Главная / Гуногун / Харакати милли дар Эрон

Харакати милли дар Эрон

Дар охирхои асри XIX дар Эрон гояхои миллатдустии буржуази пайдо мешаванд. Бедории миллии эрониён дар фаъолияти зиёиёни он ифода меёфт. Кисми зиёиёни чонибдори ислохот аз таъкиботи шох ба хорича фирор карда буданд. Мухочирони эрони дар Туркия, Миср, Хиндустон ва баъзе давлатхои дигар рузномахои “Ахтар”, “Хикмат”, “Конун” ва гайраро нашр мекарданд. Дар ин рузномахо ва дар асархои ватандустони маъруф Мирзо Малкумхон, Абдуррахим Толипов ва Зайнулобиддини Марогаи тартиботи мавчудаи Эрон ба зери танкид гирифта мешуд. Дар Табрез ва Техрон мактабхои нави замонави кушода шуданд ва китобхонахои милли ба фаъолият огоз карданд.

01-02-2008

Дар охирхои асри XIX-авали асри XX дар Эрон якчанд созмонхои ватаниарвари, аз он чумла соли 1901 Чамъияти махфии зиддихукумати ва соли 1905 “Анчумани махфи” ташкил меёбад. Онхо бар зидди мансабдорони иртичоии шох ва зуроварии хоричиён баромада, талаб мекарданд, ки дар мамлакат ислохоти сиёсии демократи гузаронида шавад.

Эътирози мардуми Эрон бар зидди ачнабиён ва нерухои иртичоии дохили хар сари чанд вакт ба шуришхои халки табдил меёфт. Чунин шуришхо солхои 1896-1898 дар чануби Эрон ва соли 1897 дар Шуштар ба амал омаданд. Баромади калони дигари мардуми Эрон аз сабаби соли 1896 аз тарафи Ризои Кирмони кушта шудани Насириддиншох ба амал омад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …