Главная / Биология / Хазми хурок дар ковокии дахон

Хазми хурок дар ковокии дахон

Ковокии дахон. Дар ковокии дахон хурок чашида, майда хоида ва бо оби дахон тар мешавад. Дар майда кардани хурок дандонхо ва забон иштирок мекунанд. Одамони калонсол 32 дандон доранд. Сохти онхо вобаста ба вазифаашон гуногун аст.

Дар чогхои болою поён аз пеш чортои дандонхои пахни пеш чойгиранд. Баъди онхо аз хар ду тараф яктои дандони пеш ва ашк чой гирифтааст. Одам хурокро бо дандонхои пеш ва ашк мегазад.

Хазми хурок дар дахонАз паси дандонхои ашк аз хар ду тараф дутои дандонхои хурди курси ва сетои дандонхои калони курси чойгиранд. Одам бо дандонхои курси хурокро майда карда мехояд. Хар як дандон аз реша, ки ба сурохии чукури устухони чог даромадааст, гардана, ки ба милк фуру рафтааст ва руйкаш, ки дар ковокии дахон чой гирифтааст, иборат мебошад. Руи руйкашро сири сахти дандон мепушонад, ки дандонхоро аз фарсудаги ва дохил шудани микробхо мухофизат мекунад. Зери сир моддаи сахти устухонмонанд дентин мавчуд аст. Даруни дандон ковок мебошад. Бофтаи пайвандии магзи дандон ковокии дандонро пур кардааст, ки рагхои хун ва асаб дорад.

Кудаки навзод дандон надорад. Такрибан аз шашмохагикудакон дандони шир мебароранд, ки дар синни 8-12-солаги онхо рехта, бар ивази он дандонхои доими мебароянд. Чуфти охирини дандонхои одам, яъне дандонхои акл, одатан дар синни 24-26-солаги мебароянд.

Хурок чи кадар бодиккат майда карда шавад, хамон кадар ферментхо хубтар тайёр мешаванд. Хуроке, ки хуб хоида намешавад, кори гадудхои хозимаро душвор намуда, боиси пайдоиши бемории меъда мегарданд.

Дандонхоро эхтиёт кардан лозим аст. Барои ин риояи коидахои гигиенаи пешгири кардани фарсудашавии дандонхо – нашикастани чормагз, донак, нахоидани устухон ва кандхои хеле сахт, инчунин нахурдани оби хунук ва яхмос пас аз хуроки гарм тавсия карда мешавад. Дар сурати риоя накардани коидахои бехдошти сири дандон кафида, ба моддаи дандон микроб дохил мешавад. Дар натича дандон дард карда, охиста-охиста фарсуда мешавад.

Бокимондахои хуроке, ки дар миёни дандонхо чамъ мешаванд, барои афзоиши микробхо мухити мусоид фарохам меоваранд.

Барои бартараф кардани онхо хар руз пеш аз хоб дандонхоро тоза кардан ва баъд аз хурок дахонро бо оби ширгарм чайкондан лозим аст. Барои тоза кардани дандонхо хока ва хамираи дандоншуии пешгиркунандаи илтихобро ба кор бурда, чуткаро мунтазам собуншу ва оби гарм чайконидан ба маврид аст.

Хатто хангоми каме зарар дидани дандон зуд ба духтури дандон мурочиат кардан лозим аст. Дандони зарардида ба бемории сироятии организм мусоидат мекунад.

Асбобхои хозиразамони тибби ва дорухои навтарин ба духтурон имконият медиханд, ки дандонхоро беозор муолича кунанд. Мо хангоми хоидани хурок онро бо ёрии забон хар тараф мегардонем. Забон ретсепторхои зиёде дорад, ки ба туфайли онхо тамъ, хусусиятхои механики ва харорати хурокро хис мекунем.

Одам лаззати хуроки хушкро хис карда наметавонад. Хурок дар дахон бо оби дахон тар мешавад. Онро се чуфт гадуди оби дахон ва гадудхои сершумори пардаи луобии забон ва ковокии дахон чудо мекунанд. Гадудхои оби дахон дар як шабонаруз аз 0,5 то 2 литр оби дахон хосил мекунанд.

Оби дахони одам ферментхо дорад, онхо карбогидратхои мураккабро ба карбогидратхои соддатарин тачзия мекунанд. Оби дахон реаксияи ишкории паст ва моддаи махсуси бесирояткунанда – лизосим доранд. Лизосим осеби луобпардаи ковокии дахонро сихат мекунад.

Тарашшухи гадудхои оби дахон ба таври рефлекси дар натичаи ба ангезиш омадани ретсепторхо тавассути моддахои хурока ба амал меоянд. Ретсепторхо дар руи забон ва пардаи луобии дахон чойгиранд. Аз онхо ангезиш тавассути нейронхои хискунанда ба маркази луобчудокунанда, ки дар магзи дарозруя чойгираст мегузарад. Аз ин чо якчоя бо нейронхои харакаткунанда ба гадудхои оби дахон гузаронда мешавад ва онхо оби дахон чудо мекунанд. Чунин аст камонаки оддитарини рефлекси чудокунандаи оби дахон. Маълум аст, ки оби дахон на факат хангоми хурокхури, балки дар вакти дидани хуроки лазиз, хис кардани буйи он ё шунидани садои косаю табак низ чудо мешавад.

Фурубари. Лукмаи хурок аз ковокии дахон ба халк ва баъд ба сурхруда – найи хурди амуди мегузарад. Дар вакти фурубари рохи халкро тагояки болоии халк мепушонад. Деворахои сурхруда мавчвор кашиш хурда, боиси ба меъда харакат кардани хурок мегарданд. Луобе, ки сурхруда чудо мекунад, харакати хурокро осон месозад.

Саволхо: 

  1. Дар ковокии дахон чи хел тагйироти хурок ба амал меояд?
  2. Сохти дандон чи хел аст?
  3. Чаро дандонхоро эхтиёт ва нигохубин кардан лозим аст?
  4. Хангоми дар ковокии дахон майдашавии хурок оби дахон чи ахамият дорад?
  5. Мачрои кадом гадудхо ба ковокии дахон кушода мешаванд?
  6. Чудошавии оби дахон чи тавр танзим карда мешавад?

 Кори амали:

Таъсири ферменти луоби дахон ба крахмал (охар) Тачхизот барои амалиёт: крахмали чушонидашуда, йод, луоби дахон. Дар синф оби ёддор тайёр намуда оид ба ферменти луоби дахони худатон тачриба гузаронед. Дар чубчаи гугирд пахта печонида онро ба луоби дахон тар кунед, бо докаи крахмалкардашудаи луоб

ягон харфро нависед. Докаи хамворкардашударо 1-2 дакика дар даст нигох доред то ки гарм шавад. Докаро ба оби ёддор чойгир кунед. Чойе, ки крахмал дорад ранги кабудро мегирад, чойе, ки бо луоб тар карда шудааст сафед мемонад, барои он, ки крахмал то ба канд тачзия шудан бо йод ранги кабуд намедихад. Ин нишон медихад, ки луоби дахон крахмалро ба канд мубаддал мегардонад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …