Главная / Чамъият / Хифзи мехнат дар ташкилот

Хифзи мехнат дар ташкилот

Моддаи 355-и Кодекси Мехнат. Хифзи мехнат дар ташкилот

  1. Барои ташкили хифзи мехнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти хифзи мехнат, ки бевосита ба рохбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти хифзи мехнат ё чори намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба хифзи мехнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истехсолии ташкилот карор кабул мекунад ё ухдадорихоро оид ба хифзи мехнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти хифзи мехнат дар ташкилот аз тарафи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли тасдик карда мешавад.
  2. Дар хайати хадамоти хифзи мехнати ташкилот вобаста ба хусусияти истехсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи мехнат чори карда шуда, лабораторияи саноатию санитари таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавчудияти омилхои зарарноки истехсоли чунин лабораторияхо метавонанд аз чониби якчанд ташкилот тибки принсипи сохави ташкил карда шаванд.
  3. Бархам додани хадамоти хифзи мехнати ташкилотхо танхо дар мавриди катъ гардидани фаъолияти онхо мумкин аст. Масъалахои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдихии хадамоти хифзи мехнатро маъмурият, кумитаи иттифоки касаба ва ё намояндагони кормандон хал мекунанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …