Главная / Биология / Хамелеон – Зеркатори онхо

Хамелеон – Зеркатори онхо

Хамелеонхо хазандахои ба калтакалос монанд буда, хаёти болоидарахти мегузаронанд. Хачмашон майда ва миёна мешавад. Аксар Намудхояш 25-35 см., калонаш 50-60 см ва аз хама хурдаш 3-5 см дарози дорад. Тана аз пахлухояшон фишурда буда, пойхои дарозе дорад, ки барои ба танаи дарахт часпида баромадан мувофик шудааст.

xameleon

Панчахояшон ба ду кисм чудо шуда, анбурмонанданд ва мукобили хам барои доштани шоху навда мувофиканд. Думи дарозашон барои халкавор дошта истодани шохи дарахтон ёри мерасонад. Чашмони калони аз косахона баромада дошта, харакати як чашм ба чашми дигар мувофик нестанд, яъне дар як Вакт вай метавонад ду тарафро дида, бештар хурок ёбад ё аз душман худро пинхон кунад. Хамелеон шушашро аз хаво пур карда, варам мекунад, ранги баданашро тез тагйир медихад, ки он вобаста ба таъсири равшани, харорат ва вазъияг буда, пигмент мебарорад.

Хамелеонхо дар Мадагаскар. Африка, Осиёи Хурд, Хиндустони чанубии Испания бисёр буда, аксарияташон дар чангал зиндаги мекунанд, хашаротро бо забони дарози ёзандаашон лесида мегиранд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …