Главная / Илм / Хардал дар Канзи Шифо (Китоб)

Хардал дар Канзи Шифо (Китоб)

hardal_gorchica-660x330Хардал — инро ба руси горчица меноманд, ки хар як шахсе, ки замин дошта бошад, метавонад парвариш намояд. Барги ин гиёх монанди баргхои турб, вале аз он майдатар, шахшул ва андак тундбуй аст. Пояаш чоркирра, гулаш зард, тухмаш кулулаи сурхи тундтаъм аст. Ин растани навъхои сахрои ва бустони дорад. Дар тиб бустони, яъне богии он истеъмол мешавад, ки баъд аз куфтан зардтоб мегардад.

Мизочаш дар дарачаи чорум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, беморихои сарди вобаста ба холати майна ва бодии монанди: лисаргус (летаргия), фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), суст ва нотавон гаштани узвхо ва дарди сари аз хунуки  ба хам расидаро шифо мебахшад, сурохи бандшудаи сари биниро мекушояд, назлахои сардро манъ мекунад, хамаи дах хисхои баданро равшан ва буро мегардонад, зехнро тез мекунад, иштихоро кувват медихад, дарди чигар ва сипурзро сокин мекунад.

Муйи сарро тарошида, баъд хардалро хамир карда гузошта ба сар банданд, лисаргусро шифо мебахшад, назлаи хунукро манъ мекунад; агар онро бо асал хамир карда, ба пешони гузошта банданд, дарди сарро таскин медихад ва назлахои пай дар пайро манъ месозад, дарди чигар ва сипурзро низ сокин мегардонад.

Агар куфтаи инро дар бини бирезанд ё бо найча ба дарунаш пуф кунанд, каси саръгирифта ва бехушро хушёр мекунад; бачадони хафашударо, ки гох-гох бемораш бехуш мегардад, шифо мебахшад. Инро дар об чушонида, худро ба бухораш бидоранд ва аз шамол хурдан эхтиёт шаванд, гиреххои рагхоро дар даруни гуш мекушояд. Куфтаи хардалро бо об ва асал даромехта, ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ мекунад ва дагалии пилкхои чашмро мулоим ва ислох мегардонад. Хардалро дар об чушонида, ба он об асал даромехта, дар чашм чаконанд, шабкуриро ба ислох меоварад; дар гуш ва ба дандон бичаконанд, дарди луккоси ва дарди дигари хар дуи ин узвро таскин медихад.

Чун тухми тари онро куфта, оби онро фишурда гирифта хушк намоянд ва баъд махин ос карда чун сурма ба чашм кашанд, хамаи беморихои чашмро фоида мебахшад ва пайдо шудани хар хел намудахоро дар он дафъ мекунад. Тухми онро бо анчир якчо куфта, чун шамъча сохта, дар гуш гузоранд, дард ва чаранги онро дафъ месозад. Инро орд барин ос карда, бо шахдоб (асалоб) даромехта, бо он гаргара кунанд ва ё онро дар дахан бигардонанд, варами таги забон, гарони ва сусту нотавон гаштани онро шифо мебахшад, дарди дандонро таскин медихад, дагалии рохи нафасро, ки кухна шуда бошад, ислох мекунад. Агар инро ба танхои бихоянд, балгамро ба воситаи дахан ихроч мекунад.

Агар инро куфта бимоланд, дарди луккосии дандон ва дардхои дигари онро, ки бе варам бошанд, хамон дам таскин медихад. Куфтаи хардалро бо асал ё бо чарби ё бо муми занбури асал дар оташ гудохта, бо равгани зайтун даромехта, ба чехра бимоланд, ранги руйро соф мегардонад ва агар инро ба чашм бимоланд, хуни хобрафтагии онро дафъ месозад.

Агар инро бо асал даромехта бихуранд, дамкутахи ва сурфаи тарро шифо мебахшад, бохро кави мегардонад; агар бо пудина ва шароб даромехта бихуранд, бугма (хафа) шудани бачадонро, ки гох-гох бехуши меоварад, шифо мебахшад, кирмхои меъдаро хорич месозад.  Инро нимкуфта бо об бихуранд, таби балгами  ва савдовиро сихат мебахшад ва чаранги гушро, ки сабабаш моддаи гафси часпак бошад, ба ибро меоварад.

Агар инро бо анчир якчо куфта гузошта банданд, иллати никрис (подагра)- ро, иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад ва ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад, моддахои дохилиро ба руйи пуст мекашад, дарди аз боди сард баамаломадаро таскин медихад; варамхои балгамии кухнаро дар хар узве, ки бошад, мегардонад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, кутури решгашта ва шукуфаи пустро, ки кухна шуда бошад, шифо мебахшад; агар бо сиканчабин ва гугирд ё бо сиканчабину карами точики сиришта гузошта банданд, ханозерро бо як ачобате тахлил медихад. Инро бо барги гули хайри якчо куфта гузошта банданд, варамхои сахт ва савдовиро мегардонад; бо решаи хушки чадвор якчо карда, гузошта банданд, песро нест мекунад; бо равган сиришта, ба закар бимоланд ё гузошта банданд, онро ба харакат меоварад.

hardal_gorchica-2

Агар 20 грамм тухми онро бо шароб ба дили нахор бихуранд, бохро кувват мебахшад. Инро бо нон ё бо шароб даромехта бихуранд, кирми меъдаро дафъ мекунад. Гиёх ва тухми онро бо таом бихуранд, таомро хазм ва меъдаро гарм мегардонад, варами сипурзро тахлил медихад.

Агар инро пухта ва ё барги тарашро бихуранд ё тухмашро бо лаблабу ва тугмачагули дашти пеш аз кай кардан бихуранд, балгамро аз дарун чудо намуда, барои дафъ кардан тайёр месозад. Инро бардавом бо лаблабу пухта бихуранд, барои иллатхои сард ва сиёх задани чашм, ки аз чамъ шудани балгам дар магзи сар бошад, дармон мешавад.

Аз хардал обкома низ тайёр мекунанд, ки тунду тезмаза, хурданаш гудозанда ва башиддат поккунандаи балгам мегардад; меъда ва чигарро гарм мегардонад; агар хамеша инро ва ба танхои хам биёшоманд низ, меъда ва чигарро гарм мегардонад; бо гизохои душворхазм тановул намоянд, хамин тавр таъсир мебахшад — ин гуна зарарашро бо хурдани косни, бодом ва сирко ислох метавон кард. (Обкома—ин нонхуришест, ки аз чургот, тухми испанд, хамиртуруши хушк ва сирко тайёр карда мешавад ва агар ба ин хардал хамрох намоянд, хислатхои номбурдаро пайдо мекунад).

Муаллифи «Ихтиёроти бадеи» гуфтааст, ки шукуфаи пусте, ки бо хеч даво илочпазир нагашта бошад, чун баьд аз хаммом кардани бемор хардалро соида, тайёр намуда, аввал шукуфаро бо матои дагал то хунолуд гаштанаш бимоланду баъд хардалро ба он бимонад, аз он зардоби бисёр равон мешавад ва сихат меёбад. Хардалро дуд кунанд, аз он чо хашарот ва чонварони зарарнок мегурезанд. Хакими машхур Рози гуфтааст, ки хардалро дар сурохи мор бирезанд, боиси хало-кати он мегардад.

Вале хардал ба одамони гарммизоч зарар дорад, яьне ташна мекунад. Дар ин холат косни, равгани бодом ва сирко биёшоманд, зиёнаш ислох меёбад. Микдори як бор хурдаи дар як руз аз куфтаи хардал то 10,5 грамм аст. Дар истеъмоли хардал аз хама пеш бояд мизочхо, намудхои бемори, вакти мувофик, обу хаво ва мавкеъи чугрофии махалро риоя кунанд.

Агар хардалро дар оби ангур бияндозанд, чушидани онро мань месозад, яъне май ва сирко гаштани онро монеъ мешавад. Аз хардал равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Тухми хардалро хар кадар, ки хоханд, гирифта, нимкуфта, ба он каме оби гарм бипошанд ва бо куввати тамом ба хар тарик, ки хоханд, бипошанду хамаи равганашро биситонанд. Агар пеш аз куфтан тухмашро панч-шаш соат дар об тар кунанд, баъд фишурда равганашро бигиранд, инчунин бехтар мешавад, агар дар ин амал зарфи мисини калъаги давондагиро ба кор баранду он зарфро ба руйи оташ молида гарм карда, камтар набот дохил намуда, бифишоранд, равган бештар ва бехтар бармеояд.

Равгани хардалро биёшоманд, гирехи асабхоро мекушояд, нисёнро (фаромушхотириро) дафъ мекунад; фолич, дардхои сарди кухна, табхои кухна ва бугма (хафа) шудани бачадонро ба ибро меоваранд. Агар нимгарм дар гуш чаконанд, гаронии гушро ислох мекунад, инчунин варами гушро, ки сабабаш хунуки  бошад, тахлил медихад. Агар бимоланд, барои дарди дандон, бугма шудани бачадон дармон мешавад, дардхои кухнаро таскин медихад, инчунин варамхои сахт ва дигар варамхои сардмизочро мегардонад. Микдори як бор хурдан аз равгани хардал дар як руз то 10,5 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …