Главная / Биология / Харакати об ва моддахои маъдани дар растанихо

Харакати об ва моддахои маъдани дар растанихо

Чи тавре ки шумо аллакай медонед, об ва моддахои маъданиро растани аз хок ба туфайли муякрешахояш мечаббад. Дар хок об дар шакли холис вучуд надорад. Вай метавонад дар шакли махлули хоки, ки намакхои маъдании дар об халшаванда дорад, дастраси растанихо гардад. Минбаъд дар растани ба махлули ин моддахо чи ходиса руй медихад? Барои ба ин савол чавоб додан, мебояд ба сохти дарунии реша шинос шавем.

rastani-023

Агар аз китъаи (чузъи) чаббиши реша пардаи тунукеро кундаланг бурида гирем ва дар зери микроскоп аз назар гузаронем, мебинем, ки решаро кабати махсуси хучайрахо пушидааст: баъзе хучайрахо баромадхои дароз дошта, онхо аз реша ба хар тараф рафтаанд. Инхо муякрешахоянд. Муякрешахо пардаи тунуки луоби ва вакуолаи калони маркази доранд. Дарозии муякрешахо аз 0,1 то ба 1,5 мм мерасад. Дар баъзе растанихо, масалан, гандум то 8-9 мм дарози дорад. Микдори муякрешахо дар растанихо нихоят зиёд аст. Масалан, дар 1 мм2 сатхи чаббандаи решаи гандум аз 50 то 100 адад муякрешахо вомехуранд.

Дар зери бофтаи пушиши тунук, ки дар онхо муякрешахо мавчуданд, хучайрахои пустлох чой гирифтаанд. Онхо шаклу андозахои гуногун доранд. Дар маркази пардачаи кундаланг буридаамон бошад, сурохихои мудаввар намудоранд. Инхо рагхоянд, яьне хучайрахои дарози лифофаашон гафсу дарунхолианд. Рагхо кадкади реша то миёначояш тул кашида, ба пояи растанихо рафта мерасанд. Тавассути рагхо обу моддахои маъдании ба муякрешахо дохилгардида то пояи растанихо оварда мешаванд. Хар кадом раг аз якчанд хучайрахои мурда иборат буда, онхо найчаи дарози да- рунхолиро ба вучуд меоваранд ва чилди мустахками чубшуда доранд. Ин хучайрахо болои хам, нисбат ба тири реша мутавози, чойгиранд. Моддахои зиндаи ин хучайрахо вайрон гашта, факат лифофаи онхо, ки девори кундаланг надорад, боки мондааст.

Об ва моддахои маъдании дар он халшуда аз хучайрахои муякрешадор ба хучайрахои пустлохи реша захида (макида шуда) мегузаранд ва аз он чо аз як хучайра ба хучайраи дигар гузашта, ба рагхо дохил мешаванд ва тавассути онхо ба поя ва бо раги поя (бофтахои гузаронандаи поя) то ба баргхои растани, яъне кисми руизаминии он харакат мекунанд.

Рагхои решаи баъзе растанихо калон буда, онхоро бо ёрии пурбин дидан мумкин аст. Сурохии рагхои ин гуна растанихо нисбатан калон мешаванд. Масалан, андозаи (кутри) рагхои решаи дарахти забони гунчишк (шунг) кариб 1/3 мм буда, азони решаи каду бошад, аз ин хам зиёд аст.

  1. Муякрешахо чи гуна сохт ва вазифа доранд?
  2. Рагхо дар решаи растанихо чи тавр чойгир шудаанд ва чи ахамият доранд?
  3. Хангоми буриши кундалангии чузъи чаббиши решаро дар зери микроскоп дидан, рагхо чи гуна менамоянд?
  4. об ва моддахои маъдании дар он халшуда тавассути рагхо то ба кучо харакат мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …