Главная / Маданият ва санъат / Хахонбини ва акидахои ичтимои – ахлокии Бедил

Хахонбини ва акидахои ичтимои – ахлокии Бедил

Маълум аст, ки зери мафхуми чахонбини системаи фалсафии таълимоти адиби мутафаккир фахмида мешавад. Аз ин нигох, эчодиёти Бедил ва системаи чахонбинии у бо таълимоти исломи шариф мукобил нест. Зеро у чонибдори таълимоти фалсафаи вахдати вучуд буда, хадди нихоии он Холик-хастии мутлак ва азали ва сунъи у махлук-одам чуён асли хеш аст.

Аз ин ру, Бедил инсонро хамачониба дар маркази эчод мегузорад. Онро хамчун асрори олами сагир ба тасвир мегирад: «Ай шамъи базми кудс, надонам чи махзари»… Киёсхое, ки барои маърифати инсон ба кор гирифта мешавад, голибан ба олами модди тааллук дошта, тачрибагохи он зиндаги, хаёт, рузгор ва табиат аст. Ин аст, ки инсони тасвиркардаи Бедил пайваста дар гиру дор, раду бадал буда, доираи амалиёту фаъолияташ пур аз низоъ, тазод, мухолифат, бархурд аст. Неруи тафаккур, кудрати аклони, зехну заковати ин инсон чуё, кушо ва фаъол мебошад. Илму тадкик, киёсу тарчех, созандагию ихтироъ мухимтарин сифатхои фаъолияти инсони тасвиркардаи Бедил аст. Хадафи ин инсон:

«Оламеро барорам аз гафлат.»

Гафлат хоси чахони инсонист ва душмани хушёриву зиракии инсон аст. Аз сабаби он ки ин инсон оламеро (чомеъаро) аз гафлат азми начотдихи дорад, пас тибки таълимот ва чахонбинии Бедил, бархурдхои мафкурави, зиддиятхои ботини, низоъхои сирати ихтилофхои маънавии нихоят ачоиб ва бозёфти шоири мутафаккир аст, ки боиси кашфи чузъиёти афкори ахлокию фалсафи ва адабию зебошиносии мутафаккир аст. Бинобар он, инхитоту инкирози маънави ва ё рушду тахаввули он ба огохи ё гофилии инсон сахт вобастаги дорад.

Бедил хам мисли кулли адибони асримиёнаги чонибдори ахлоки хамида ва бархамзанандаи ахлоки разила аст. Зеро ахлоки разила: ришва, зино, дуруг, кибр, катл, фиреб, чахл, газаб, таносони, муфтхури, хабаркаши, одамбезори ва гайра боиси завволи чомеа аст. Ахлоки хамида: инсондусти, росткавли, вафодори, сабури, мехнаткарини, халолкори, хоксори, шикастанафси, покдомани, саховатманди, софдили ва гайра сабаби болоравии маънавиёти инсон ва чомеа мебошад.

Дар таълимоти ахлокии Бедил эчоди бадеъ хамчун ифодагари тафаккури инсон – маънавиёти у ва то ба хадди баланди фикри расидани он дониста мешавад. Ба назари Бедил, донишу илм ирси нест ва на хар кас барои идроки маъни омода мебошад. Ба ин маъни шоир мегуяд:

Рамзошнои маъни хар хирасар набошад, Табъи салими фазлат ирси падар набошад.

Хадафи эчодкор аз казовати мазкур пеш аз хама саъй, чиду чахд ва кушишу харакат низ хаст. Бедил чун абулмаъони офариниши маъниро дар эчоди бадеъ дар чои аввал мегузорад. Аз ин хотир, хунари эчодкору тахайюли эчоди чанбаи марказии шеърро таъмин менамояд.

Аз ин ру, у ашъори мадхиро хуш надорад ва хатто сахт накухиш хам мекунад:

Ай басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро,

Хоки чавлонгахи аспу хари ахли чох аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Русиёхи адаб аз мадхи амиру шох аст.

Марчаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидони чи кадар фитраташон кутох аст.

Сила муштоки гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар хама пой бар афлок нихад, дар чох аст.

Бедили Дехлави адибонеро, ки истеъдодро хор кардаанд ва хунарро тобеи зар донистаанд, сахт танкид менамояд. Асоси эчодиёти онхоро хирсу тамаъ фарохам меораду хадафи онхо аз эчоди бадеъ ба чуз тамаъ ва чоплуси чизи дигаре нест, носазо мегуяд:

Дар лафзи туст маънии кавнайн мундарич,

Бахри чи бар хакикат худ пай намебари?

Оби хаёт аз нафасат мавч мезанад,

Аммо чи суд, к-аз араки мову ман тари.

Гофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб

Икболи хафт махфилу нух касри ахзари.

Кавну макон гулест ба домони химматат,

Худро агар ихота куни, чархи дигари.

Олам хама мусаххари амри замири туст,

Ай бехабар, ту аз чи хаворо мусаххари,

Аз хеч кас наям силаандеши бешу кам,

Маддохи фитратам на Захирам, на Анвари.

Албатта, панду ахлок, андарзу насихат дар таърихи адабиёти форс- точик яке аз мавзуъхои човидона аст. Хатто адибе нест, ки ба ин масъала даст назада бошад. Ба фармудаи Саъдии Шерози:

Муроди мо насихат буду гуфтем,

Хаволат бо Худо кардему рафтем.

Аз ин ру, хадаф карор додани мавзуъ нав нест, яъне интихоби мавзуъ суннати бошад хам, маърифат ва рохи халли масъала тозаву нав мебошад. У ба масъалаи ахлоку тарбия назари тоза дорад. Вокеан эчодиёти Бедил инъикоси мархалаи нави эхёгарии адабиёти точик аст, ки ба конунмандии холати сиёси-таърихи, ичтимои-ахлоки, фарханги- адаби, фалсафи-эстетики сахт вобастаги дорад. Равандхои мазкур сараввал чахонбинию маърифати мартабаи инсонро муайян мекард. Ин нахустин асре буд, ки Гарб сиёсати худро мехост дар каламрави Хиндустон чори созад. Яъне бархурдхои мафкурави низ дар ин давра хеле тезутунд гардида буд. Гарб барои пойдор сохтани сиёсати худ чонибдори хуручи низоъхои мазхаби миёни халкхои ин каламрав буд. Аз ин ру, Бедил ба макому мартабаи инсон, маънавиёту шуури у, хиссу дарку маърифати шахс таваччухи махсус дорад. Бедил чонибдори низоъхои мазхаби нест. Дар таълимоте фалсафии у, ки сарчашмааш ислом аст, Холик офаранда ва махлук офаридашуда аст. Холик азали ва човид буда, махлук фонист. Вале дар чанби махлук аъмолу афъоли мутазод нихон аст. Ин аст, ки махлук дорои сифатхои нокису комил, каму зиёд, мавзуниву номавзуни, шайтониву рахмони ва гайра аст. Бедил дар робита ба интихоби чанбахои ахлоки хамида ва амали хайр инсонро мухтор медонад. Инсон метавонад бо рохи нек рафта зиндагии худро бехтар намояд. Хадаф аз омузиши нек сайкал додани шууру тафаккур аст, то инсон тагофул наварзад, гофил намонад. Ба ин мъни мегуяд:

Ман хам аз касби илм хурсандам,

Лек бо максадест пайвандам.

К-аз усули мадорики хикмат

Оламеро барорам аз гайлат.

Аз ин нигох, бурду бохти чамъият натичаи зираки ё гофилии инсон дониста мешавад. У чонибдори инсони кушо, заки, чуё, сохибмаърифат мебошад, зеро чунин инсон сохиби истиклоли фикру андеша аст ва метавонад ба максад бирасад:

Кавну макон гулест ба домони химматат,

Худро агар ихота куни, чархи дигари!

Бедил хамчун адиби мутафиккир касидае дорад, ки дар он инсон хамчун махлуки мукаддас васф гардида, худшиносии он сахт таъкид карда мешавад.

Умуман дар ин масъала афкори фалсафи – ичтимоии у хилофи шариати исломи нест ва Бедил казовати худро дар хамин замина асоснок мекунад. Танхо мутафаккир зохирпарастиро сахт махкум месозад. Масалан, риши аз эътидол берун, саллаи калон, либоси фохирона ва гайра, ки онхо ифодагари маънавиёту дониш нестанд.

Ахамияти илм. Бедил илмро яке аз роххои халоси аз гафлату чахолат медонад. Беш аз ин илм, шахсро сохиби бахту икбол месозад:

То фазлу хунар оинапардоз нашуд,

З-икбол даре ба руи кас боз нашуд.

Фулод ба охан шараф аз чавхар ёфт,

Беилм зи чинси хеш мумтоз нашуд.

Аммо Бедил дар омузиши илм дар чои аввал максадро мегузорад, ки хадаф аз чунин шакл гирифтани казоват мухторияти инсон мебошад.

Зиёни бекори. Кор омили асосии пешрафт дониста мешавад ва Бедил таъкид мекунад, ки он чи инсон пас аз худ боки мегузорад, самараи кору бори уст. Бинобар он, одамон бояд ба корхои барои умум фоиданоку нафърасон машгул шаванд. Ба шугли бехуда даст назананд ва ба хар коре, ки даст мезананд, натичаи онро андеша кунанд. Зеро дар дунё танхо натичаи фаъолияти инсон макому мартабаи уро муайян намуда, чиз дигаре дар ин дунё наметавонад бахои сазовори шахсияти инсон бошад. Бедил махз бо назардошти кору бори инсон нозу неъматхои дигари дунёро муваккати мехисобад:

Аввалу охир он чи шуд маълум,

Кору бор аст, мобаки[1] – маъдум[2].

Таргиби хислатхои хамида. Бедил инсони некукор, хайрхох, илмдуст, ватанпараст, халкдуст, сохибмаърифат, халим, фурутану хоксор, ширинсухану нармгуфтор, росткавлу ростгу, вафодору устуворро дар эчодиёташ васф мекунад. Чунончи, инсон набояд фирефтаи дониши худ шавад ва ба кибру гурур руй биёрад:

Харчанд ба дониш аз чахон афзуни,

Ё дар пири муаллими гардуни.

Хар гох ба пеши кас бари хочати хеш,

Тифли ба ту зебад, на афлотуни.

Бедил чонибдори хамбастагию иттифоки, якдилию муттахиди буда, парокандагию нифок, парешониву хусуматро танкид мекунад:

Ёрон ба тифок агар кадам мешикананд,

Чдйши арабу ачам ба хам мешикананд.

Аз кудрати иттифок гофил нашави,

Дандонхо сангро ба хам мешикананд.

Ба назари Бедил, химматбаланди чолибтарину накутарин сифати инсон аст. Агар шахс химмати баланд дошта бошад, хеч душворие наметавонад сади рохи у гардад. У накши хамматро аз тачрибахои хаёту зиндаги хосил кардааст. Аз ин ру, дар ин бора басо дилпурона ва бо боварии том казоват менамояд.

Чунончи:

Химмат хар чо беш кунад кореро,

Душвори нест хеч душвореро.

Якчанд фалохате[3] ба кушиш бехад

Холи созад зи санг кухсореро.

Дар таълимоти ахлокии Бедил ба химматбаланди, шучоат, мардонаги, диловари, нотарси, устувори, далери, часури, таваччухи хоса зохир карда мешавад:

Дар тачрибагохи одами сулху набард,

Химмат халли кадом мушкил, ки накард.

Бедил хислатхои разилаи инсониро сахт махкум мекунад. У ба хусус мардумозори, чоплуси, золими, берахми, чахлу нодони, харзагуи, танбали, серхоби, пурхури, сарватпарасти, кибру гурур ва гайраро танкид мекунад:

Золим пушад либоси хунбофтаро,

То зер кунад хасми занбунёфтаро.

Бо сангдилон шиори худ сахти кун,

Бардор ба охан охани тофтаро.

Тазодхои рузгор, ноадолатихои зимомдорон боиси харобии халк ва мулк дониста мешавад:

Ай нони ту гарм, аз тафи дилхои кабоб,

Аз хичлати зулм боядат гаштан об.

То коми ту молида як ангушт асал,

Бунёди хазор хона гаштаст хароб.

Арзи чунин охангхои сохти эътирози низ яке аз хизматхои Бедил аст, ки аз хакгуиву хакчуи ва хакбинии мутафаккир гувохи медиханд.

Дигар аз хидматхои таърихии Бедил дар таърихи эчоди бадеъ аз он иборат аст, ки у ба дифои каломи бадеъ мехезад. Шоир рох намедихад, ки баъзе шуарои тамаъкор суханро хору бекадр кунанд. Мамдухони нолоикро ситоиш кунанду силаву инъом ба даст биёваранд. Хунару кирдори онхоро пешаи шайтони ва хамкори бо иблис мехисобад:

Ай, ки таърифи салотин кардаи,

Машки таълими шаётин кардаи.

Чист таълими шаётин? -Хубби чох[4]

Ай шаётин муршидат[5], руят сиёх.

Дар афкори адаби – эстетикии Бедил ба сухан, суханвар ва суханшунав таваччухи махсус ба мушохида мерасад. У шоирони маддох – сила муштоконро хоркунандагони калом – гадотаъбон ном мебарад. Онхо имруз сохиби молу сарват ва ганчу неъматанд ва албатта, ин рузаке чанд аст, вале фардо русиёху дар чохи зулмонианд. Чунончи:

Ай басо маънии равшан, ки зи хирси шуаро,

Хоки чавлонгахи аспу хари ахли чох аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ, Руси

ёхи абад аз мадхи амиру шох аст.

Сила муштоки гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар хама пой бар афлок нихад, дар чох аст.

Ин аст, ки у эчодиёти хешро дар мукобили хамин гуна суханварон мегузорад ва аз эчодиёташ, ки умре хираду дониш, аклу заковатро сутудааст, ифтихор менамояд. У хушдор медихад, ки аз касе тамаъ накардааст ва нахохад кард ва санги маломатро чониби Анвариву Захири Форёби хаво медихад ва мегуяд:

Аз хеч кас наям силаандеши бешу кам,

Маддохи фитратам, на Захирам, на Анвари…

Дустии халкхои каламрави Хиндустон ва умуман парастиши инсон низ яке аз мавзуъхои марказии эчодиёти Бедил мебошад. Махсусан, дар холате ки ачнабиён ба сарзамини Хиндустон рох ёфта буданд ва онхо чонибдори низоъхои мазхаби, нооромии авзои ин кишвар буданд. Аз ин чост, ки мутафаккир хушдор медихад, ки дусти ва хамбастагии мардум воситаи начоти халк ва кишвар ба шумор меравад. Зеро дасисакорон бахри амали гардонидани дасисахои хешу гаразхои нихони ба хар коре кодиранд:

Умрест, ки дар арсаи найранги гараз,

Дорад баду нек сулх ё чанги гараз.

Гар рабти[6] каломи куфру дин дарёби, Соз

и хама кук[7]аст ба оханги гараз.

Дар чои дигар шоир холати халкхои кишварро ба дасте шабех медонад, ки зери санг мондааст. Яъне хадаф ноилочи буда, чораандеширо ногузир мехисобад:

Домони тааллуке ба чанг омадааст,

К-ин халк ба зиндони фаранг омадааст.

Осон натавон кашид монанди нафас,

Дасте, ки зи дил дар таги санг омадааст.

[1]     Мобаки – он чи боки мемонад.

[2]     Маъдум – адам, нести.

[3]     Фалохат – кишоварз.

[4]     Хубби чох – мансабпарасти, шухратпарасти.

[5]     Муршид – пир, шайх.

[6]     Рабт – пайвастаги, робита.

[7]     Кук-мувофик намудани овозхо дар мусики, хамоханги,; чур.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

46

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти …