Главная / Гуногун / Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони

Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи Хазинаи бойгонии миллИ ва муассисахои бойгонИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1998, № 23-24, мод.326; соли 2008, №12, кисми 2, мод. 1018; с. 2011, №7-8, мод. 617;)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро дар ташкил, хифз, бакайдгири ва истифодаи хуччатхои Хазинаи бойгонии миллии Чумхурии Точикистон, хамчунин идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро дар Чумхурии Точикистон танзим менамояд. (КЧТ №484, 31.12.08)

Моддаи 1. Хазинаи бойгонии милли

Хазинаи бойгонии милли кисми таркибии осори таърихи ва фархангии ватанию чахони, хамчунин захираи иттилоотии чомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, чои таъсис ва шакли моликият мачмуи хуччатхое дохил мешаванд, ки дар Чумхурии Точикистон ва берун аз худуди он махфуз мебошанд ва таърихи хаёти маънавию моддии халкхоро инъикос намуда, арзиши илми, таърихию фарханги доранд.(КЧТ №484, 31.12.08)

minselxoz-taj-2

Хазинаи бойгонии милли тахти мухофизати давлат карор дошта, барои конеъ намудани эхтиёчоти иттилооти, ичтимоию фарханги, илми ва эхтиёчоти дигари чомеа, татбики хукуку манфиатхои конунии шахрвандон мукаррар гардидааст. Давлат шароитбароинигохдори, хифз, ганигардони ва истифодабарии Хазинаи бойгонии миллиро кафолат дода, чихати ноил гардидан ба сатхи чахони дар рушди кори бойгони мусоидат менамояд. (КЧТаз 02.08.11г., №763)

Моддаи 11. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

-бойгонй — муассисаи бойгонй ё вохиди сохтории макоми давлатй, корхона, муассиса ва ташкилот, ки чамъовари, бахисобгири, нигохдори ва истифодабарии хуччатхои бойгониро ба амал мебарорад;

-хуччати бойгонй – хуччати дорои мохияти давлати ва чамъияти, новобаста ба шакли маълумот, инчунин хуччати дорои арзиши таърихй, илми, бадей ва фархднгй, ки нигохдорй карда мешавад;

-ёдгорихои хуччатии нодир – хуччати нодир ё махсусан арзишдори бойгони, ки бо тартиби мукарраргардида ба гурухи ёдгорихои хуччатй до хил карда шудааст;

-хазинаи бойгонй – мачмуи хуччатхои бойгонии як ташкилот ё шахси алохида;

-кори бойгони – фаъолияти шахсони вокеи ва хукуки оид ба чамъовари, бахисобгири, нигохдорй ва истифодабарии хуччатхо бойгони;

-нигохдорин муваккатии хуччатхои бойгони – нигохдории хуччатхои бойгони то мухлати нобудкунии онхо, ки тибки санадхои меъёрии хукукй мукаррар карда шудааст;

-нигохдории доимии хуччатхои бойгонй – нигохдории бемухлат (доими);

-молики хуччатхои бойгонй – шахсони вокеи ва хукуки, ки хукуки сохиби, ихтиёрдори ва истифодабарии хуччатхои бойгониро доранд;

-муассисахои бойгонй – бойгонихои давлати, хазинахои бойгонии сохави, бойгонихои идорави ва байниидорави, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода шуда, чамъовари, бахисобгири, нигохдорн ва истифодабарии хуччатхои бойгониро таъмин менамоянд.(КЧТаз 02.08.11с., №763) 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ №484, 31.12.08)

 

Моддаи 3. Бакайдгирии давлатии хуччатхои Хазинаи бойгонии милли

Бакайдгирии давлатии хуччатхои Хазинаи бойгонии милли аз чониби Макоми ваколатдори бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва муассисахои бойгонии ваколатдорнамудаи он бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 4. Ёдгорихои хуччатии нодир

Ёдгорихои хуччатии нодир он санади Хазинаи бойгонии милли ба хисоб мераванд, ки дорои арзиши хосаи таърихию фарханги мебошанд.

Тартиби ба ёдгорихои хуччатии нодир мансуб донистани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, инчунин нигохдории онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Ёдгорихои хуччатии нодир бояд ба таври хатми сугурта кунонида шаванд.

Шахсоне, ки ёдгорихои хуччатии нодирро нигох медоранд, хукук доранд ба муассисахои бойгонии давлати имконияти тайёр кардан ва истифода бурдани нусхахои эхтиётии ин хуччатхоро диханд.

 

Моддаи 5. Ба Хазинаи бойгонии милли мансуб донистани хуччатхо

Хуччатхои Хазинаи бойгонии милли тахти бахисобгирии хатмии давлат карор доранд. Ворид намудани хуччатхо ба Хазинаи бойгонии милли ё аз он хорич кардани хуччатхо дар асоси экспертизаи арзиши онхо бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдори бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Бахсхои байни муассисахои бойгони ва молики хуччатхо дар бораи масъалахои ба Хазинаи бойгонии милли ворид намудани хуччатхо ё аз он хорич кардани хуччатхо бо тартиби суди хал карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Низоми муассисахои бойгонии Чумхурии Точикистон

Низоми муассисахои бойгонии Чумхурии Точикистонро инхо ташкил медиханд:

Макоми ваколатдори бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон;

бойгонихои марказии давлати;

бойгонихои сохавии давлати;

муассисахои махаллии бойгонии давлати;

бахшхои бойгонии муассисахои илми, осорхона ва китобхонахои давлати;

бахшхои бойгонии макомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилотхои давлати;

бойгонихои (бахшхои бойгонии) иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотхои гайридавлати. (КЧТ аз 02.08.11с., №763)

 

Моддаи 7. Макоми ваколатдори бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Макоми ваколатдори бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – Макоми ваколатдори бойгони) макоми марказии хокимияти ичроияи давлатии махсус ваколатдоргардидаест, ки кори бойгониро дар Чумхурии Точикистон идора менамояд.

Ба зиммаи Макоми ваколатдори бойгони назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузори ва кори бойгони дар макомоти давлати, корхона, муассиса ва ташкилот новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон гузошта мешавад.

Низомномаи Макоми ваколатдори бойгонии назди Хукумати Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

 

Моддаи 8. Бойгонихои марказии давлати

Бойгонихои марказии давлати барои нигохдории доимии хуччатхои бойгонии ахамияти умумидавлати дошта мутобики сохаи худ бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешаванд. Онхо дар сохаи кори бойгони марказхои илмию методи ба хисоб мераванд.

Низомномаи бойгонихои марказии давлатиро Макоми ваколатдори бойгони тасдик менамояд.

 

Моддаи 9. Бойгонихои сохавии давлати

Бойгонихои сохавии давлати бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон барои нигохдории доимии хуччатхои геологи, метеорологи, картографи ва дигар навъхои махсуси хуччатхои бойгони, ки шароити хосаи нигохдори ва истифодабариро талаб менамоянд, таъсис дода мешаванд.

Низомномахои бойгонихои сохавии давлатиро Макоми ваколатдори бойгони тасдик менамояд.

 

Моддаи 10. Муассисахои махаллии бойгонии давлати

Ба муассисахои махаллии бойгонии давлати шуъбахои бойгонии макомотхои хокимияти ичроияи вилоятхо, бойгонихои давлатии вилоятхо ва бахшхои онхо, бойгонихои байнисохавии макомотхои хокимияти ичроияи шахру нохияхо мансуб мебошанд, ки барои нигохдории доимии хуччатхои бойгонии махалли ва идоракунии кори бойгони дар каламрави дахлдор таъсис дода мешаванд.

Низомномаи намунавии муассисахои махаллии бойгонихои давлатиро Макоми ваколатдори бойгони тасдик менамояд.

 

Моддаи 11. Бахшхои бойгонии муассисахои илми, осорхона ва китобхонахои давлати

Ба муассисахои махаллии бойгонии давлати шуъбахои бойгонии макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо, ки дар каламрави дахлдор фаъолияти бойгонидориро идора менамоянд ва бойгонихои давлатии вилоятхо ва филиалхои онхо, филиалхои Бойгонии давлатии марказии Чумхурии Точикистон, ки барои нигохдории доимии хуччатхои бойгонии махалли таъсис дода мешаванд, тааллук доранд.(КЧТ №484, 31.12.08)

Низомномаи бахшхои зикргардидаи бойгонихоро муассисахои илми, осорхона ва китобхонахои давлатии дахлдор бо мувофикаи Макоми ваколатдори бойгони тасдик менамоянд.

 

Моддаи 12. Бахшхои бойгонии макомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати

Макомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатй барои нигохдории муваккатии хуччатхои бойгони, истифодаи онхо бо максадхои хизмати, истехсоли, илми, инчунин барои химояи хукуку манфиатхои конунии шахрвандон бахшхои бойгони таъсис медиханд. Шахсони зикргардидаи хукуки ухдадоранд хуччатхои конунгузории чориро мувофики тартиби мукаррарнамудаи Макоми ваколатдори бойгони ба бахшхои бойгонии худ супоранд.

Мухлати нигохдории муваккатии хуччатхоро дар бахшхои бойгонии макомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Макоми ваколатдори бойгони, бо дарназардошти хусусиятхои фаъолияти макомот, корхона, муассиса ё ташкилоти давлатии дахлдор муайян менамояд.

Бахшхои бойгонии макомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати ухдадоранд пас аз гузаштани мухлати нигохдории сохавии хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, аз чумла аксу овоз ва синамо онхоро барои нигохдории доими ба муассисахои маркази, сохави ё махаллии бойгонии давлати супоранд.

Низомномаи намунавии бахшхои бойгонии макомот, корхона, муассиса ва ташкилоти давлати аз чониби Макоми ваколатдори бойгони тасдик карда мешавад.

 

Моддаи 13. Бойгонихои (бахшхои бойгонии) иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотхои гайридавлати

Иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотхои гайридавлати метавонанд барои нигохдории доими ё муваккатии хуччатхояшон бойгонихо (бахшхои бойгони) таъсис диханд.

Низомномаи намунавии бойгонихои (бахшхои бойгонии) иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотхои гайридавлати аз чониби Макоми ваколатдори бойгони тартиб дода мешавад.

 

Моддаи 14. Бархамдихи ва боздоштани фаъолияти муассисахои бойгони

Муассисахои бойгони тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бархам дода мешаванд.(КЧТ №484, 31.12.08)

Фаъолияти муассисахои бойгоние, ки бе осеб нигох доштани хуччатхои Хазинаи бойгонии миллиро таъмин намекунанд ё талаботи бакайдгирии давлатии хуччатхоро вайрон мекунанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боздошта мешавад.

 

Моддаи 15. Хукуки моликият ба хуччатхои Хазинаи бойгонии милли

Хуччатхои Хазинаи бойгонии милли метавонанд моликияти давлати, коллективи, хусуси ва гайра бошанд. Хукуки моликият ба хуччатхои Хазинаи бойгонии милли мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад.

Молик хуччатхои Хазинаи бойгонии миллиро бо дарназардошти махдудиятхои пешбининамудаи хамин модда сохиби, истифода ва ихтиёрдори менамояд. Молики хуччатхои Хазинаи бойгонии милли хукук, надорад онхоро нобуд созад.

Хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати мебошанд, наметавонанд объекти гайридавлати ва хусусигардони, хариду фуруш ё муомилоти дигари вобаста ба додани хукуки моликият бошанд ва танхо барои истифода дода мешаванд.

Хукуки моликият ба хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлати намебошанд, бо огохии Макоми ваколатдори бойгони ё муассисахои бойгонии ваколатдорнамудаи он дода мешаванд. Дар сурати фурухта шудани ин хуччатхо давлат барои бо нархи фуруш харидори намудани онхо хукуки афзалиятнок дорад. Шартхои хариду фуруш бояд барои хамаи харидорон баробар бошанд.

Хуччатхои бойгонии милли ба хоричиён фурухта намешаванд.

Молики хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки ба таври зарури бе осеб нигох доштани онхоро таъмин намекунад, суд метавонад бо халномаи худ ин хуччатхоро бо пардохти маблаг ба фоидаи Идораи купли бойгони мусодира намояд.

 

Моддаи 16. Таъмини беосебнигохдории Хазинаи бойгонии милли

Моликони хуччатхои Хазинаи бойгонии милли ухдадоранд бе осеб нигох доштани онхоро бо тартиби пешбининамудаи Макоми ваколатдори бойгони таъмин намоянд.

Хамаи дорандагони бойгонихо, сарфи назар аз шакли моликият, хукук, надоранд хуччатхоро бе мувофикаи Макоми ваколатдори бойгони нобуд созанд.

 

Моддаи 17. Додани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли ба нигохдории давлати

Мухлати нихоии нигохдории хуччатхои Хазинаи бойгонии миллиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

Моддаи 18. Имконияти дастрас намудани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли

Хуччатхои Хазинаи бойгонии милли аз лахзаи ворид шуданашон барои нигохдори ба муассисахои бойгони барои истифода дода мешаванд.

Таъсис додани бойгонихои пинхони ё бо рохи дигар махфи тайёр кардани маълумот дар бораи чойхои нигохдории хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки моликияти давлат мебошанд, манъ аст.

Хамаи шахрвандони кобили амали Чумхурии Точикистон хукук доранд хуччатхои Хазинаи бойгонии милли ё нусхахои онхоро истифода баранд.

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд тибки шартхое, ки барои шахрвандони Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, аз хуччатхои Хазинаи бойгонии милли истифода мебаранд.

 

Моддаи 19. Махдудсозии имконияти дастрас намудани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли дар муассисахои бойгонии давлати

Макоми ваколатдори бойгони хукук дорад истифодаи хуччатхои нодирро бо максади таъмини бе осеб нигох доштани онхо махдуд созад ва нусхахои ин хуччатхоро барои истифода дихад.

Ба шахсоне, ки хуччати тасдикгардидаро барои зарурати истифодаи хуччатхои бойгони надоранд, нусхахои онхо дода мешаванд.

Ба манфиати хифзи сирри давлати ва сирри дигари бо конун хифзшаванда, ки дар хуччатхои Хазинаи бойгонии милли махфуз мебошанд, муассисаи бойгонии давлати мувофики тартиби мукарраргардидаи конун истифодаи ин хуччатхоро махдуд месозад.

Ичозати истифодаи хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки мазмуни онхо ба хукуку манфиатхои конунии шахрвандон дахл дорад, бо розигии ин шахрвандон ё намояндагони конунии онхо дода мешавад.

Дар сурати ба муассисахои давлати додани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки пештар моликияти коллективи ё хусуси буданд, шартхои истифодаи минбаъдаи онхо бо моликони пештара мувофика кунонида мешаванд. Тартиби зикргардида метавонад хамчун дар холатхои ба нигохдории давлати додани хуччатхо бидуни тагйир додани хукуки моликият ба онхо мукаррар карда шавад.

 

Моддаи 20. Махдудсозии имконияти дастрас намудани хуччатхои хазинаи бойгонии милли дар бойгонихои (бахшхои бойгонии) иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотхои гайридавлати

Бойгонихои (бахшхои бойгонии) иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, корхона, муассиса ва ташкилотхои гайридавлати хукук доранд имконияти дастрас намудани хуччатхои Хазинаи бойгонии миллиро бо максади таъмини бе осеб нигох доштани онхо ва хифзи хукуку манфиатхои моликони хуччатхо ё дигар шахсони манфиатдор ба гайр аз холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо огохонии макоми ваколатдори бойгони махдуд созанд.

 

Моддаи 21. Тартиби истифодаи хуччатхои Хазинаи бойгонии милли

Тартиби истифодаи хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки тахти нигохдории давлат карор доранд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Тартиби истифодаи хуччатхои Хазинаи бойгонии милли, ки дар бойгонихои гайридавлати ва идорави махфуз мебошанд, аз чониби моликони хуччатхо бо мувофикаи макоми ваколатдори бойгони муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Ба Чумхурии Точикистон ворид намудан ва аз Чумхурии Точикистон, баровардани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли

Ба Чумхурии Точикистон ворид намудан ва аз Чумхурии Точикистон баровардани хуччатхои Хазинаи бойгонии милли бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад.

            Моддаи 221. Хамкорихои байналмилали

Макомоти ваколатдор, муассисахои бойгони ва дигар шахсони вокеи ва хукуки дар доираи салохияташон тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон бо дигар макомот ва муассисахои бойгонии хоричи хамкорихои байналмилалиро метавонанд ба рох монанд, агар ин хамкорихо ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф набошанд. (КЧТ №484, 31.12.08)

 Моддаи 23. Маблаггузори ва таъмнноти моддию техникии муассисахои бойгони

Маблаггузории муассисахои давлатии бойгони аз хисоби бучети дахлдор ва воситахои худи, муассисахои бойгонии дигар бошад – аз хисоби маблагхои муассисони онхо сурат мегирад.

Таъминоти моддию техникии муассисахои бойгони ба зиммаи моликони онхо гузошта мешавад.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ухдадоранд муассисахои бойгониеро, ки хуччатхои Хазинаи бойгонии миллиро нигох медоранд, бо иморат, тачхизоти техники ва захирахои моддии дахлдор таъмин созанд.

Макомот, корхона, муассиса ва ташкилотхои давлати хангоми лоихакаши ва сохтмони бинохои умуми ухдадоранд барои нигохдории хуччатхои Хазинаи бойгонии милли иншооти ба талаботи бе осеб нигох доштани хуччатхо мувофикбударо пешбини намоянд.

 

                Моддаи 24. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ №484, 31.12.08)

 

 

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                               Э. РАХМОНОВ

ш.Душанбе 13 ноябри соли 1998

№704

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Дар хусуси мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1998, №23-24, мод.327)

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони» пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.
  2. ХукуматиЧумхурии Точикистон:

ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар бораи ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунхои Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд;

карорхои худро бо Конуни мазкур мутобик гардонад.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                  С. РАЧАБОВ

ш.Душанбе  13 ноябри соли 1998

№ 705

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

АНГЛИЯ ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

60-уми асри XIX Англия давлати аз хама калонтарини саноатии чахон буд. Махз дар он чо …