Главная / Гуногун / Харакати миллию озодихохии халки Миср

Харакати миллию озодихохии халки Миср

Ба молияи Миср назорати европавихоро чори намудан, зада гирифтани мансабхои мухимтарини давлати нисбати хоричиён оппозитсияи чиддиеро ба вучуд овард, аз он чумла дар артиши Миср.

misr1

Мохи майи соли 1880 гурухи афсарон бо рохбарии Ахмад Араби (минбаъд уро Ахмад Арабпошшо ном мебарем) ба номи вазири харби бо эътирозномае мурочиат карданд. Харчанд вазорати харби шикояти ин гурухро дуруст хисобид, лекин бо вучуди ин таъкиботи афсарони шикояткарда огоз ёфт. Мохи январи соли 1881 Ахмад Арабпошшо ва гурухи у аз нав, ин дафъа бо талабнома, ба шурои вазирон мурочиат карданд. Дар он истеъфои вазири харби ва тафтиши чиддии тартиби ба афсарон додани рутбаи харби талаб карда мешуд. Хукумат карор кард, ки Ахмад Арабпошшо ва чонибдорони уро бо рохи фиреб ба дом афтонда, ба додгохи харби дихад. Вале полкхои Кохира биноеро, ки Арабпошшо ва хамсафони у дар он чо боздошт шуда буданд, мухосира намуда, дастгиршудагонро озод карданд. Баъд полкхои шуришбардошта ба касри хидев рафта, аз нав истеъфои вазири харбиро такозо карданд. Шуришгарон ба халк хам мурочиат карданд, ки онхо чи мехоханд.

Канали Суэтс. Иншиогн калони гидротехникии асри XIX.

Солхои 1859 – 1869 сохта шудааст. Тамоми кор дасти ичро мешуд. Хангоми сохтмон кариб 120 хазор кас халок шудааст. Аввал 53 фоиз сахмияхои ширкати канал ба Фаронса, 44 фоиз ба Миср таалук дошганд, ки соли 1875 онхоро ба Англия фурухт.

Вазири харби аз вазифааш сабукдуш карда шуда, ба чои у Махмуд Самеъ Албаруди таъйин гардид. Гайр аз ин дар зери рохбарии Арабпошшо барои тафтиши тартиби дар артиш додани рутбахои харби комиссияи махсус ташкил карда шуд. Бо ин рох хидев Тавфик хост, ки шуришгаронро фиреб дихад.

Ин вакт Арабпошшо бо рохбарони зиёди сиёси ва намояндагони зиёиёни милли вомехурад. Дар ин вохурихо масъалаи истиклолияти Миср хам барраси шуд. Харчанд хукумат барои бо рохи осоишта бархам додани мунокиша чорахо меандешид (масалан, ба афсарон сари вакт мохона ва рутбахоро боадолатона медодаги шуд), бо вучуди ин бо маслихати мушовирони европави карор карда шуд, ки ба хар рохе бошад, аз Арабпошшо халос шавад. Барои хамин фармон дода шуд, ки полкхои исёнгар аз пойтахт ба чои дуртар – ба Искандария ва Диаметта равон карда шаванд. Вазири харби ичрои ин карорро рад намуд. Барои саркаши хидев уро аз вазифа сабукдуш карда, ба чои у шахси иртичоиеро вазири нави харби таъйин намуд.

Мохи сентябри хамон сол аз нав фармон дода шуд, ки полк­хои исёнгар ба чои муайяншуда раванд, вале Арабпошшо ба ин фармон итоат накард. Полкхои гарнизони Кохира боз ба суи касри хидев рахсипор шуданд. Ин дафъа Арабпошшо талаб кард, ки хукумати иртичои ба истеъфо равад ва дар мамлакат конститутсия чори намуда, парламент даъват карда шавад. Зиёд кардани артиш низ ба руйхати талабхои шуришгарон дохил буд. Хидев ин талабхоро кабул кард, чунки илочи дигар надошт.

Табаддулоти Арабпошшо ба европавихо маъкул нашуд. Барои хамин роххои гуногунро ба кор мебурданд, то ки Миср аз тобеияти онхо халос нашавад. Аз он чумла, бо рохи харби хам.

Дар чанги зидди Англия ба куввахои мусаллахи Миср Арабпошшо сарвари мекард. Соли 1882 баъди мухорибахои  шадид англисхо аввал Искандарияю Канали Суэтс ва баъд шахри Кохираро ба даст дароварданд. Баъди ин хидеви Миср Тавфики чонибдори Англия, ки ба Искандария фирор карда буд, аз нав ба Кохира баргашта, Арабпошшоро аз вазифааш сабукдуш кард. Арабпошшо ба англисхо таслим шуд. Хукуматдорон ва англисхо таъкиботи иштирокчиёни харакати озодихохиро cap карданд. Арабпошшо ва хамсафони наздики уро додгохи ру ба Англияи Миср ба катл хукм кард. Баъд хукми катли Арабпошшо ба бадаргаи якумра ба Сейлон иваз карда шуд. Ватандустони зиёде ба хоричи кишвар фирор карданд. Англисхо ба Миср ба маблаги 9 млн ф.-ст. товони чанг бор карданд. Баъди шикасти Арабпошшо Миср дар амал аз соли 1882 ба мустамликаи Англия табдил ёфт, харчанд хукуки байналхалкии он мисли пештара мондан гирифт, яъне Миср мустамликаи империяи Туркия буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …