Главная / Маданият ва санъат / Халоват ва лаззат ва осоишу рохати ахли бихишт

Халоват ва лаззат ва осоишу рохати ахли бихишт

Халоват ва лаззат ва осоишу рохати ахли бихишт

Чун бихиштиён дар бихишт дароянд ва ба истирохат машгул шаванд, хидматгорон дастархонхои пур аз анвоьи неъматхоро пеши хар яке аз ахли бихишт биоранд. Хонхо хама аз чавохир ва луьлуъ ороста ва ба хар дастархоне чандин  ташт ва ба хар ташт чандин тосе ва ба хар тосе чандин хазор  лукмаи гуногун бошад. Дар хар лукмае чандин лаззат бошад. Ва хидматгорон кадаххои заррин ва пиёлахои симин ба даст мунтазир биистанд, ки банда аз он дастархонхои пур аз  таъомхои гуногун мувофики табъу иштихои худ биошомаду бихурад. Бандаи бихишти муддати чихил сол бар сари он  дастархон бо хурдани гушти парандагон ва хурдани дигар  неъматхо машгул бошад.

Баъд аз он ки даст аз таъом боздорад, гилмон косахои пур  аз шаробро пеши у баранд. Чун банда шарбате аз он нуш кунад, хурдагихои чихилсола ба нушидани як пиёла шароб  хазм шаванд. Гуянд, ки банда як даст ба чоми заррин ва дасти  дигарашро халка дар гардани хур дорад ва аз тарафи дасти  росту чапи у чандин хидмаггорон дасти ба даст карда, чомхои  заррин бар каф гирифта, ба нагмахои ширин сурудхони кунанд ва банда подшохвор бо айшу шоди биншинад. Он бандагон аз бисёрии айшу нуш ва машгулият бо арусони худ  Худои оламиёнро ба ёд наёранд.

Фармон ояд, ки, эй малоикахо, ин номахоро бар муьминон расонед.

Фариштагон он номахоро ба дасти хурон бидиханд. Хурон  гуянд, ки мо натавонем, чунки дусти Худои таъоло ба хилват  машгул аст. Фариштагон онро ба гилмон диханд, гилмон гуянд, мо натавонем рафтан, зеро ки дусти Худои таъоло ба маишат машгул аст.

Фариштагон гуянд, ки, Илохо, ту бехтар медони, ки бандаи  худро чунин мартабаву бузурги додаи, ки ба наздаш  натавонем рафтан.

Он гох фармон шавад, ки аз богхои беруни бихишт аз Хазрати мо тухфа ва хадя баргиред ва ба суи бандагони мо, биравед ва бар дасти хар фаришта як табак бидихад ва дар он табак мевахои гуногун бошад. Малоикахо онро баргиранд,

ва бар дари касрхо раванд ва аз нигохбонони каср пурсанд, ки малик ба чи кор машгул аст?

Гуянд, ки малик ба айш машгул аст.

Фариштагон бозгарданду гуянд, ки, Илохо, бандаи худро чунон мартаба додаи, ки дарбонон чунин чавоб гуянд.

Фармон шавад, ки пеши дари бандагони ман чандон истед, ки дарро кушоянд.

Фариштагон бар дари касрхо биистанд ва интизори кашанд. Хар бихиштиро хафтод дарбон бошад. Ичозат гиранду баъд назди банда дароянд ва гуянд, ки фариштагон бар дар чандон интизори кашанд, ки посбонони каср аз онхо шарм кунанд.

Он гох дарбонон наздики хидматгорон оянд, ки муддати чандин сол аст, ки фариштагон аз Хазрати Парвардигор тухфахо ба даст гирифта мунтазир истодаанд. Ходимон гилмонро гуянд ва гилмон хуронро бигуянд ва хурон бандагонро аз ин хол огох гардонанд. Онхо ба мучарради шунидан талаб кунанд, ки ба назди мо биёянд. Чун наздик расанд, гуянд, ки “Саломун алайкум, тибтум фадхулухо холидин”. Он гох табаке аз нур пеши банда ниханд, ки дасторчае аз нур бар болояш андохта шудааст.

Чун бихишти пардаи нур аз табак бикушояд, себе бинад. Ба дасти ризо онро кабул кунаду буй кашад. Хамчун буи мушк аз он пайдо шавад, ки димоги малики бихишти муъаттар гардад. Ва чун бишикофад, хури зебое аз он себ пайдо шавад, ки никоб дар руй баста, нури зебои у дар бихишт парешон шавад, чунон ки бихишти анбарсиришт саросар зеботар гардад. Ва рукьа аз паёми дуст ба дасти у бошад, банда аз шавку мухаббати руи ин чамоли дуст, ки хураш гуянд, хохад, ки никоб бикушояд.

Хур гуяд, ки хануз вакти он нест, дар шитоб машав, ки ман аз они туам. Аввал номаи дустро бихон, он гох никоби бастаро бикушо.

Чун банда номаи султони маликулмулк ва Худованди иззат ва чабаррут чалла ва ало бикушояд, ба даруни нома чанд сатре; навишта бинад, ки ин навиштаи подшохе аст, ки харгиз намирад ва баъд аз ин низ харгиз намирад ва мар уро марг харгиз раво нест.

Дар сатри дувум навишта, ки “салом аз подшохе, ки мулки уро завол нест ба суи подшохе, ки мулки уро завол нест”. Эй бандаи ман, хамрохи хуру кусур чунон машгул гаштаи, ки  маро ёд намекуни, аммо вафои карими мо кадим аст. Акнун ёд кунед, ки ваъдае, ки дар дунё бо шумо буд, онро вафо кардам ё не?

Хама гуянд, ки, Илохо, ваъдахои ту ба карам вафо гашт.

Он гох арз кунанд, ки, Илохо, дар дунё зомини ризки мо буди. Агарчанде ки гунох мекардем рузии мо мерасониди ва чун умри мо ба охир расид, Малакулмавт касди чони мо кард  ва шайтон чанг дар имони мо кард, ту дар он вакт калима бар  забони мо гардониди. Чун дар тангхои лахад фуруд оварданд, саволи Мункару Накирро осон гардониди ва гурро, ки  макоми торику бовахшат буд, бар мо кушоду равшан  гардониди. Чун номаи кирдори моро паррон гардониди, номахои мо ба дасти рост доди ва паллаи неки моро ба карами  худ вазнин гардониди. Чун вакти гузаштани пули Сирот шуд, сехазорсола рох аз муй бориктар ва аз тег бурронтар ва аз оташ гармтар ба лугфи худ осон гардониди ва ба Доруссаломи бихишт расониди, баъд хаёте доди, ки харгиз намирони. Акнун, бор Худоё, моро ба хазрати ту хеч орзуе намондааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …