Главная / Биология / Харакати об, моддахои маъдани ва органики дар тана (поя)

Харакати об, моддахои маъдани ва органики дар тана (поя)

Барои фаъолияти муътадили хаётиаш растани бо решааш об ва моддахои гайриорганикиро чаббида мегирад. Сипас, ин моддахо туфайли бофтахо ва бандчахои гузаронанда ба тамоми узвхои растани пахн мешаванд.

Барои донистани он ки харакати об ва моддахои маъдани дар растани чи тавр сурат мегирад, 2-3 руз пеш навдаи навраси ягон дарахтро ба оби рангин мегузорем. Хангоми онро аз назар гу- зарондан мебинем, ки факат чуби шохчаи ба оби рангин монда- амон рангин шудааст Щ. Дар тачриба ранг гуё чои моддахои маъдании дар об халшударо гирифт. Ин нишон медихад, ки об ва моддахои маъдании дар он халшуда аз реша бо рагхои чуби поя то узвхои болои харакат мекунанд. Дар ин холат пустлох ва дилак рангин намешаванд. Зеро онхо дар харакати махлули моддахои маъдани иштирок намекунанд.

Агар ба оби рангин шохчаи растании хонаги — хиногул ё гули барфакро монед, мебинед, ки чи тавр об бо поя ба барг меравад ва рагчахои онро рашин мекунад.
Рагхо аз поя гузашта, дар баргхо шоха меронанд. Об бо ин рагхо ба барг дохил мешавад.
Барои тавассути поя ба боло харакат кардани об фишори реша Харакати моддахои органики дар поя. Чи тавре ки шумо аллакай медонед, охар дар барг хосил мешавад. Охар моддаи дар об халнашаванда мебошад. Бинобар он, охар аввало ба канд табдил меёбад ва сипас ба дигар узвхои растани харакат ме- кунад. Барои инро аник кардан чунин тачриба мегузаронем.ва обро бухор кардани баргхо ахамияти калон дорад. Ба чои оби бухоршудаи барг мунтазам оби нав меояд.

Пояи растании хонаги (тасмагул, тутанчир ё ягон растании дигар)-ро аз растанй чудо накарда, пустлохашро халкавор мебурем. Баъд он чойро бо шишачаи обдор чи тавре ки дар расми 70 нишон дода шудааст, махкам мекунем. Бо гузашти якчанд хафта чои аз халка болотари шохча гафси чогармонанд мешавад. Дар он решахои ило- ваги инкишоф меёбанд.

Ин ходиса аз он сабаб руй медихад, ки дар вакти пустлохи нав- даро халкавор буридан, найчахои элакшакл низ бурида мешаванд. Моддахои органикии дар барг хосилшуда бо найчахои элакшакл ба поён харакат карда, дар чои буриш гун мешаванд ва он шакли чогарро мегирад.

Дар сатхи болоии чои буридаи растани доимо пуки захм ба ву- чуд меояд. Хучайрахои дар зери пуки захм чойгирифта боавч (бо- суръат) таксим мешаванд. Ба бошиддат таксим шудани онхо мод- дахои органикии (гизоии) дар кисми болоии (чогар) буриши хал- кашакл гуншуда чун гизо хизмат мекунанд. Дар натича захм сихат шуда аз чогар решахои иловаги ва дар баъзе растанихо хатто мугчахо месабзанд. Хамин тавр, моддахои органики тавассути лиф дар растанихо харакат мекунанд.

Барои гизо ва сабзиши узвхои навраси растани на хамаи моддахои органикии дар барг хосилшуда дархол сарф мешаванд. Як кисми ин моддахо барои идомаи инкишофи ояндаи растанихо дар узвхои гу- ногуни онхо захира мешаванд. Дар растанихои яксола одатан мод- дахои органики дар меваю тухм, дар растанихои дусола ва бисёрсола бошад, илова бар ин, дар хучайрахои реша ва поя низ захира меша- ванд. Масалан, бехмеваи растанихои дусола — сабзи, лаблабу, турб, тамошокарам ва шалгам анбори махсуси моддахои гизоианд.

Дар буттаву дарахтон моддахои органики бар замми меваю тух- машон, инчунин дар дила ва чубашон захира мегарданд. Бахор дар айёми ширадав ин моддахо дар шакли махлул, тавассути фишори решаги ба мугчабарг ва мугчагул бурда мешаванд. Ин хусусияти растанихоро бахорон хангоми буридани навдахои дарахтон мушохида кардан мумкин аст. Хусусан, бо ин рох аз дарахти тус дар фасли бахор бо микдори зиёд шираи ширини онро чамъ меоваранд. Ин шира хусусияти хуби табобати дорад.

  1. Бо кадом тачриба исбот кардан мумкин аст, ки об ва моддахои маъдани тавассути рагхои чуб ба боло харакат мекунанд?
  2. Чаро об бефосила бо рагхои поя ба боло мебарояд?
  3. Барои аник кардани харакати моддахои органики дар поя чи хел тачрибахо гузарондан мумкин аст?
  4. Чогар аз чи пайдо мешавад?
  5. Лиф дар кучои поя чой гирифтааст ва он кадом вазифаро ичро мекунад?
  6. Растанихои яксола, дусола ва бисёрсола дар кадом узвхояшон моддахои органикиро захира мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …