Главная / Гуногун / Хаёти илми ва адаби дар нимаи аввали асри XIX

Хаёти илми ва адаби дар нимаи аввали асри XIX

Забони точики дар нимаи якуми асри XIX чи дар дастгохи давлати ва чи дар риштаи адабиёту корхои идорави мавкеи асосиро ишгол мекард. Ду навъи мактаб вучуд дошт: мактаби ибтидои ва оли, яъне Мадраса. Дар мактабхо кудакон савод меомухтанд ва тарбия мегирифтанд. Таълиму тадрис ба забони точики ва араби буд. Муаллимони мактабхо асосан домуллохо намояндагони рухониён буданд, ки табакаи босаводтарини ахоли хисоб меёфтанд. Талабагон асосан дар фасли тирамоху зимистон мехонданд.

social_realism_art_9

Дар мадарасахо кариб тамоми дарсхо ба забони араби гузашта, забони точики факат барои шарх ва тарчумаи баъзе дарсхо хидмат менамуд. Дар ин вакт омухтани илми фикх, тафсири китобхои мукаддас ва шархи китобхои дарсии динии асри миёна хеле ривоч ёфт. Ба хамин сабаб муддати тахсили Мадраса нихоят дароз шуда аз 8 то 20 сол давом мекард. Маоши муллобачахо, мударрисон, мутаввалли, ходимони дар ин даргох хизматкунанда ва инчунин таъмири бинои Мадраса аз даромади заминхои вакф буд.

Хатмкунандагони Мадраса бештар ба вазифаи козии шахру вилоятхо, муфти (шархдихандаи конунхои шариат), имоми масчидхо таъин мешуданд ё худ дастнависхоро нусхабардори мекарданд.

Духтарон имкони дар мадрасахо хондан надоштанд ва Мадраса барои занон вучуд надошт. Бибихотуни (муаллимаи) мактабхои занона асосан занони муллохо ва мударрисон буданд. Дар Бухоро, Самарканд, Хуканд, Хучанд, Уротеппа, Хисор Кулоб, Панчакент, Конибодом ва Гарм мадрасахо амал мекарданд. Вале пуркувваттарин ва обрумандтарини таълимгоххо мадрасахои пойтахти аморат – шахри Бухоро ба шумор мерафтанд. Бухоро дар ин давра маркази дини тамоми Осиёи Миёна ба шумор мерафт.

Дар нимаи аввали асри XIX асархои мухими сохаи таърих бахшида ба сулолаи мангития дар Бухоро ва сулолаи хонадони мингхо дар Хуканд навишта мешаванд. Асархо оид ба таърих асосан шакли вокеанигориро ба худ гирифта буданд. Онхо дар омухтани хаёти асри XIX арзиши зиёд доранд. Яке аз ин гуна сарчашмахо асари Мухаммад Ёкуб «Гулшан-ул-мулук» мебошад. Муаллифи ин китоб аз доираи дарбориён, шохид ва иштирокчии бевоситаи бисёр вокеахои таърихии замонаш буд. Аз хамин сабаб маълумоти у ахамияти таърихи дошта, замони хукмронии мангитихоро то ахди амир Насрулло тавсиф мекунад.

Гайр аз асари мазкур барои омухтани таърихи махалхо ба мисли Панчакент, асари Мулло Чумъакули Ургути, мутахаллис ба Хамули кобили кайд мебошад. Таърихи хонхои Хуканд дар «Мунтахаб-ут-таворих» ном асари Мухаммадхакимхон шарху баён ёфтааст. Муаллиф хохарзодаи хонхои Хуканд Олимхон ва Умархон буда, аз ахволи дарбор хабар дошт ва бисёр вокеахоро хамчун иштирокчи ва шохиди он ба калам додааст. Вокеахои дар асар тасвирёфта аз замони хукмронии Норбутахон (аз соли 1770) то айёми салтанати Мухаммадалихон ва катли уро (соли 1842) фаро гирифтаанд.

Асари Мулло Аттор «Чахоннамо», ки соли 1810 таълиф ёфта буд, асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуканд бахшида шудааст. Гайр аз ин, доир ба таърихи давлати хонии Хуканд, асархои дигар, аз кабили «Таърихи Шохрухи»-и Мулло Ниёзмухаммад ва «Таърихи мухочирон»-и Дилшоди Барно навишта шудаанд. Хамаи асархои таърихии номбурда ба забони точики таълиф ёфтаанд. Онхо бисёр ходиса ва вокеахои таърихиро акс намуда, барои омухтани таърихи халкхои Осиёи Миёна сарчашмаи бехтарин ба шумор мераванд.

Дар нимаи якуми асри XIX дар пойтахти хамаи хонигарихои Осиёи Миёна хаёти адаби дар авч буд. Дар хонигарихои Бухорову Хуканд ба ду забон – ба забони точики ва узбеки эчод мекарданд. Яъне шоирони зулисонайн ба вучуд меоянд. Дар миёнаи асри XVIII чараёни тозае зухур карда буд, ки дар асархои баъдина низ давом ёфта, дар таърихи адабиёти точик ба номи сабки бедили машхур гашт.

Намояндагони ин чараён беш аз хама ба тасаввуфи Бедил таклид менамуданд. Сабки бедили мукаллидони пешкадами худро дошт. Дар байни пайравони Бедил одамоне буданд, ки дар асри XIX эчодиёти худро то андозае ба хаёти ичтимоии халк наздиктар намуда, гояхои нисбат ба он замон мутараккиро таблиг мекарданд. Умуман, равияи демократи ба назми ин давра рох пайдо менамуд. Чунончи, Мулло Хусайн, ки бо тахаллуси Дониши Бухорои машхур аст, Мирзо Махаммадсолех Мунши, Чунайдулло Махмуди Хозик, Мухаммадшарифи Гулхани, Махмур, Маъдан, Дилшод ва дигарон дар хамин давра умр ба cap бурдаанд. Дар эчодиёти Гулхани, Махмур ва Маъдан хачви ичтимои чои намоёнро ишгол менамуд, ки он ба мазмуни лирикии шоирони маорифпарвар таъсир кардааст. Достони Хозик «Юсуф ва Зулайхо», масалхои Гулхани, шеърхои ичтимоии шоира Дилшод ва дигарон ба чумлаи асархои озодфикрона дохил мешаванд. Дар нимаи аввали асри XIX, махсусан дар давраи хукмронии амир Умархон (1800-1810) дар Хуканд хаёти адаби хеле пеш меравад. Шоирони зуллисонайн, ба мисли Умархон, Макнуна, Гулхани ва дигарон ба арсаи адабиёт омаданд, ки асархояшонро бо забони точики ва узбеки иншо мекарданд.

Эчодиёти дахонии халк дар сурудхо, хикояхо ва гуфторхо зохир мегашт. Сокинони шахрхою дехахоро намоишхои кучагии масхарабозон, дорбозон ва театрхои лухтак шод мегардонданд. Мусикачиёни боистеъдод тавассути асбобхои одии гуногуну сершумори мусики охангхои гуногун меофариданд.

Дар байни халк бозихои варзиши басо пахн гадида буданд: бузкаши, гуштингири, аспдавони, пойга ва гайра. Намудхои гуногуни санъати амали низ хеле равнаку ривоч ёфта буданд; накшунигори деворхо, кандакории чуб, гилкори, хаккоки, кулоли ва гайра. Накшунигори деворхо ва сакфи бинохо аз гач хеле пахн гашта буд.

Матоъхои хархела ва гуногунранг, гулпартоии устохои махалли, ки ба он хам мардон ва хам занон машгул буданд, багоят таракки карда буд.

Пешонабандхои арус, куртахои чакан, пушоки пашми (чакман) ва куртахои рагза, парпари, халтачахо барои чизучораи арус, гулдузихои хархела (чойнамоз, ручо, борпуш, сузани ва хоказо) аз санъати баланди чеварон ва дигар хунармандон гувохи медоданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …