Главная / Илм / Хайру баракат дар чахор чиз аст

Хайру баракат дар чахор чиз аст

Дар китоби Ибни Чарир ин фармони Хазрати Али (раз) мавчуд аст, ки: Хар касе аз шумо хостгори шифо мебошад, ояте аз Каломуллохи мачидро бар руи когазе навишта ва онро бо оби борон шуста ва аз маблаги махрияи хамсараш бо ризогияш асал бихарад ва онхоро бинушад ва ба баракати он аз чанд чихат шифо хосил мегардад. Чунончи дар Куръон ворид шудааст:

kori-nek«Ва нуназзилу мина-л-Куръони мо хува шифоу-в-ва рахмату-л-ли-л-муъминин».[1]

Тарчума: Мо аз Куръон нозил намудаем, он чиро ки мучиби шифо ва рахмат аст барои муъминон.

«Ва наззално мина-с-самои моа-м-муборако».[2] Тарчума: Аз осмон оби бобаракат фуруд меоварем.

«Фа ин тибна лакум ан шайъи-м-минху нафсан фа кулуху ханиа-м-марио».[3]

Тарчума: Агар занон бо тайиби хотир аз махрияи хеш ба шумо чизе бибахшанд, онро бидуни камтарин шакку шубхае бо камоли майлу хушгувории комил бихуред.

Дар иртибот бо асал дар Куръони мачид омадааст:

«Фихи шифоу-л-ли-н-нос».[4]

Тарчума: Дар асал барои мардум шифо аст.

Дар китоби Ибни Моча дар зимни ривояте Расулуллох (с) мефармояд: «Хар шахсе дар хар мохе се руз асал бихурад ба у балои бузурге осеб намерасонад».

Фоида. Дар чахор чиз хайру баракат ва шифо аст:

  1. Дар Куръони мачид.
  2. Дар оби борон.
  3. Дар асал.
  4. Аз он микдор махрияе, ки зан хамсарашро бо

хотири хуш иноят мекунад.

Аз уламо манкул аст, ки вакте шахсе машгули тичорат мешавад, микдоре аз маблаги махрияи хамсараш дар маблагхои тичораташ афзояд, иншоаллох дар он тичорат хайру баракат хохад буд.

[1] Сураи Бани Исроил, ояти 82.

[2] Сураи Коф, ояти 9.

[3] Сураи Нисо, ояти 4.

[4] Сураи Нахл, ояти 69.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

komputer-3

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

  Имкониятхо ва хосиятхои компютер. Компютер пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо …