Главная / Чамъият / Халли масъалахои вобаста ба ичрои карори таъин кардани чазои маъмури ба шахси ноболиг

Халли масъалахои вобаста ба ичрои карори таъин кардани чазои маъмури ба шахси ноболиг

Моддаи 224-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Халли масъалахои вобаста ба ичрои карори таъин кардани чазои маъмури ба шахси ноболиг 

  1. Масъалахои ба таъхир гузоштан, боздоштан ё катъ кардани ичрои карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури, инчунин руёнидани чаримаи маъмурии ба шахси ноболиг таъиншуда аз падару модар ё намояндаи конунии у аз тарафи судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки чунин карорро кабул кардаанд, дар мухлати се шабонарузи баъди ба миён омадани асос барои халли масъалаи дахлдор барраси мешаванд.
  2. Шахсоне, ки барои халли масъалахои дар кисми 1 хамин модда зикргардида манфиатдоранд, дар бораи вакт ва махалли барраси хабардор карда мешаванд. Бе сабабхои узрнок хозир нашудани шахсони манфиатдор барои халли масъалахои дахлдор монеъ шуда наметавонад.
  3. Карор оид ба масъалахои ба таъхир гузоштан, ба мухлатхо чудо кардан ё боздоштани ичрои карор дар бораи таъин кардани чазои маъмури, инчунин руёнидани чаримаи маъмурии нисбати шахси ноболиг таъингардида аз падару модар ё намояндаи конунии у дар намуди таъинот бароварда мешавад. Нусхаи таъинот ба шахси вокеи ё намояндаи шахси хукуки, ки нисбати онхо ин таъинот бароварда шудааст, инчунин ба чабрдида тибки дархост супорида мешавад. Хангоми хозир набудани шахсони зикргардида нусхаи таъинот ба онхо дар давоми се шабонарузи баъди баровардани он фиристонида, дар ин бора дар парванда кайди дахлдор карда мешавад.
  4. Масъалаи катъ кардани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури дар шакли карор кабул карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …