Главная / Илм / Харбузаи сагак

Харбузаи сагак

Харбузаи сагак — инро сабчаи сагак хам мегуянд. Ба забони узбеки итковун ва ба руси кукумис сорнополевой меноманд. Гиёхаш дар заминхои гайри корам меруяд. Баргаш монанди барги харбуза ва бодиринг, шахшул, дар биёра, самараш хурдгар аз тухми мург, монанди харбуза дарозак, дар хомиаш сабз ва бирасад, зард мегардад Таъмаш талх аст. Бехтарин кисми растаниаш самари расидаи зарди он аст.

xarbuzai-sagakСамари инро чун пиёз варак-варак бурида, ба ришта кашида, дар соя хушк мекунанду барои истифода дар фаслхои дигари сол гирифта мемонанд.

  Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, моддахои гафсро дар бадан ракик (суюк) мегардонад, майнаро аз моддахои зарарнок ва нодаркор пок менамояд, моддахои сафро, балгами хом ва инчунин зардобро бо исхол дафъ мекунад; барои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), кач шудани руй, саръ (припадка), байза (дарди бефосила ва шиддатноки тамоми сар), дарди бугумхо, никрис (подагра), иркуннасо (радикулит), сурфаи сард, дамкутахи, зик-ун- нафас (астма), бодхои гализ, истиско (водянка), зардпарвини сиёх ва бавосир даво мешавад; сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешоб ва хайзро равон мекунад.

  Самар, барг ва решаи онро агар бихуранд, хусусиятхои поккунандаги, тахдилдихандаги ва хушккунандаги дорад. Хислати хушккунандаги дар пусги он назар ба баргаш зиёдтар аст, вале тези дар усораи барг ва решаи он бештар мебошад.

  Усораи он, яъне оби онро дар офтоб гафс гардонида, бо шири чавонзанон даромехта, дар бини бирезанд, дарди нимсари шадидро шифо мебахшад ва байза ва инчунин хамаи дардхои аз сарди баамаломадаи кухнаро ба ибро меоварад. Лекин пеш аз он ки инро дар бини бирезанд, ба воситаи давохои махсус баданро аз моддахои бегона пок намудан даркор аст; инчунин барои кач шудани руй, карахти, кузоз (столбняк) ва саръ даво мешавад.

  Инро бо шир даромехта, ба даруни суроххои бини бимоланд, моддахои зарарноки бисёрро аз сар мекашад ва байза ном дарди тамоми сарро, ки шадид ва беист мебошад, инчунин дарди сари кухнаро шифо мебахшад.

  Усораи баргаш аз худаш заифтар аст барои давои. Решамайдахои он дар хислати хушккунандаги аз кисмхои дигараш кавитар мебошад.

  Решахои борики онро куфта, бар баногуш гузошта банданд, варами онро тахдил медихад. Инро пухта, бо орди чав хамир карда, гузошта банданд, низ варами баногушро мегардонад.

  Обашро нимгарм дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад.

  Онро дар об чушонида, он обро дар дахан гардонанд, дарди дандонро, ки аз хунуки бошад, таскин медихад.

  Усораи онро бо равгани зайтун даромехта, дар офтоб гарм карда, чанд катра дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад, инчунин гаронии гуш, чаранг ва садохои гуногуни даруни гушро, ки аз бисёрии бод ва моддахои гализ ходис гашта бошанд, дафъ мекунад. Обашро батанхои гарм карда, дар гуш чаконанд, кирми онро мекушад.

  Оби самари онро бо асал даромехта ва бо равгани зайтун сиришта ё бо захраи гов омехта бимоланд, варами халкум ва дарди гулуро шифо мебахшад.

  Усораи онро бо равгани зайтун ва асал даромехта, ба ком бимоланд, дарди гулуро, ки сабабаш чамъ шудани балгам дар ин мавзеъ бошад, сихат мебахшад ва варами халкумро тахлил медихад.

  Усораи инро биёшоманд, барои вайрон шудани низоми нафас даво мебошад.

  Оби решаашро ба микдори як грамм бинушанд, суулкиня (сустии чигар), истиско (водянка) ва зарднарвини сиёхро бо як ачобате шифо мебахшад бе хеч гуна захмат.

  Ду грамм решаи онро ё муддати се руз 3 грамми худашро бо шахдоб (асалоб) биёшоманд, хилтхои балгам ва сафроро ба кай дафъ менамояд, инчунин балгами хом, сафро ва зардобро ба осони ва беазият бо исхол рафъ месозад.

  Хар руз пусти самари онро 6 грамм бо шахдоб биёшоманд, исхоли неку меоварад. Чун кадареро аз он дар об хал карда, пари мургро ба он олонда, ба бехи забон ва атрофи он бимоланд, кай меоварад. Ва агар зудтар бихоханд, инро дар равгани зайтун ё равгани савсан хал карда, хамон тавр бимоланд. Чун кайи бисёр оварад ва аз кай кардан безор шаванд, шаробро бо равгани зайтун даромехта бинушанд. Агар бо ин хам кай бознаистад, орди нимбирёнро бо оби сард ё сиркоро бо об бинушанд, ё дар оби хунук даромада нишинанд ва оби хунук бар сар бирезанд; инчунин чизхои дигари манъкунандаи кай бихуранд.

  Чун решаи онро 150 грамм гирифта, дар 900 грамм шароб як хафта андохта, хар руз 90 грамми онро то се руз ба дили нахор биёшоманд, барои иллати истиско даво мебошад.

  Усораи онро бо шири чавонзанон даромехта, дар бини бирезанд, зардпарвинро даво мешавад.

  Решаашро пухта, куфта, бо майи пухтаги хамир сохта, гузошта банданд, истискои гуштиро шифо мебахшад.

  Усораи решаи онро батанхои биёшоманд, пешоб ва хайзро равон мекунад. Агар инро занхои хомила аз таг бардоранд, бачаро дар шиками онхо мекушад.

  Чун оби решаи онро нимгарм карда, ба зери ноф бимоланд, кирмхои шикамро кушта берун меоварад; чун бар меъда бимоланд, кай меоварад; чун ба хояхо бимоланд, дардашро таскин медихад ва оби дар онхо фуромадаро ба тахлил мебарад.

  Решаашро пухта, бо орди чав хамир карда гузошта банданд, варами балгамии кухнаро тахлил медихад ва пучакхоро мекафонад. Ва агар усораи инро гузошта банданд, дар бобатхои мазкур кавитар аст.

  Усораи онро бихуранд, дарди пайвандхои бадан, хамаи дардхои савдови ва балгами дасту похо ва хамаи аъзоро ва инчунин карахтиро шифо мебахшад.

  Агар онро, яъне решаашро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, иркуннасоро шифо мебахшад. Онро пухта, бо сирко ё бо майи пухтаги сиришта, гузошта банданд, дарди пушт ва никрисро шифо мебахшад.

  Гулашро куфта гузошта банданд, дарди пайвандхои бадан, яъне дарди бугумхоро таскин медихад ва агар пухтаи онро гузошта банданд, низ чунин таъсирро дорад.

  Хушкашро куфта бипошанд, кутури решгашта ва шукуфаи пустро ба ибро меоварад. Агар инро бо асал ва сирко ва ё бо шароб сиришта, гузошта банданд, низ барои кутури решгашта, озаххо, шукуфаи пуст, доги сафеди пуст, доги сиёхи руй ва барои догхои дигари бадан даво мебошад.

  Барг ва решаашрю дар об чушонида, он обро бинушанд, барюи иллати махав фоида дорад.

  Чун оби ин сабчаи сагакро дар равгани кунчид ё дар равгани загир то обаш батамом бухор гаштан бо оташи мулоим бичушонанд, баъд он равганро бар бавосир бимоланд, онро дафъ мекунад.

  Чун самари нопухтаи онро реза-реза карда ва ё оби онро гирифта, бо дучанди он равгани зайтун дар зарфе андохта, даханашро махкам карда, чил руз дар офтоб гузоранд ё ба руйи ахтари оташ бигузоранд, то ки рутубаташ хушк гардад, баъд он равганро бар бадан бимоланд, сардии баданро дафъ мекунад, моддахои зарарнокрю берун мекашад; догхои кунчидак ва донахои наскмонандеро, ки ба рухсора бармеоянд, дарди бугумхои кухна ва монанди инхоро ба ибро меоварад. Агар ин равганро бардавом биёшоманд, низ хамин манфиатро дорад.

  Микдори як бор хурдан аз усораи он дар як руз аз 0,2 то 1,1 грамм аст, аз решааш 2,25 грамм ва аз обе, ки дар он хар як кисми сабчаи сагак чушонида шуда бошад, то 50 грамм аст; аз тухм ва гули он то 3,5 грамм бо орди чав ва катиро. Дар хукнахо зиёда аз 3,5 грамм ба кор набаранд, зеро ки ба одамони гарммизоч ва баданхои заиф зарар дорад: кай меоварад, рудахоро мехарошад.  Давои хамаи ин зарархояш: дар кайи барзиёд луоби тухми бихи, луоби тухми загир ва луоби гулихайриро бо равгани сардмизоч хурдан аст. Чун усораашро истеъмол кардан бихоханд, набояд батанхои биёшоманд, зеро ин рудахоро мехарошад. Бинобар ин бо сабир (алоэ), савринчони сафед, заъфарон, дорчинб, арпабодиён, тухми карафси кухи ва бустони, шилмхои гуногун ва равганхо хамрох карда истеъмол фармоянд. Микдораш он аст, ки 0,5 грамм усораи онро соида, бо хамвазни он шилми бодомхо ва ё бо ним вазни он нишоиста сиришта бихуранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …