Главная / Биология / Харакати хун дар рагхо

Харакати хун дар рагхо

Фишори хун. Фишори хун дар деворхои рагхо бо кувваи кашишхурихои меъдачаи дил пайдо мешавад. Фишор дар рагхои гуногун як хел нест. Фишори хун дар шохраг аз хама баланд буда, 115-130 мм сутунчаи симобро ташкил медихад. Аз сабаби ба шохахо чудо шудани рагхои шарён фишор паст шуда, дар рагхои шарёни борик 70-80 мм, дар муйрагхо 20 мм-ро ташкил медиханд. Фишори хун дар рагхои варид паст шуда, дар рагхои вариди холии ковоки кафаси сина ба 5-9 мм баробар аст ва онро фишори манфи меноманд, чунки аз фишори атмосфера паст аст.

Нобаробар будани фишор харакати хунро таъмин менамояд. Суръати харакати хун хам дар рагхо гуногун мебошад: масалан, дар шохраг 50 см/сония, дар муйрагхо – 0,1-1 см/сония, дар рагхои варид ба хисоби миёна – 6-20 см.сония.

xun-gardish

Фишори хунро дар раги шарёни бозу ба воситаи асбоби махсус – танометр, Сфигмоманометр чен мекунанд (расми 49). Фишори хуни одами чавону солим дар холати мукаррари дар рагхои шарён ба 120-80 мм/ст симоб баробар аст.

Набзи шарёни. Хангоми хар маротиба кашиш хурдани меъдачаи чапи дил хун бо шаст ба деворхои махками шохраг бархурда, онхоро меёзонад. Ин мавчи лаппиш, ба девори рагхои шарён зуд пахн мешавад. Дар чойхое, ки рагхои шарёни калон дар наздикии сатхи бадан чой гирифтаанд, масалан, дар тарафи дохилии сарпанчахои даст, чаккахо, пахлухои гардан ва дигар чойхо лаппиши мавзуни девори рагхо хискарда мешавад, ки онро набзи шарёни меноманд.

Хар як зарби набз ба як таппиши дил мувофик аст. Аз хамин сабаб, адади зарби дилро дар як дакика аз руи зарбхои набз хисоб кардан мумкин аст.

fishori-xun

Харакати хун дар рагхои варид. Девори рагхои варид нисбат ба девори рагхои шарён хеле тунук ва хеле нарм мебошад. Харакати хунро дар рагхои варид кашишхурии мушакхои скелет, ки рагхои варидро печонидаанд, таъмин мекунад (расми 51). Хун тавассути рагхои варид факат ба дил харакат мекунад. Даричахои хилолшакли дохили рагхои варид намегузоранд, ки хун ба самти мукобил харакат кунад.

Дар организм хамеша хун аз руи зарурият таксим мешавад: хун вобаста ба эхтиёчоти оксиген ва моддахои гизои ба як узв камтар ва ба узви дигар бисёртар меояд. Тагйирёбии бо хун таъминшавии узв бо тагйироти фосилаи рагхои он вобаста аст. Танг шудани андозаи рагхо ба кашишхурдани деворхои он аз таъсири асабхои симпатики ва системаи марказии асаб вобаста аст.

sistemai-limfa

Хормонхои адреналин рагхои хунгардро танг мекунанд. Хамин тавр, фосилаи рагхои хунгардро системаи асаб ва моддахои фаъоли биологи танзим мекунанд ва онхо имконият медиханд, ки мувофики талаботи организм амал кунанд. Гардиши лимфа. Системаи лимфа боиси хорич шудани моеъи зиёдатии бофтахо мегардад.

Хамаи бофтахо дорои муйрагхои лимфагии майдатарини сарбаста мебошад. Ба онхо моеъи байнихучайрави дохил шуда, лимфаро ба вучуд меорад. Муйрагхои лимфаги ба рагхои нисбатан калони лимфаги пайваст мешаванд. Рагхои лимфаги ба магзи тамоми узву бофтахо медароянд. Дар деворхои дохили рагхои лимфаги даричахои барои ба як самт равона кардани лимфа чойгиранд. Дар пахлуи рагхо гиреххои лимфа чойгир мебошанд. Хусусан онхоро дар зери устухони бозу (багал), дар чои катшавии зоную оринч, ковокии кафаси сина ва шикам, гардан дидан мумкин аст. Хамаи рагхои лимфаги дар лимфароххои кафаси сина чамъ шуда, ба рагхои вариди калон кушода мешаванд. Ба ин васила моеъи ба бофта дохилшуда боз ба мачрои хунгард бармегардад. Хамин тавр, хун моеъи байнихучайрави буда, якчоя бо лимфа мухити моеъи дохилии организмро ташкил медиханд.

 Савол

  1. Фишори хун чист?
  2. Фишор дар рагхои хунгард чи гуна аст?
  3. Набзи шарёни чист ва чи тавр онро муайян мекунанд?
  4. Хун дар кадом рагхо аз хама суст харакат мекунад?
  5. Лимфа чист ва дар организм чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …