Главная / Илм / Хар дар Канзи Шифо (Китоб)

Хар дар Канзи Шифо (Китоб)

xar_osel_ishak-567x330Хар — ин хайвони маълум аст. Мизочаш дар аввали дарачаи дувум гарм ва дар аввали дарачаи севум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: гушташ дерхазм ва гаронхазм аст. Чигарашро кабоб карда, ба дили нахор бихуранд, саръ (припадка) ва таби дуруздармиёнро шифо мебахшад. Сумашро сухта, ос карда, аз он хар руз 15 грамм бихуранд, иллатхои кузоз (столбняк) ва саръро дафъ мекунад.

Саргинашро бо сирко хамир карда, ба пешони бимоланд, хуни биниро катъ мекунад. Оби саргини тарашро хар руз дар бини бичаконанд ё хушкашро ос карда, ба он сирко пошида, дар бини кашанд, барои саръ фоида дорад.

Пешобашро бинушанд, дарди гурдаро дафъ мекунад. Саргинашро фишурда, обашро гирифта бинушанд, зардпарвинро шифо мебахшад, сангхои гурда ва хичакро (пешобдонро) майда карда мерезонад, бачаи занони хомиларо аз шикам меафтонад, хамрохаки (ёраки) бачаро зуд хорич мегардонад.

Сумашро сухта, занхои хомила дар вакти таваллуд кардан худро ба дудаш бидоранд, зоиданро осон мекунад. Агар сумашро бо сухон тароша (реза) карда бихуранд, захрро аз бадан дафъ мекунад, иллати махавро шифо мебахшад.

Ин сумашро сухта, ос карда гузошта банданд, пусти таркида ва кафидаи баданро, ки кухна шуда бошад, ба ибро меоварад; агар инро бо равгани зайтун хамир карда, гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) шифо мебахшад; иллатхои бугумхо ва носурро дафъ менамояд. Чигарашрю сухта, бо равгани зайтун хамир карда, муттасил гузошта банданд, ханозерро тахлил медихад; агар бо шароб хамир карда, гузошта банданд, качии нохун ва догхои сафеди руйи нохунро дафъ мекунад.

Равганашро гузошта банданд, доги аз захм ва реш бокимондаро бархам медихад, чарохаткои узвхои даруни шикамро сихат мебахшад. Саргини хари гиёххурро дар шароб як шабонаруз тар карда, онро соф намуда биёшоманд, каждумгазидаро даво мешавад. Агар магзи сарашро бо равгани зайтун сиришта бимоланд, муй меруёнад ва онро дароз мекунад.

Дандони онро ба зери болишт бигузоранд, одамони бехобро хоб меоварад. Сипурзашро занхо бихуранд, шири онхоро зиёда мегардонад.  Хуни онро бимоланд, бавосирро дафъ мекунад. Ширашро дар дахан бигардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Агар инро биёшоманд, сурфаи гарми кухна, сил ва иллати дикро, ки баданро багоят логар мегардонад, фоида дорад.

Муйи думи онро дар шароб андохта, баъд он шаробро бинушанд, арбада меоварад. Пешоби онро бар хар заврак, ки бимоланд, ба он чо мохиён бисёр чамъ мешаванд. Пусти пешонии онро ба гардани тифлони тарсончак биёвезанд, онхо аз ин бемори начот меёбанд.

Ним грамм чирки гуши онро ба тифлони гирёнчак бихуронанд, онхоро аз гиря манъ мекунад. Хакими асри якуми милод Чолинус гуфтааст, ки равгани онро се бор то чор маротиба бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.

Агар каси каждумгазида назди хар рафта, ба гушаш бигуяд, ки маро каждум газид, хар фукхояшро ба харакат меоварад, гуё ки кавша мекарда бошад, дардаш сокин мегардад — ин ачиб аст. Агар закари онро дар кузаи обнадида андохта, ба оташ гузоранд, ки кариб ба сухтан расад, баъд онро куфта, бо равгани зайтун сиришта, ба сар бимоланд, муй меруёнад ва онро дароз мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …