Главная / Чамъият / Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 23-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз инхо иборатанд:

– маблагхои ба шохидон, шахсони холис, мутахассисон,  коршиносон (экспертхо) ва тарчумонхо пардохтшаванда;

– маблагхои барои нигохдори, интикол (тахвил) ва тахкики далелхои шайъи харчшуда.

  1. Дар холатхои бо Кодекси мазкур пешбинишуда харочот  вобаста ба пешбурди парвандаи  хукуквайронкунии маъмури нисбати шахси вокеи аз хисоби шахси вокеи пардохт карда мешавад.
  2. Харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури  нисбати  шахси  хукуки, ба истиснои  маблагхои ба тарчумон пардохтгардида аз хисоби шахси хукуки руёнида мешавад. Маблагхое, ки ба тарчумон вобаста ба баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбати шахси хукуки пардохт шудааст, аз хисоби Бучети давлатии Чумхурии Точикистон пардохта мешаванд.
  3. Харочот  вобаста  ба  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури  нисбат ба шахсони вокеи ва хукуки хангоми катъ гардидани  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии  маъмури  нисбати онхо дар холатхои дар Кодекси мазкур пешбинигардида аз хисоби Бучети давлатии Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.
  4. Андозаи харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар асоси хуччатхои ба парванда хамрох кардашуда, ки мавчудият ва хачми масрафхои ба харочот нисбатдодашударо тасдик мекунанд, муайян карда мешавад.
  5. Халли  масъалахои харочот вобаста ба пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури ё катъ  кардани  пешбурди  парвандаи  хукуквайронкунии маъмури нишон дода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …