариза?! – чашмони Рашид ало було шуданд. – Чи хел ариза?! Барои чи ариза?!

– Гирифта хонед, мефахмед, – ба холати рухии Рашид заррае эътибор надода, густохона гуфт Мачиди. – Натарсед, мор нест, ки газад.

Вай ба чояш нишасту бо нафрати тамом вараки когазро ба дасташ гирифт. Мачидиро як песонду айнакашро ба биниаш савор кард. Ба когаз чашм давонд. Дар дил базур хонд: «Эхтиромона хохиш менамоям, ки барои анчоми вазифахоям ба ман аз таърихи… фармони мураххаси содир намоед». Диккати уро танхо калимаи «мураххаси» чалб намуд. Дар дил чанд бор онро такрор кард. Вай, ки точик бошад хам, ду чумларо бо точики базур чанг меандохт, хеч чиз нафахмид. Чи бошад ин лаънатии мураххасиаш? Хамин кадар майна об кард, наёфт. Аз худаш пурсад, айб. Ногох чун барк фикре ба сараш зад. Эъ, о ин аризаи аз коррави-ку?! Ба руяш хун давиду ба танаш чон. Дар дил табли шоди бизад. Гап дар бел меистаду дар идораи онхо не. Сардор шудани ман чун барк пахн шуда, ба пустини бадбинонам кайк даромадааст. Мачиди бошад, талхакаф шуда, ариза бардошта омадааст. Ё, каме азобаш дихам-чи? Эъ, не аз девори кач хазар. Чон гуфтан лозим, ки аз душман муфт халос мешавам.

Мачиди дилтанг шуда гуфт:

– Имзои муборакатонро мемондед.

– Мерави? – гамгинона бо оханги дилсузи пурсид у.

– Ха, – кутох посух дод Мачиди.

– Хайр, чи илоч, «мохи чои чукурро мекобад, одам чои хузурро» мегуянд. Зори дорем, зури не, – гуён, тез ба як гушаи ариза хеле хоно: «Зид нестам!» навишт, то ки Мачиди боз аз фикраш нагардад.

– Фаромуш карди, – гуфт Мачиди.

– Чиро? – нафахмид у.

– Ёрдампулро.

– Ёрдампули? Бо дилу чон, гап нест!

Вай аз шароби голибият чунон маст шуда буд, ки ду маош ёрдампули доданашро нафахмида монд. Мачиди аз дар бароям-набароям, у саросема гушаки телефонро бардошт. Ба чиянаш занг зад.

– Салом!.. Чи?! Ки, ки?! Кар шуди чи бало?! Тагоят!.. Тагоят! Ман хурус! Хурус мегуям! Ха, хуруси якатоз! Сардор кучо шуд? Ба отпуск рафт. Сир бой надод, аз афташ сахт касал. Баргаштанаш ба гумон. Ха! Хи-хи-хи! Хой, гапа кам куну тез аз корат хисоби карда биё. Ха, чои равганиро бароят тайёр кардам. Чи?! Эха, аллакай кафшаша таги каш карда рафт, – аз хурсанди кох-кох хандид у.

Вай гушакро ба чояш гузошта, ба андеша рафт.

Як руз апааш ба хонааш омад. Косаи шурборо ба як тараф тела дод.

– Серам! – гуфт у бо зарда ва дар чашмонаш ашк халка зад.

Додару янгааш хайрон ба хамдигар нигаристанд. Апааш бошад, бо кахр ба укояш гап паронд:

– Одамхо «аввал хешу баъд дарвеш» гуфта, чи корхое намекунанд. Ту садор шуда…

– О, ман сардор не, – сухани уро бурида, гуфт Рашид. – Холо чойнишин.

– О, сардорам мегуфти-ку?!

– Мешавам сардор, – бо бовари гуфт Рашид.

– Чи фарк дорад, – аз кахраш намефуромад апааш. – Чойнишин хам одами калон. Ана, барои мисол Самад хам чойнишин. Чияни подабонашро оварда, сардори милисахои нохия карда монд. Писари ман бошад, шукри худо чор ишкелаш бутун. Маълумоти оли дорад, аклаш расо. Кал нест, кур нест, шал нест, аракхур нест, сигареткаш нест, занакабоз нест, бечогард нест…

– Кори хозирааш нагз-ку, апа, – аз гилаву чингилаи апааш ба дод омада гуфт Рашид.

– Нагзу, – мад кашид апааш. – Лекин миёни бегонахо. Бегона саги девона. Ягон руз газиданашон мумкин. Таги каноти худат бошад, нагз-дия. Чон додарчон, ба корхонаи худат гир, тарбия кун. О, пагох дастгир, пушту панохи худат мешавад.

– Хама дарду гамат хамин аст? – пурсид Рашид.

Апааш нигохи илтичо ба у духта буд.

– Шуд, беташвиш ба деха равед, мегирам, – ваъда дод Рашид.

– Аз рости? – шод шуд апааш.

– Гапи у якта! – бовикор калла чунбонд янгааш.

– Э, дар додарам бимурам! – апааш бо лаби руймоли докагиаш оби чашмонашро пок намуд.

Ана акнун аз таънаву маломат ва гилаву чингилаи апааш халос мешавад. Пеши у забонаш дароз. Сараш баланд. Назди у болонишину бологузар. Аз дигар тараф апааш забондароз. Овозаю дарвозаи зурии уро ба хафт иклим пахн менамояд. Мебини ки обруяш ба осмони хафтум дакка мезанад. Пеши хамкишлокихо, хешу табор ва ёру дустон хам забонаш дароз, сараш баланд, болонишину бологузар. Аз шароби ин орзухо масту аласт буд у.

4

Рузи дигар чоршанбе буд. Рашид субхи барвакт аз хоб хест. Худро сабук хис мекард. Ба зуди риш гирифт, хурок хурду сарулибоси тоза пушида, ба кор омад. Димогаш чок, чехрааш гуё гул мекард. Лахзае пас ба назди у чиянаш омад.

– Таго мумкин-ми? – дарро нимрог карда, ичозати даромадан пурсид у.

– Даро, даро, чияни тагош! – хурсандона нидо намуд тагои хушбахт. – Аз ин лахза ту метавони беибо, бе ягон ичозат дари маро бо поят кушода, даромадан гири.

Чехраи чиян, хамчун нилуфар аз тулуи офтоб кушода шуд.

– Эъ, шумо зур таго! – беихтиёр нидо намуд чиян.

– Тогот боз зуртар мешавад! Чунки ту дар ин чо гушу чашми ман мешави! – гуфт таго гул-гул шукуфта ва дархол мудири шуъбаи кадрхоро ба наздаш хонд.

– Ана, хамин йигити хозиру нозир донишкадаи олиро хатм кардааст, – чиянашро ба у нишон дода, гуфт Рашид. – Бо дипломи сурх. Чавон, майнааш тоза, истеъдоди фавкулода дорад. Аз ухдаи хама кор мебарояд.

Мудири шуъбаи кадрхо ким-чи хел озурдахотир менамуд. Рашид аз чой бархоств, ба у амр кард:

– Уро зуд ба кор кабул кун!

– Чи? Ба кор? – хайрон шуд мудири шуъбаи кадрхо. – О, чои холи надорем-ку?

– Чи хел надорем?! – дагалона дуг зад у. – Чи хел надорем?! Чои Мачиди чи?!

– О, вай аз кор нарафтааст-ку? – тааччуб намуд мудири шуъбаи кадрхо.

– Чи хел нарафтааст?! – сиёсат намуд у. – Дина, ана, бо хамин дастам аризаи аз корравиашро мухру имзо гузоштам.

Мудири шуъбаи кадрхо бо захрханда гуфт:

– Вай аз кор нарафтааст, ба отпускаи мехнати баромадааст. Ва мо хакку хукук надорем, ки уро аз кор ронем. Конун дар химояи уст.

Гуё ба шонааш сузан халида бошад, башаст хест.

– Чи-чи?! – Чашмони Рашид аз хайрат калон кушода шуданд. – Отпуск?!

– Ха, отпуск, – бо бовари чавоб дод мудири шуъбаи кадрхо. – Отпуски мехнати.

– О, дар аризааш, вай чи буд… ха, мураххаси навишта буд-ку! – эътирозомез дод зад у.

– Бале, хамин хел навишта буд, – посух дод мудири шуъбаи кадрхо. – Мураххаси: калимаи адабии точики, тарчумаи отпуск аст.

– Тарчумааш отпуск аст? – дуд аз димогу фарёд аз ниходаш баромад. Сипас ба у холати гарибе рух дод. Ранги руяш канд, лабонаш пир-пир парида, чашмонаш васеътар шуданд. Ва мисли шаголи ба домафтода ба худ печида, вингосзанон намедонист чи кор кунад.

Чиянаш бошад, аз ин пешомади гайричашмдошт дасту пояшро гум кард. Шодии чанд лахза пешина дар вучудаш намонд. Дар чояш мисли одами шахшуда хайрон меистод. Аз чой намечунбид. Гуё мехкуб шуда бошад. Сипас касри дилаш ба ларзиш даромад. Якин фахмид, ки аз ин чо ронда, аз он чо монда. Дилаш ба тап-тап даромаду ду чакаи сараш ба лап-лап. Чун мори ба хашм омада, якбора сар бардошту ба сари тагояш дод зад:

– Аблах, ту чи кор карди?!

– Аъ?! – Рашид мисли он ки чараёни электр зада бошад, чун пайкари бечон карахт монд.

 13 августи соли 2000

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …