Ташкилёбии хизби лейбористи. Дар муборизаи худ мехнаткашони англис воситаи хуб доштанд. Тавассути тред-юнионхо ба мошинсозхо муяссар шуд, ки дарозии хафтаи кориро то ба 54 соат кам кунанд. Тред-юнионхо тавонистанд, ки дар интихоботи соли 1874 ду номзади худро ба вакилии парламент гузаронанд.
Дар солхои 80-ум бухрони иктисодии пурзуре ба амал омад. Натичаи хамин буд, ки мохи феврали соли 1886 дар Лойдон ва дар шахрхои дигари мамлакат гирдихамоихои оммавй барпо гардиданд. Соли 1887 гирдихамоихои ахди захмат боз хам вусьат ёфтанд.
13 ноябри соли 1887 барои пароканда кардани гирдихамоие, ки дар майдони Трафалгари Лондон барпо шуда буд, политсия ба кор бурда шуд. Соли 1889 киштисозхо ва коргарони заводхои газ корпартой карданд. Ба онхо муяссар шуд, ки ба ичрои баъзе талабхои худ ноил шаванд. Сохибкорон рузи кории газистехсолкунандагонро то ба 8 соат кам карданд. Коргарон дар ин солхо чандин созмонхои худро ташкил намуданд, ба монанди “Лигаи намояндагии коргарй”, “Кумитаи кооперативии милли” ва “Тред-юнионхо”. Онхо Бахри хифзи хукукхои коргарон фаъолият мекарданд.
Дар аввали асри XX ахволи ичтимоии коргарон ва табакахои дигари мехнаткашон бадтар шуд. Аз соли 1890 то соли 1912 нархи наво муттасил баланд мешуд. Курби фунт-стерлинг то ба 19 фоиз поён фаромад. Ахволи коргаронро бекорй боз хам вазнинтар кард. Дар байни коргарони баландихтисос бекорон 4,9 фоизро ташкил мекарданд.
Барои паст гардидани шиддати харакати корпартой сармоядорон харакат мекарданд, ки чорахои таъсирбахш ёбанд. Чунин лахза барои онхо фаро расид. Дар узлей чанубй ширкати рохи охан тавассути додгох аз тред-юнионхо талаб кард, ки зарари аз корпартоии коргарон дидаи ширкатро чуброн кунанд. Додгох талаби ин ширкатро конеъ гардонид. Тред-юнионхо ба парламент мурочиат карданд, вале дар он чо хам масъала ба фоидаи сохибони ширкати рохи охан хал гардид. Хазинаи иттифокхои касаба холй щуд. Минбаъд бар зидди сохибкорон тавассути тред-юнионхо мубориза бурдан амри махол шуд, чунки баъди хар корпартой сохибкорон аз онхо чарима меруёниданд.
Соли 1900 конференсияи махсуси тред-юнионхо карор кабул кард, ки Кумитаи намояндагии коргарй ташкил карда шавад. Ба он тред-юнионхо, хизби озоди коргарй, федератсияи сотсиал-демократи ва созмонхои дигари мехнаткашон дохил шуданд. Соли 1905 Кумита номи Хизби Лейбористиро гирифт. Ин хизб дар байни мехнаткашон бо тезй обруи калон пайдо кард. Натичаи хамин буд, ки дар интихоботи соли 1906 ба ин хизб муяссар шуд, ки 29 номзади худро сохиби ваколатномахои вакилии парламент гардонад. Бо хамин фаъолияти хизби нави сиёсии Англия cap шуд. Акнун дар Англия барон хокимияти давлатй се хизби сиёси мубориза мебурд – хизби консерваторй, хизби либералй ва хизби лейбористй.