Главная / Гуногун / Харакатхои инкилоби дар Чин

Харакатхои инкилоби дар Чин

Дар баробари харакати ислохотхохи дар Чин харакати инкилоби-демократи низ огоз меёбад. Ин харакат бо номи инкилобчии демократи бузурги Чин Сун Ятсен алокаманд аст. У 12 ноябри соли 1866 дар дехкадае вокеъ дар наздикии Гуанчжоу дар оилаи кишоварз тавалдуд ёфтааст. Сун Ятсен солхои 1879-1883 бо хамрохии бародараш дар шахри Гонолулуи чазирахои Гавай, зиндагони карда, баъди хатми мактаби миёна ба ватан баргашт. Соли 1892 Донишгохи англиси тиббии Гонконгро хатм мекунад. Сун Ятсен соли 1894 дар чазирахои Гавай бо номи “Синчжунхуэ” (“Чамъияти эхёи Чин”) чамъияти инкилоби – демократиро ташкил мекунад. Ин чамъият дар назди худ вазифа гузошт, ки манчурхоро аз Чин ронда, обрую эътибори байналхалкии мамлакатро аз нав баркарор менамояд.

gettyimages-56154115-676x450

“Чамъияти эхёи Чин” максад дошт, ки соли 1895 бо ёрии аъзоёни чамъиятхои пинхонкор дар Гуанчжоу шуриш бардорад. Лекин тайёри ба он аз тарафи хукуматдорон ошкор гардида, 9 сентябри соли 1895 иштирокчиёни шуриши баамалнаомада хабс карда шуданд. Сун Ятсен мачбур мешавад, ки аввал ба Гонконг ва баъд аз он чо ба Америка фирор кунад.

Мохи августи соли 1905 Сун Ятсен дар Чопон созмони нави инкилоби “Чжунго гзмин тунмэнхуэй” (“Лигаи муттахидаи инкилоби”)-ро ташкил кард, ки он бо номи “Лигаи иттифоки” машхур аст. Он дар асоси аз нав ташкил кардани “Чамъяти эхёи Чин” ба вучуд омад. Ба “Лигаи иттифоки” аввал тахминан 60-70 нафар дохил буданд, вале то соли 1906 шумораи онхо ба 10 хазор нафар мерасад. Президенти “Лига” Сун Ятсен интихоб мешавад. Аз Мохи сентябри соли 1905 органи чопии “Лига” “Мин бао” (“Халк”) интишор мешавад. Вай дар таргиби гояхои ин созмон макоми калон пайдо мекунад. “Лигаи иттифоки” нашрияхои дигар хам дошт.

Ташкилёбии “Лигаи иттифоки” дар сафарбар кардани нерухо бар зидди мутлакияти манчури кадами мухиме гардид.

“Лигаи иттифоки” барномаи худро дошт. Дар он се принсипи Сун Ятсен инъикос ёфта буд: милли, демократи ва некуахволии халк. Онхо се максади асосии ватандустони Чинро ифода мекарданд: аз мамлакат пеш кардани манчурхо, баркарор кардани истиклолияти Чин, эълон кардани чумхури ва истифодаи баробари замин.

Дар солхои 1906 – 1908 дар мамлакат харакати инкилоби- демократи авч мегирад. Дар як катор музофотхои Чин, аз он чумла, дар Хунан, Тсзяной, Гуандун, Гуанси, Юнъан харакатхои инкилоби ба амал омаданд, ки онхоро аъзои “Лигаи иттифоки” тайёр карда буданд.

Дар баробари харакати инкилоби дар зери таъсири он харакати конститутсиони – мутлакиятхохи огоз меёбад. Иштирокчиёни ин харакат такозо доштанд, ки Император ба кабули Конститутсияи Чин рози шавад. Ин талаби конститутсиячиён – мутлакиятхохон онхоро дар мукобиди “Лигаи иттифоки” гузошт. Харакати нав органи чопии худ Синъмин Тсунбао” (“Халки чадид”)-ро нашр мекард.

Иштирокчиёни харакати конститутсиячиён – мутлакиятхохон хукумати манчуриро бовар мекунониданд, ки татбики ислохотро тезтар ба амал баровардан лозим аст, вагарна мисли Русия дар Чин хам инкилоб ба амал меояд, яъне онхо ислохотро хамчун рохи ягонаи пешгирии инкилоб медонистанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …