Главная / Чамъият / Хифзи иттилоот

Хифзи иттилоот

КАРОРИ МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи иттилоот»

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1.          Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи иттилоот» кабул карда шавад.
  2.          Хукумати Чумхурии Точикистон:

–    дар хусуси ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунхои Чумхурии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд.

 

 

 

Раиси Мачлиси намояндагони                                                                                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                     

ш. Душанбе  15 майи соли 2002

№631

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи иттилоот»

 

Мачлиси милии  Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи хифзи иттилоот» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хифзи иттилоот» чонибдори карда шавад.

 

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002

№334 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

КОНУНИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Дар бораи хифзи иттилоот

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2002, №11, мод. 696; соли 2005, №12, мод.646)

 

Конуни мазкур принсипхои асосии таъмини хифзи иттилоот ва танзими муносибатхои хукукии дар ин соха ба вучуд омадаро мукаррар менамояд.

 

БОБИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 

Моддаи 1. Максадхои хифзи иттилоот

Ба максадхои  хифзи иттилоот мансубанд:

–               пешгири намудани ихрочи, дузди, гумшави, галат маънидодкуни, нусхабардори ва бастани  рохи пахншавии иттилоот;

–               пешгири намудани амалиётхои беичозат оиди нобудсози, тагйирдихи, галат маънидодкуни, нусхабардори ва бастани рохи пахншавии иттилоот;

–               пешгири намудани  амалиётхои боичозат ва беичозат, ки боиси касдан ё бидуни касд нобудсози, бастани рохи пахншави, галат маънидодкуни (сохтакори), дузди, нусхабардори, ихрочи, дигаргунишави ва тагйиребии иттилоот гардиданаш мумкин аст.

 

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зайл истифода бурда мешаванд:

–               таъмини техникии системахои иттилооти- мачмуи воситахои техникие, ки барои кори системаи иттилооти пешбини шудаанд, инчунин хуччатнокгардонии дахлдори ин воситахо ва равандхои технологи;

–               таъмини барномавии системахои иттилооти – мачмуи барномахо барои татбики максадхо ва вазифахои системаи иттилооти, инчунин барои муътадил кор кардани мачмуи воситахои техники;

–               хифзи иттилоот – мачмуи чорабинихо, ки бо максади пешгири намудани ихрочи, дузди, гумкуни, нобудсозии беичозат, галат маънидодкуни, тагйирдихи (сохтакори), нусхабардории  беичозат ва бастани рохи пахншавии иттилоот  гузаронида мешаванд;

–               самаранокии хифзи иттилоот – дарачаи мутобикати натичахои ба даст омадаи амалхо оиди хифзи иттилоот ба максадхои хифз;

–               назорати самаранокии хифзи иттилоот – санчиши мутобикати самаранокии чорабинихои хифзи иттилоот ба талаботхои мукарраршуда ё меъёрхои самаранокии хифз;

–               бехатарии иттилоот – холати химояшавии иттилооти дар системахои иттилооти кор карда баромада шуда аз тахдиди дохили ё беруни;

–               хоричшавии иттилоот – пахнкунии  назоратнашавандаи иттилооти хифзшаванда дар натичаи дастрасшавии беичозат;

–               дастрасшавии беичозат – ба даст овардани иттилооти хифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии хукук ё коидахои дастрасшавии иттилооти хифзшаванда, ки хуччатхои хукуки ё молики (сохиби) иттилоот мукаррар кардаанд;

–               фошкунии иттилооти хифзшаванда – беичозат расонидани иттилооти хифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки хукуки дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;

–               тагйирдихии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки ичозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;

–               аз нав сохтани иттилоот – тагйир додани иттилоот дар натичаи амалиёти аз тарафи система ё технологияи иттилооти амрномадодашуда;

–               галат маънидодкуни ва сохтакории итилоот – тагйир додани иттилоот дар натичаи амалиётхои гузаронидашуда оид ба махфидори, рафъсози, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурхои иттилоот дар сатхи синтаксиси, семантики ё прагматики;

–               бастани рохи пахншавии иттилоот  – амалиёте, ки натичаи он катъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;

–               нобудсозии иттилоот – ин амали баркасдона ё беэхтиётона мебошад, ки дар натичаи он мавчудияти иттилоот барои шахси хукуки  ё вокеи дар хачми пурра ё махдуд катъ мегардад;

–               сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот – раванди мукаррар намудани мутобикати воситахои истифодашавандаи хифзи иттилоот ба талаботи  стандартхои давлати ё хуччатхои дигари меъёрии Чумхурии Точикистон оиди хифзи иттилоот.

 

Моддаи 3. Конунгузори оид ба хифзи иттилоот

Конунгузории Чумхурии Точикистон оиди хифзи иттилоот ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин шартномахо ва санадхои меъёрию хукукии байналмилалие, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф кардааст иборат аст.

 

Моддаи 4. Воситахои хифзи иттилоот

Ба воситахои хифзи иттилоот мансубанд:

–               ташкили;

–               техники;

–               барномави;

–               дастгохи;

–               чисмони;

–               криптографи.

 

Моддаи 5. Объекти хифз

Объекти хифз иттилооти хуччатнокгардидае мебошад, ки нисбати он коидахои муайян ва истифодаи махдуди он бо конунгузории Чумхурии Точикистон, аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот мукаррар карда шудаанд.

 

Моддаи 6. Субъектхои муносибатхои хукуки дар сохаи хифзи иттилоот

Субъектхои муносибатхои хукуки дар сохаи хифзи иттилоот давлат дар шахси макомоти идоракунии давлати, шахсони вокеи ва хукуки мебошанд, ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, хукуки мукарар намудани коидахои муайян ва тартиби хифзи иттилоот, инчунин махдудиятхоро хангоми кор бо иттилоот доранд.

 

Моддаи 7. Кафолати хифзи хукуки

Субъектхои муносибатхои хукуки хангоми таъмини хифзи иттилоот барои мухофизат аз зарари дар натичаи амалиётхои конуни ё гайриконуни расонидашуда, ки сабаби нобудшави, бастани рохи пахншави, галат маънидодкуни (сохтакори), дузди, нусхабардори, хоричшави, тагйирёби, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин хангоми вайронкунии хукукхои муаллиф, хукуки доранда ё молики иттилоот бо тартиби мукарраршудаи конунгузори хукук доранд.

 

Моддаи 8. Ба танзим даровардани муносибатхои байни субъектхои муносибатхои хукуки хангоми таъмини хифзи иттилоот

Муносибатхои байни субъектхои хукуки хангоми таъмини хифзи иттилоот бо конунгузории Чумхурии Точикистон, ки категорияхои иттилоотро аз руи дарачаи дастраси ба он муайян менамоянд, тартиби хифзи иттилоот, инчунин бо шартномахо ва созишномахое, ки байни субъектхои муносибатхои хукуки баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

Субъектхои муносибати хукуки ухдадоранд якдигарро оиди хусусиятхо, усулхо ва шаклхои коркарди иттилоот, хифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд.

 

БОБИ II. ТАШКИЛИ ХИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 9. Танзим ва идоракунии давлати дар сохаи хифзи иттилоот

Макомоти давлатии ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон хифзи иттилоотро бо роххои зерин идора мекунад:

–               гузаронидани сиёсати ягонаи техники оид ба хифзи иттилоот;

–               тахияи консепсияхо, талабот, асноди меъёрии техники ва тавсияхои илмию методии хифзи иттилоот;

–               тасдик намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати ичрои тадбирхои хифзи иттилооте, ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияхо оид ба хифзи иттилооте, ки моликияти шахси вокеи ва хукуки мебошад;

–               ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот;

–               таъсиси сохторхои идорави ва сохавии хамохангсоз чихати хифзи иттилоот;

–               гузаронидани аттестатсияи кормандони макомот, марказу лабораторияхои сертификатсиони, додани ичозатнома дар сохаи хифзи иттилоот;

–               анчом додани назорати ичрои корхо оиди ташкили хифзи иттилоот;

–               муайян намудани тартиби ба шахсони вокеи ва хукукии давлатхои хоричи дастрас будани иттилооте, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооти шахсони хукуки ва вокеи, ки нисбат ба пахн намудан ва истифодаи он аз чониби давлат махдудиятхо мукаррар гардидаанд.

Вазорату идорахо ва дигар макомоти хокимияти давлати ва идоракуни халли масъалахои  хифзи иттилоотро дар доираи салохияти худ таъмин мекунанд.

 

Моддаи 10. Ичозатномадихии (литсензиякунонии)  фаъолият дар сохаи хифзи иттилоот

Ичозатномадихии (литсензиякунонии) фаъолият дар сохаи хифзи иттилоот тибки   Чумхурии Точикистон  «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» анчом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Умури хифзи иттилоот

Дар муассисахо ва ташкилотхои давлати мумкин аст вохидхо, умурхое ташкил карда шаванд, ки кори вобаста ба хифзи иттилоот, дастгирии сатхи хифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии хифзи иттилоот мутобики талаботи Конуни мазкур масъул мебошанд.

 

Моддаи 12. Маблаггузории корхо

Корхои марбут ба ичрои талаботи иловаги оид ба хифзи иттилоот, ки аз шакли сертификатсиони фарк дорад, аз чониби ашхоси вокеи ё хукукие, ки онхоро муайян намудаанд ва ё дар асоси шартнома маблаггузори карда мешаванд.

 

БОБИ III. ТАЛАБОТИ УМУМИ БА ХИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 13. Таъмини хифзи иттилоот

Хифзи иттилоот бо роххои зайл таъмин карда мешаванд:

–               аз тарафи субъектхои муносибатхои хукуки риоя намудани меъёрхо, талабот ва коидахои хусусияти ташкили ва техникидошта оиди хифзи иттилоот;

–               истифодаи воситахои техникаи хисоббарор, таъмини барномави ва дастгохи ва умуман воситахои хифз, ки ба талаботи мукарраршуда оиди хифзи иттилоот чавобгу мебошанд;

–               ба чо овардани назорати хифзи иттилоот.

 

Моддаи 14. Мукаррар намудани талаботу коидахо ва шартхои хифзи иттилоот

Талаботу коидахои хифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки хифзи он аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи макомоти давлатии ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Шартхои хифзи иттилоот дар воситахои коркарди иттилоот бо тартиби мукаррарнамудаи низомномаи дахлдор, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик кардааст, ба чо оварда мешавад.

Ин талаботу коидахо ва шартхои хифзи иттилоот барои хамаи субъектхои ин муносибатхо хатми мебошанд.

 

Моддаи 15. Вазифахои макомоти давлати оид ба сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот

Воситахои хифзи иттилоот бояд сертификати макомоти давлатии ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистонро дошта бошад.

Дар рафти сертификатсияи воситахои хифз санчиши (аттестатсияи) онхо низ гузаронида мешавад.

Молики иттилоот хукук дорад ба макомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санчиши воситахои хифз ва гирифтани хулосахои дахлдор мурочиат намояд.

Таъсис ва мутобикати системаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоотро оид ба талаботи бехатарии иттилоот макоми давлатии ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардонад, ки он дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудаст, фаъолият мекунад.

Макоми давлатие, ки сертификатсияи воситахои хифзи иттилоотро ба чо меорад, ичрои вазифахои зайлро таъмин менамояд:

–               ташкил ва мутобик кардани системахои сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот ба талаботи бехатарии иттилоот;

–               ташкил ва кор кардани системахои сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот;

–               муайян намудани фехристи воситахои хифз, ки бояд хатман сертификатсия карда шаванд;

–               мукаррар намудани коидахои ваколатдоршави  барои гузаронидани корхо оид ба сертификатсия;

–               тахия ва тасдики хучатхои меъёри ва методии системахои сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот ;

–               тартиб додани руйхати давлатии иштирокчиён ва объектхои сертификатсия;

–               ба чо овардани назорати давлати (аз чумла бозраси) барои риоя намудани коидахои сертификатсия ва воситахои сертификатсияшудаи хифзи иттилоот;

–               баррасии шикоятхо оид ба масъалахои сертификатсия;

–               ташкили нашри давравии маълумотхо оиди системаи сертификатсия, талабот ва коидахои он, бо нишон додани фехристи воситахои хифзи иттилоот, ки бо параметрхои сертификатсияшавандаи онхо бояд  сертификатсия карда шаванд, фехристи макомот оиди сертификатсияи намудхои муайяни воситахои хифзи иттилоот, фехристи марказхои (лабораторияхои) озмоиши, фехристи хуччатхои меъёри ба мутобикати талаботхое, ки аз руи онхо сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот гузаронида мешавад ва хуччатхои методи оиди гузаронидани озмоишхои сертификатсиони;

–               мутобик кардани фаъолияти макомоти сертификатсия ва макомоти озмоиши (лабораторияхо), ки ба системаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот дохиланд.

Системаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот бо талаботи бехатарии  иттилоот аттестатсияи объектхои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дар бар мегирад ва бояд бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта шаванд.

 

Моддаи 16. Сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот

Тахти мафхуми объектхои иттилоотони, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд, системахои автоматии (АС) сатххои гуногун ва таъинотхо, системахои алока, тасвир ва нусхабардории хуччатхо дар якчояги бо бинохое, ки дар онхо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд хифз карда шаванд, инчунин худи бинохо, ки барои бурдани гуфтугухои махфи пешбини гардидаанд, фахмида мешавад.

Мавриди сертификатсияи хатми воситахо, аз чумла истехсоли хоричи, ки барои хифзи иттилоот таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо махдудияти дастраси, инчунин воситахое, ки дар идораи объектхои аз чихати экологи хатарнок истифода мешаванд, карор мегиранд.Фехристи воситахои хифзи иттилоот, ки бояд хатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи макомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоотро мутобик менамояд, кор карда баромада ва тасдик карда мешавад.Дар холатхои бокимонда сертификатсия хусусияти ихтиёри (сертификатсияи ихтиёри) дорад ва бо ташаббуси тахиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситахои хифзи иттилоот ба чо оварда мешавад.

Озмоиши воситахои хифзи иттилоот аз тарафи марказхои (лабораторияхои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онхо ё бо мувофика бо макоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоотро мутобик мекунад, дар базаи аризадиханда гузаронида мешавад.

Асоси гузаронидани корхо ба сертификатсияи шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия мебошад.

Харочоти гузаронидани сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил карда мешавад.

Карори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаходатномаи ваколатдориро макоми давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситахои хифзи иттилоотро мутобик менамояд, кабул мекунад.

Макомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситахои хифзи иттилоот ба амал мебароранд ва марказхои (лабараторияхои) озмоиши барои ичрои вазифахои ба зиммаашон гузошташуда,таъмини нигохдории сирри давлати, дигар маълумотхои махфи, инчунин барои риояи хукукхои муаллифии аризадихандагон хангоми озмоиши воситахои хифзи иттилооти онхо чавобгар мебошанд.

Дар бораи амалхои гайриконунии макомоти сертификатсияи мумкин аст ба тарики суди шикоят карда шавад.

 

БОБИ IV. ФАЪОЛИЯТИ  БАЙНАЛМИЛАЛИ  ДАР  CОХАИ ХИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 17. Хамкори доир ба масъалахои хифзи иттилоот

Бо максади таъмини хамкории байнидавлати, макомоти давлатии аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдоршуда кори худро оиди хифзи иттилоот бо макомоти хифзи иттилооти дигар давлатхо тибки санадхои хукукии байналмилали, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, хамоханг месозанд.

 

БОБИ V. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 18. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Барои вайрон намудани талаботи Конуни мазкур чавобгари мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Товони зарари расонидашуда дар хачми пуррааш бо рохи ихтиёри ё бо тартиби суди руёнида мешавад.

 

Моддаи 19. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз нашри расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                                       Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе 2 декабри соли2002

№71

 

 

 

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …