Главная / Гуногун / Халли “Масъалаи Помир”

Халли “Масъалаи Помир”

Кухистони Помир ба ду кисмати асоси чудо мешуд, ки яке Помири Гарби ( мулкхои точикнишини Вахон, Горон, Шугнон ва Рушон) ва дигаре Помири Шарки (дар он чо кавмхои кучманчии киргизхо сукунат доштанд) буд. Масъалаи охирини барои Русия ва Англия бахснок хамин минтакаи Осиёи Маркази буд. Хангоми забти заминхои туркманхо Русия Помирро сарфи назар накарда, “аз худ” кардани онро танхо ба вакти дигар мавкуф гузошта буд.

Дар “масъалаи Помир” Афгонистон ва Чин хам даъвогар буданд. Баъд аз чанги солхои 1878-1880-и зидди Афгонистон Англия пуштибони ин давлат эълон гардид. Бо хамин сабаб сиёсати хоричии Афгонистон ба манфиатхои Англия мувофик кунонда мешуд. Бо тавсияи хукумати Британияи Кабир амири Афгонистон ба Помири Гарби лашкар кашида, соли 1883 Вахон, Горон, Шугнон ва Рушонро ишгол намуд.

 123

Ракобати Русия, Афгонистон ва Англия барои Помир кариб дах сол – аз соли 1883 то соли 1893 идома ёфт. Соли 1891 Англия вилояти кухистонии Комчутро, ки ба мулкхои Хунта ва Нахор тааллук дошт, ишгол менамояд. Аз чунин сурат гирифтани рафти вокеа Русия саросема шуда, дар Помир ба амалиёти фаъолона шуруъ кард. Мохи июни соли 1891 дастаи 120-нафараи казакхо ва аскарони рус бо сардорни полковник М. Ионов ба Помир меравад. Генерал-губернатори Туркистон А. В. Бревский тавассути мулозимони худ ба мардуми махалли ва даъвогарони Англияю Афгонистон расонд, ки Помир аз Русия аст. Сафари М. Ионов “масъалаи Помир”-ро рузмарра кард. Мохи апрели соли 1892 арбобони давлатии Русия ба машварати махсуси ба ин масъала бахшидашуда чамъ омада, карор кабул карданд, ки ба Помир аскар фиристода, хокимият ва сохибияти Русияро дар ин минтакаи Осиёи Маркази мустахкам кунанд. Мохи июни соли 1892 М. Ионов боз ба хамон рохи ба у шинос ва ин дафъа бо дастаи аскарони зиёдтар ба Помир рахсипор шуд. Ба он чо расида вай дар сохили дарёи Оксу постгохи Помирро сохта, дар махаллаи Шочон 250 нафар аскарро барои зимистонгузарони мустакар мекунонад.

Дере нагузашта “масъалаи Помир’’ ба мачрои  корхои дипломатии Русия ва Англия ворид мешавад ва окибат англисхо Помирро ба Русия вогузор мекунанд. Гап дар сари он аст, ки солхои 1869- 1873 дар бораи минтакаи зери манофеи Русия будани Помир карордодхои русию англиси ба имзо расонида шуда буданд. Барои халли нихоии ‘‘масъалаи Помир” соли 1893 котиби идораи мустамликавии Англия дар Хиндустон оид ба корхои хоричи Мортимер Дюранд бо ташрифи махсус ба Кобул меояд ва ба Абдурахмонхон пешниход менамояд, ки у аз даъвои Шугнон, Горон, Вахон ва Рушон гузарад.

Мувофики Созишномаи нави соли 1893-и байни Англия, Русия ва Афгонистон кисми шаркии Вахону Горон ба Афгонистон гузашт, заминхои дар тарафи чапи дарёи Аму вокеъбудаи Дарвози Бухоро низ ба Афгонистон дода шуданд. Афгонистон лашкари худро аз Вахон, Горон, Шугнон ва Рушон ва Чин бошад, аз Помири Шарки баровард. Созишномаи мазкур 27 феврали (11 март) соли 1894 ба расмият даромад. Бахори соли 1895 сархадхои байни Русияю Афгонистон аз тарафи комиссияи муштараки англисию руси катъиян муайян карда шуданд. Хамин тарик, Помири Шарки ва Помири Гарби ба хайати генерал- губернатории Туркистон дохил мегарданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …