Главная / Гуногун / Херодот мегуяд:

Херодот мегуяд:

Киаксор подшохи модхо буд. У пас аз хукмронии 40-сола аз олам гузашт ва ба чойи у писараш Астиог подшох шуд. Аз у духтаре ба дунё омад, ки номи уро Мандона хонданд. Чун духтар ба балогат расид, шох хоб дид, ки духтараш чунон бисёр мезидааст, ки на факат мамлакати модхо (Эрони хозираро) балки тамоми Осиёро пахш кардааст. Пас у хамаи кохинонро даъват намуда, гуфта аст, ки таъбири хоби уро биёбанд. Онхо гуфтаанд : – Аз духтари ту писаре ба дунё меояд, ки на факат тахту точи туро мегирад, балки ба тамоми Осиё хукмрон мегардад.

Херодот
Хайкали Херодот

Сипас Астиог ба хулосае меояд, ки духтарашро на ба модхо, балки ба форсхо, ки дар Осиёи Миёна зиндагони мекунанд, ба шавхар дихад. Камбис, ки дорои ахлоки нек, ботамкин ва шохзодаи маъруфи Форс аст, ба шавхар бидихад. Хамин тавр хам мекунад. Аммо дар вакти хомиладории Мандона Шох боз хоб дид, ки аз батни духтараш навдахои токи ангур баромада Осиёро фаро гирифтаанд. Кохинон боз гуфтанд, ки набераи ту подшох шуда, чойи туро мегирад.

Аз ин лихоз, Шох ба зудди духтарашро ба дарбори худ оварда, дар зери назорати сахт нигах дошт. Астиог, пас аз таваллуди духтараш, шахси аз хама боваринок, хешованди наздики худ, хокими тамоми боигарии шохонаи худ Горпогро даъват намуда гуфт: – Горпог! Ман ба ту супориши чидди медихам. Онро ба таври чидди ичро кун. Маро фиреб надех. Фирефтаи манфиати дигар шуда, бо гунохи худ ба катл нарав. Кудаке, ки Мандона таваллуд кардааст, бигир, ба хонаи худ бибар ва бикуш. Пас чихеле ки мехохи хамон тавр гур кун.

Горпог посух дод: – Шох! Кабл аз ин хам ягон асос надошти, ки маро гунахкор куни. Дар оянда хам ман коре мекунам, ки туро наранчонам. Агар хохиши ту чунин бошад, вазифаи ман аз ин иборат аст, ки онро бечуну чаро ичро кунам.

Савол: Пас чи шуд?

Чавоб: Чун кудакро ба дасти Горпог доданд, мегуяд Херодот, алакай ба тани у перохани дафни пушонида буданд, ки Горпог ба ин тоб оварда натавониста бо оби дида ба хона баргашт. У ба хамсараш хар чи ки Шох гуфта буд, накл кард. Хамсараш пурсид: – Акнун ту чи кор мекуни?

Горпог гуфт: – Ман, албата гуфтаи Астиогро ичро намекунам ва агар чи шох боз хам беакли зохир кунад хам. У аз бехиради кур шудааст. Чи ки набошад ман иштирокчии чунин марги дахшатнок шудан намехохам. Кабл аз хама ин кудак хешованди ман аст. Илова бар он Астиог алакай пир аст ва вориси мардина надорад. Пас аз марги у агар Мандона ба сари кудрат ояд, ба хонадони мо марг тахдид хохад кард. Вале ба хотири тинчии худ кудакро бояд бо дасти дигарон, одамони худи Астиог бояд кушт.

Инро гуфту хамоно ба чупони чорвои Астиог, ки дар кисми шимолии куххои Хамадон чойгир буд, одам фиристод. Чун ба тези чупон расида омад ба у гуфт: – Мехрдод! Астиог супориш дод, ки ин тифлро ба баландии кух, он чойе, ки хайвонхои дарранда бисёранд, бигзори то ки онро хайвонхо бихуранд. Дар акси хол чазои сахттарин туро интизор аст.

Хамсари дахмарда Кино (Спако) ном дошт, ки ба забони модхо маънои “Саг”-ро дорад. У дучон буд. Ба болои он шавхарашро бесабаб, ба тези набурданд. Аз тарс мурда таваллуд кард. Чун шавхарашро дид, хамоно саволборон кард. Дахмарда он чи ки аз дояхо шунида буд, накл намуда гуфт: – Чун ба хонаи Горпог ворид шудам, нолаи ахли оилаи уро шунида, дар хайрат мондам. Шох фармудааст, ки ман ин кудакро ба кухсор партофта, туъмаи хайвонхои даранда гардонам. Дар акси хол маро чазои сахттарин интизор аст.

Кино сухани шавхарашро шунида ба зорию тавалло даромад, ки шавхараш ин корро накунад, вале чун аз газаби Шох ёдовар шуд, хамоно гуфт: – Ба таваллуди кудаки ман рузхои башумор монда буд. Вале чун туро бурданд аз тарс пагохи мурда таваллуд кардам. Ту метавони либосхои шохонаи ин кудакро ба бачаи мо пушонида ба сахро бари. Ин кудакро ба ман бигузор хамчун фарзанди худ тарбия кунам. Бигзор мурдаро даррандахо хуранд.

Пас аз 3 руз дахмарда ба Горпог хабар дод, ки рафта кудакро бинанд. Горпог ашхоси бовариноки худро хамрохи дахмарда барои дидани мурдаи кудак фиристод. Онхо ба марги у бовари хосил карда, уро гурониданд.

Куруш 10-сола шуд, вале аз гузаштаи талхи худ хабар надошт. Чун хамрохи бачахои куча бози мекард аз хама доно ва пуркуват хамин буд. Рузе бачахо уро дар бози шох таъин карданд. У бошад ба хар як бача як супориши махсус дод; якеро вазир, дигареро химоятгари шох – хулоса хар як бача ба як вазифаи махсус сохиб шуд.Дар катори ин бачахо писари шахси муътабари дарбор – Артембор хам буд. Вале ин бача супориши Курушро ичро накард. Куруш фармуд, ки уро баста биёранд ва риштаро бофта ба тахтапушти у бизананд.

Рузи дигар Артембор ба назди Шох омада вокеъаи бо писараш руй додаро накл карда, тахтапушти писарашро ба шох нишон дод. Шох бошад супориш дод, ки дахмардаро бо писараш биёранд.

Чун Куруш ба назди шох омад. Шох ба Куруш нигох карда гуфт: – Ин туи писари одами нобакор, чурат пайдо карда, писари шахси муътабарро тахкир куни?!

Бача чунин чавоб дод: – Чаноб! Ман бо у бо адолатона рафтор кардам. Бачахои дехаи мо дар вакти бози маро ба худ шох таъин карданд. Онхо хулоса карданд, ки ман ба ин вазифа бештар сазоворам. Бачахои дигар ба ман гуш карданд, вале ин гапнодаро буд, то чазояшро надид, ба фармони ман эътибор надод. Агар барои хамин ман гунахгор бошам, мархамат, ман ба хукми ту тайёрам.

Баъд аз ин суханхо Астиог хамоно бачаро шинохт. Чехраи бача хам хеле бовикор ва озодона буд. Бо супориши шох бачаро ба дарбор бурданд. Астиог бо чупон танхо монда уро истинток кард, вале дахмарда “Ин бачаи ман, модараш зинда” гуён сирпуши мекард. Шох ишора кард, ки адабашро бидиханд. Сипас чун дахмардаро оварданд хамоно хамаи сирхоро ошкор сохт ва дар охир аз Шох илтичо кард, ки аз гунохаш бигзарад.

Баъд Шох Горпогро пурсид: – Горпог! Хамон вакт ту чи хел бачаи духтари маро кушти?

Горпог зуд фахмид, ки дахмарда дар ин чо аз ин лихоз у хакикатро гуфт: – Шохам, чун ту кудакро ба ман доди, ман андеша кардам, ки рузе дар назди ту ва духтарат гунахкор нашавам. Аз ин лихоз, чупони молхои туро даъват намуда, кудакро ба у супоридам ва уро огах кардам, ки кудакро дар баландии кух гузорад ва худаш огах шавад, ки хатман кудак бояд бимирад, вагарна уро азоби хеле сахт интизор аст. Ва пас аз 3 руз ба одамони бовариноки дарбор супориш додам, ки рафта мурдаи бачаро бо чашмонашон бинанд. Онхо рафта диданд ва кудакро дар он чо гуронида, ба ман хабарашро доданд.

Астиог суханони Горпогро бо диккат гуш карда аз кахр фаромаду ба Гарпог гуфт: – Ман хамаашро аз дахмарда шунидам. Хуб шуд, ки бача зинда монд, ман рухан дар азоб будам, ки ба бадбинии духтарам чи хел тоб меорам. Акнун ки хама корхо ба хуби анчом ёфт, ту писаратро ба дарбор бифирист, бигузор у хамрохи бача бошад. Ман ба ин муносибат зиёфат медихам, бояд ту хам иштирок куни. Ман мехохам ба ин муносибат бахри худоёне ки бачаро баргардониданд, курбони кунам.

Горпог ин суханро шунида ба пеши пои шох афтод. У хеле шод шуд, ки хама кор ба хуби анчом пазируфт. Зуд ба хона омада фарзанди яккаву ягонаи худ, ки нав ба синни 13 солаги кадам монда буд, ба дарбор фиристонд ва бо шавки зиёд хамаи вокеъахои руйдодаро ба хамсараш накл намуда, хурсанди мекард.

Чун писари Горпог ба дарбор омад хамоно бо супориши шох бачаро кушта як кисми гушташро бирён ва кисми дигарашро ба об пухта, дасту по ва каллаи бачаро дар халтаи махсус нигах доштанд. Хамин, ки базм огоз шуд ба хамаи мехмонхо аз гушту равгани гусфанд хурок дода, ба сари мизи Горпог хуроки аз гушти бачааш тайёр шударо гузоштанд. Пас аз хурдани таом Шох ба назди Горпог омада пурсид: – Хуроки додаам чи хел аст?

– Хеле болаззат, шохам, ман аз он лаззат бурдам.

Астиог ишора кард, ки халтаро биёранд.

Шох супориш дод, ки Горпог халтаро боз кунад. У халтаро боз карда кисмхои аз тан чудо шудаи писарашро дид. Шох гуфт: – Акнун диди шох ба чи кудрат дорад?

Горпог худро ба даст гирифта, гуфт: – Хар коре ки шохам раво медонад, барои ман кобили кабул аст.

Сипас Горпог ба болои дасту по ва каллаи бе тани чигарбандаш устухонхои писарашро чинда ба халта андохту гирифта рафт.

Хамин тавр шох Горпогро чазо доду баъд кохиноне ки таъбири хоби уро кушода буданд, даъват намуда аз нав онхоро пурсид. Хамаи онхо тасдик карданд, ки он бача ба дунё омада, билохира чойи туро мегирад. Баъд Астиог гуфт: – Бача зинда, дар кайди хаёт аст. Дар деха дар вакти бози бачахо кобилияти баланди уро дида шох интихоб кардаанд. У айнан ба мисли мо, ба хар як бача вазифаи давлатдориро супорида аз онхо кор талаб мекунад.

Кохинон хама бо як овоз гуфтаанд: – Агар бача дар вакти бози вазифахои подшохиро адо карда бошад, дигар у харгиз Шох нахохад шуд. “Ман хам дар чунин акидаам – гуфт Астиог, – вале бо вучуди он шумо бояд ба таври чидди дар ин хусус ба ман маслихат дихед.

– Шох! Барои мо хам мухим аст, ки сохиби тахту точ ту боши. Агар давлат ба дасти ин бачаи форс афтад, пас мо модхо ба дасти бегонагон меафтем, гулом мегардем, форсхо моро хамчун бегонагон дуст намедоранд. Чун ту шохи хамаи мои, мо хамакидаи туем, мо хам дар идораи давлати ту бо ифтихор сахмгузорем. Модом, ки хобат бехуда баромад, акнун мо хам аз хеч чиз сари тарс надорем ва ба ту хам маслихат медихем, тарсу бимро аз худ дур андоз. Ин бачаро дафъ кун, бигузор ба назди падару модараш – ба Форс биравад.

Маслихати кохинонро гуш карда, хурсандона Курушро даъват кард ва сухани зеринро ба у гуфт: – Бача! Ман туро аз бахри хоби бехуда ранчонидам ва бо амри такдир ту зинда монди. Акнун сихат саломат ба Форс баргард. Ман ба ту хамсафархо медихам. Падару модаратро меёби, онхо ба мисли дахмарда ва хамсари у одамони паст нестанд.

Хамин, ки Куруш ба хонаи Камбис баргашт уро фахмида ба бусакуни даромаданд. Онхо фикр карда буданд, ки у кайхо фавтида аст. Уро мепурсиданд, ки чи тавр зинда монд. У накл намуд, ки пештар дар ин бора чизе намедонистам. Факат дар рох аз такдири талхи худ огах гардидам. Ман гумон мекардам, ки писари чупони Шох мебошам. У дар бораи хаёти худ накл намуда, хар замон хамсари чупон Киноро таъриф мекард. Аз ин лихоз, атрофиёни Куруш, – мегуяд Херодот, – ин номро сахт капида, барои дабдабанок шудани тарчумаи холи Куруш  накл мекарданд, ки дар вакти кудакро дар кухистон танхо партофта рафтан саг шир дода ба воя расонидааст.

Куруш руз аз руз дар байни хамсафони худ тахамтан мегардид. Хама уро дуст медоштанд. Горпог барои аз Астиог касос гирифтан кушиш мекард ба боварии Куруш даромада гирад. Аз ин чихад у ба Куруш тухфахо мекард. У медонист, ки як худи у ба мукобили Астиог истода наметавонад. Аз ин лихоз Горпог дид, ки Куруш ба воя расида пуркувват мегардад ва у баробари Горпог аз шох мусибат дидааст ва аз ин лихоз уро иттифокчии худ интихоб кард.

Вале барои хамин Горпог бо хамаи одамони намоёни модхо алокаашро мустахкам кард, то ин ки Астиогро сарнагун карда Курушро ба чои у оранд. Чун Горпог хамаро ба суи худ кашид, хост, ки дар бораи акидаи худ Курушро огах созад. Аммо Куруш дар мамлакати Форс мезист ва тамоми роххо дар дохили мамлакати Модхо мухофизат карда мешуд. Рохи дигар набуд. Пас Горпог рохи айёриро фикр карда баромад. У харгушро тайёр кард. Барои ин ишками харгушро чунон чок кард, ки пусташ номаълум бимонад. Ва дар он чо мактуби худро ба Куруш чой дод. Сипас ба шахси бовариноки худ харгушро бо тури шикори супорида ба Форс фиристод.

Чун Куруш шиками харгушро чок карда мактубро гирифт, дар он чунин навишта шуда буд: “Писари Камбис! Худо туро нигох дошт. Вагарна ту ба ин бахти бузург сохиб намешуди. Аз кушандаи худ, Астиог касосатро бигир! У туро ба куштан дода буд, факат бо хохиши Худо ва ман, ту зинда монди. Ман бовари дорам, ки ту дар бораи бадбахтихои худ огахи.

Акнун, агар ту ба ман гуш дихи, тамоми мамлакати Астиог азони ту хохад шуд. Форсхоро бовар кунон, ба мукобили Астиог шуриш бардоранд, ту ба Мод хучум кун. Агар Астиог дар чанг бар зидди ту маро хамчун сарлашкар гузорад ё шахси дигарро аз модхо, ту ба максад хохи расид. Онхо якум шуда ба тарафи ту мегузаранд. Дар ин чо хама тайёр, маслихати моро гуш кун, тезтар хучум кун”.

Куруш ин мактубро хонда, фикр кард, ки чи тавр форсхоро ба мукобили Астиог бархезонад. У мачлиси халкии форсхоро даъват кард. Сипас гуё номаи Астиогро боз карда хонд, ки Астиог уро сарлашкар таъин кардааст. Дар нутки худ Куруш гуфт: – Акнун форсхо ман ба хамаи Шумо фармон медихам, фардо бо достхои худ мусаллах шуда биёед.

Хамин ки форсхо бо достхои худ, хозир шуданд Куруш фармон дод, ки як майдони васеъ, ки аз хорзор иборат шуда буд, тоза кунанд. Чун бо машаккат он майдонро тоза карданд Куруш ба онхо гуфт: – Акнун фардо шусту шуй карда, бе ярок ба хамин чо хозир шавед.

Куруш гусфанду буз ва говхои падарашро ба як чо чамъ намуда, супориш дод, ки онхоро бикушанд ва таъомхои гуногун тайёр кунанд. Пас аз анчоми хурокхури Куруш аз лашкари навбунёд пурсид: – Кадом руз барои шумо бехтар буд, имруз ё дируз?

Хама гуфтанд: – Дируз захмати зиёди бесамар буд, имруз рузи хуб аст. Гуфтаи онхоро таквият дода, Куруш максади худро иброз намуд: – Артиши форс! Гап дар ин аст! Агар шумо аз паси ман рафтан хохед, ба шумо чунин неъмати модди муяссар мегардад, мумкин аз ин хазорхо карат зиёд хам бошад. Агар нахохед шуморо дируза барин ё даххо карат зиёд машаккат интизор аст. Аз ин чихат аз паси ман биёед, озоди ба даст меоред.

Ман бо хости Худо таваллуд шудам, ба ин бовари дорам озодии шуморо таъмин кунам. Ман бовари дорам, ки шумо аз модхо хамчун афсари форс мондани надоред. Барои хамин шумо бояд тезтар аз хукми Астиог фориг шавед.

Куруш як кисми форсхоро чамъ карда ба мукобили модхо бархезонд. Хамаи форсхо, мегуяд Херодот, аз ин кабилаи форсхо вобастаги доранд; форсхо, форсгардхо, пахлавихо ва кабилахои маспи. Аз байни онхо аз хама шучову далер форсгардхо мебошанд, ки авлоди хахоманишхо аз онхо иборатанд. (Баромади хахоманишхо мувофики гуфтаи даххо мухаккикони аврупои дар асоси мадракхои кадим ва хатхои мехии бозёфтшуда, аз авлоди турониёни кадим мебошанд, ки бори аввал усули давлатдории шохонаро ба по монда буданд. Ин авлод, яъне турахо, то имруз дар шахри кадимаи Ур (Нур) ва холо Истаравшан, бори аввал, пас аз Обхезии Умумичахони шохи худро ба сари кудрат оварда, точ гузошта буданд. Подшохи нахустин Ур-хам ном дошт. Ур-хам шахри худро бо бунёди девол аз хучуми беруна мухофизат карда буд.

Далели дуюм аз он иборат аст, ки Куруши Кабир хар сари чанд вакт, дар тобистон ба шахри Ур (Нур) омада истирохат мекард.

Сеюм далел аз он иборат аст, ки ба хотири авлоди гузаштаи худ, дар кисми гарбии шахри Истаравшан шахр бунёд намуд, ки ин шахрро юнониён Кирополис ном доданд.

Дигар кабилахои онхо, мегуяд Херодот, аз панфилхо, дерусихо, германихо иборат буданд, ки бо дехкони – замин сару кор доранд, кабилахои дигари форсхо аз дайихо, мордхо, дропикихо иборат мебошанд, ки асосан кучманчи мебошанд.

Акнун форсхо дохии худро пайдо карданд, барои аз асорати модхо начот ёфтан хурсанди мекарданд. Кайхо хукмронии модхо барои форсхо дилбазан шуда буд, мегуяд Херодот. Чун тайёрии форсхо ба гуши Астиог расид хамоно ба Куруш нома фиристод, ки ба тези биёяд. Куруш ба сафири Астиог фахмонд, ки ба Шох бигуяд: – Куруш пештар ба назди у хохад рафт, агар ба у майл вайдо шавад.

Ин чавобро шунида Астиог хамоно ба хамаи модхо мурочиат кард, ки мусаллах шаванд. Горпогро сарлашкар таъин кард. Худо, мегуяд Херодот, акли уро рабуд, ба шахсе, ки инкадар мусибати вазнинро раво дида буд, бовар карда, такдири тамоми куввахои харбии модхоро ба у месупорад?

Чун модхо ба мукобили форсхо ба чанг даромаданд, як кисми хеле ками артиши модхо чанг карданд, кисми дигараш гурехтанд ва тарафдорони Горпог ба форсхо хамрох шуданд.

Астиог ин вокеъаро шунида, аввал кохинонро ба мех шинонида кушт, ки хоби уро таъбири дуруст накарданд. Сипас тамоми халк – пиру барноро мусаллах намуда, ба чанг даромад ва шикаст хурда худи шох асир афтод.

Хамин тавр Астиог пас аз 35-сола хукмрони аз тахт афтод. Окибати берахми, мегуяд Херодот, ба модхо, ба он бурда расонид, ки ба тасарруфи форсхо дароянд.

Хукмронии модхо дар Осиё хамаги 128 сол тул кашид.

Куруш ба Астиог берахми накард. Факат уро то охири умраш дар итоати худ (хабси хонаги) нигох дошт.

Иктибос аз асари Херодот

“Таърих”

Херодот муаррихи Юнони Кадим

буда, дар асри 5 пеш аз милод

хаёт ба сар бурдааст.

Ниг: “Историки античности”.

Москва, 19 89. ч. 1. ва Иброхим Умарзода.

“История цивилизации арийцев”

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …