Главная / Гуногун / Хичо чист? Дарс дар Донишгох

Хичо чист? Дарс дар Донишгох

Cоли севуми донишгох, аз дарси ихтисосии хичо имтихон доштем. Муаллифи китобе, ки аз руи он дарси хичо мехондем, Сиёев Бекмурод буд. Шояд бовари кас наояд, вале дар соли севуми донишгох устод Бобомуродов ба мо хичо меомухт. Он хам аз забони модари. Яъне хичо чист, чи гуна вожаро ба хичохо таксим мекунанд ва гайра. Мавзуе, ки дар синфи сеи мактаби ибтидои таълим дода мешавад.

Устодони Донишгох вакти имтихонгири ба хамдигар ёри мекарданд. Он руз гайр аз устод Бобомуродов, устоди дигаре хам дар синфхона нишаста, аз шарикдарсон имтихон мегирифт ва ба хамкораш ёри мекард. Вакте навбати ман омад, ин устоди ношинос холи шуд ва ман ба назди он кас нишаста, ба саволхо чавоб додам. Чавоб додан ба саволхо тамоман осон буд. Як чумла ва як байт буд, ки бояд онро ба хичохо таксим мекардам. Устод пас аз чавобхои ман як саволи иловагие хам дод ва аз чавоби ман хеле хушаш омад. Дафтарчаи имтихони маро ба устод Бобомуродов дароз карда:

  • Ба ин кас панч монед, – гуфт, устоди ёрикунанда ичозаи дар дафтарчаи имтихон имзо гузоштан надошт.

Устод Бобомуродов:

  • Не, ман ба ин кас чор мемонам, – гуфт.
  • Не, муаллим! Бахои ин кас панч! Хакку халол! Мана, ху- датон савол дода бинед, – боз исрор кард муаллими ношинос.

Бобомуродов:

  • Мана махалчи мегуянд, ба хамшахраш руйбини кард мегуянд, – гуфта гур-гур кард.
  • Муаллим Шумо аз кучоед? – пурсидам ман, беихтиёр.

Устоди ношинос худашро дошта натавониста хандида фири- стод. Бобомуродов бо кавоки овезон «панч» монда, дафтарчаро ба суям тела дод.

Аз синфхона баромада, аз хамдарсон пурсида фахмидам, ки номи устоди ношинос Бекмурод Сиёев – муаллифи китоби дарси будааст.

Вакте ки ба тичорат огоз кардам, чун нияти бо колои сохт- мони машгул шудан доштам, хисоби аввалини бонкиямро дар шуъбаи Промстройбонки нохияи Рохи Охани шахри Душанбе гушодам. Хануз хам тибки коидахои бонкдории замони шурави хисоби бонкии корхонахои сохтмони бештар дар хамин бонк боз мешуд. Ба зуди бо раиси бонк ошнои пайдо кардам ва дуст хам шудем. Рузе раис вокеаи ба гуфташ бесобикаро бароям накл кард.

Як нафар муштарии бонк ба яке аз шуъбахои бонк ба маб- лаги сад миллион сум чеки махдуд дода, бор харидааст ва молро тахвил гирифта, фурухта гайб задааст. Казия факат баъд аз як мох, вакте ки он шуъба чекро бо дархост ба бонк мефиристад, ошкор мешавад. Чун дар хисоби бонкии харидор маблаг мавчуд набуд, расвоие барпо мешавад. Ин кулохбардор дар пайгард карор гирифт ва номаш эълон шуд, ки Чамшед Сиёев – писа- ри хамон устоди начиб Бекмурод Сиёев буд. Бо гузашти чанд сол Чамшед Сиёев бо кадом рохе казияро харида баргашт ва даст ба кулохбардории дигаре зад, ки соле вирди забонхо буд.

Ин дафъа, у ширкати хирами (финансовая пирамида) рох андохта, сабабгори хонабапушт шудани мардуми зиёд гардид. Пирамида дар асл кулохбардори буда, ба хисси харисии одам асос ёфтааст. У ба мардум як теъдод мухраро бо кимати боло мефурухт ва карордод мебаст, ки пас аз як хафта ин мухрахоро дар ришта кашида, оварда биспоранд ва маблаги сарфкарда- ашонро бо изофаи панчох дар сад дарёфт кунанд. Мохи аввал хамин таносубро нигох дошт ва ором-ором мухлати пардох- тро дарозтар ва дарсади фоидаро камтар кардан гирифт. Баъд аз як муддат дар пардохт ба хар бахона таъхир карда, вале фуруши мухраро бештар намуд. Ин тичорат бояд хадди аксар дах-дувоздах мох идома карда, дар охир маблагхои бузургеро чамъ меовард ва ташкилкунандагонаш якбора гайб мезаданд.

Вале теъдоди талабкоронаш хеле зиёд шуданд ва кисми онхо шикоят карданд. Ташкилкунандагони ин гуна кулохбардорихо одатан, маблаги муайянро хадаф мегузоранд ва бо ба даст овар- дани он гайб мезананд, ки пас аз пошхури дар пахнои Шуравии собик зиёд иттифок афтода буд. Вале «кахрамон»-и мо пеш аз он, ки фирор кунад, дастгир ва ба муддати тулони махкум ба зиндон шуд. Нохалаф ба чазои сазояш расид, вале пас аз муддате мурдаи падарашро дар хонааш ошкор карданд, ки розаш мармуз монд. Мегуфтанд, ки дар натичаи ин кулохбардории у чандин оилахо аз хам пошид, чандин касон, ки барои фо- идаи муфт аз бонкхо бо гарави амвол вом гирифта буданд, бехонаву дар шуданд. Касе надонист, ки марги муаллим аз касоси карздорон буд ё устоди бечора бори ин шармандагиро бардошта натавониста, худашро нобуд кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …