Главная / Маданият ва санъат / Хикояхои Исломи

Хикояхои Исломи

Овардаанд, ки яке аз салаф гуфт, ки: «Ман ахбор[1] менавиштам ва бар зикри Пайгамбар (с) дуруд менавиштам ва салом не. Пас, Пайгамбар (с)-ро дар хоб дидам, ки маро гуфт: «Салавотро бар ман дар набиштан тамом наменависи». Пас аз он хеч нанавиштам магар бо дуруд ва салом».[2]         

* * * * * * *  * *

Ва Булхасани Шофеи гуфт, ки: «Пайгамбар (с)-ро дар хоб дидам ва гуфтам:

  • Эй Расулаллох (с), подоши Шофеи аз ту бар ин дурудки дар китоби «ар-Рисола» набишт: «Ва саллаллоху ало Мухаммадин кулламо закараху-з-зокируна ва гафала ан зикрихи -л-гофилун» чист?»

Гуфт:

  • Он, ки уро барои хисоб наистонанд».[3]

Хикояти сездахум. Ин хикоятро Носехи Хатлони дар китоби «Хадикату-р-Расул» бо назм баён кардаанд.

Хикоят:

Одам он рузе, ки омад аз бихишт,

Гашт гирён андар ин дунёи зишт.

Аз гунохи худ пушаймон гашта буд,

Зору бадхолу парешон гашта буд.

Мешуди хар лахза афгонаш баланд,

Баски дил месухташ хамчун сипанд.

Дошт он вакте ки дар чаннат макон,

Ояти «ло такнату» вирди забон.

Иктизои нафс кардаш зердаст,

Шохи нахли нахйи Бориро шикаст.

Хамрахи Хавво шуду гандум бихурд,

Сели зиллат обруяшро бибурд.

Гайрати фармони Хак омад ба чуш,

Гашт у гандумнамои чавфуруш.

Окибат аз шумии чурму гунох

Шуд тамоми рую аъзояш сиёх.

Чанд соле «Рабаано»-гуён шуди,

Бахри дарди худ давочуён шуди.

Тавбаи уро накарди Хак, кабул,

Максадаш гардид наздики хусул.

Аз миёна пардахо бардоштанд,

Суйи Арш уро назар бигзоштанд.

Дид лавхеро навишта Зулчалол,

Ду калима сабт дар вай Лоязол.

«Ло илоха» гуфту «иллаллох» хонд, у

«Мухаммад»-ро «расулуллох» хонд.

Гуфт: «Ё Раб, ин чи номи дилкаш аст?

Шавки у андар дилу чонам нишаст.

Ки мукорин гаштааст бо номи Ту,

Улви рафъат дида аз инъоми Ту».

Гуфт Хак: «Номи Хабиби мост ин,

Васфи у бошад Шафеу-л-музнибин.

Рахнамои халку аз авлоди ту,

Гар шафеъ ори, кунад ободи ту».

Гуфт: «Овардам шафеъ, эй Зулчалол,

Ки маро неку шавад вожунахол».

Бахри лутфи Хак зи cap то пош шуст,

Абри рахмат зулмати аъзош шуст.

Офтобаш аз кусуфат шуд бурун,

Юсуфи уммедаш аз чах шуд бурун.

Шуд шаби хичрони у субхи умед,

Мехр аз чайби сахаргохаш дамид.

Гашт неку, Одами хушхол шуд,

Акраби чурму гунах помол шуд.

То накарди номи Ахмадро шафеъ,

Некноми дахр кай гашташ васеъ.

Васфи уро Хазрати Бечун кунад,

Носехи  очиз баёнаш чун кунад.[4]

* * * * * * *  * *

Овардаанд, ки дар ахли Расулуллох (с) мардеро ба тухмати дузди гирифтанд ва гувохон гувохи доданд. Хукм шуд, то дасти у бибурранд. Уштуре истода буд, ба забони фасех гуфт:

– Набурред дасти уро, харойина у дузд нест. Расулуллох (с) гуфтанд:

– Чи амал дори, ки ба баракати он Худои таоло шутурро гуё гардонид?

Гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), хар руз сад бор дуруд бар тумефиристам.

Расулуллох (с) фармуданд:

  • Начот ёфти аз азоби кабр, чунонки начот ёфти аз азоб дунё.[5] и

Хикояти понздахум. Овардаанд, ки Абучахл ва чанд кофирони дигар нишаста буданд, ки соиле[6] омад ва савол кард. Онхо ба гарики масхара гуфтанд, ки:

  • Даруни Харам амира-л-муъминин Али (раз) аст, аз вай бихох, ки у сахт саховатманд аст.

Соил рафт ва савол кард. Амира-л-муъминин Али (раз)-ро чизе набуд, ки уро бидихад, бар ду дасти у чизе дамиду гуфт:

  • Дастхоро пеши кофирон боз куни.

Соил омад ва пеши эшон дастхо кушода кард, гавхархое миёни дасти у диданд, кимати хар гавхаре хазор динор. Кофирон пурсиданд, ки:

  • Ин гавхархо ба ту амира-л-муъминин Али (раз) аз кучо дод?

Гуфт:

  • Бар дасти ман чизе хонду дамид.

Амира-л-муъминин Али (раз)-ро пурсиданд, гуфт:

  • Як бор дуруд бар Пайгамбар (с) хондам ва бар дасти у дамидам.

Кофирон хайрон монданд ва се нафар мусалмон шуданд. Чабраил (а) бар Расулуллох (с) омаду гуфт:

  • Эй Расулаллох (с), башорат бод мар умматони туро, хар ки як бор дуруд бар ту фиристад, чунон аст, ки дах хазор динор дар рохи Худои таоло дода бошад.[7]

[1] Ахбор – хадисхои Пайгамбар (с).

[2] «Эхёи улума-д-дин». Чилди аввал. Сах. 673.

[3] «Эхёи улума-д-дин». Чилди аввал. Сах. 673.

[4] «Хадикату-р-Расул». Сах. 29-30.

[5] «Анису-л-воизин». Сах. 247.

[6]  Соил – гадо.

[7] «Анису-л-воизин». Сах. 247-248.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

kashfi-jugrofi

КАШФИЁТХОИ БУЗУРГИ ЧУГРОФИ

То нимаи дуюми асри XV одамони аврупо асосан дар бораи Европа. Осиё ва кисмхои сохилии …