Главная / Гуногун / Хаёти хочаги пас аз истилои мугул

Хаёти хочаги пас аз истилои мугул

Чингизхон давлати бузурги императории ташкилкардаашро дар байни писарони худ таксим намуд.

Писари калони у — Чучи хануз дар соли 1207 ба идора кардани «халкхои чангалнишин» ухдадор гардида буд, ки ин халкхо дар масохати васеъ аз поёноби дарёи Саланга то сохили Иртиш зиндаги мекарданд. Дар соли вафоти Чингизхон (1227) кисми шимолии хафтруд, тамоми хоки онвактаи казокхо ва киргизхо, инчунин кисмати шимолии Хоразм низ ба хиссаи мулки Чучи дохил шуд. Мулки писари дигари Чингизхон – Чагатой аз мамлакати уйгурхо то Самарканд ва аз кисмати чанубии Олтой то сохилхои дарёи Аму вусъат дошт. Урду – кувваи асосии хони бузург Уктойхон дар Тарбогатой вокеъ гардида буд. Писари хурди Чингизхон Тулуй, аз руи таомули бодиянишинон, ба заминхои асосии падараш сохиб шуд.

Агарчанде Мовароуннахр ба мулки Чагатой дохил мешуд, вале амалан ин мамлакатро бевосита худи хони бузург Уктой (1229-1241) дар тасарруф медошт ва факат як кисми оидоти онро ба Чагатой ва хонаводаи у медод.

Истилокорони мугул кишвархои забткардаашонро бо кувваи худ идора карда наметавонистанд. Ин буд, ки Уктой вазифаи идора кардани Мовароуннахрро ба бузургтарин точир ва рибохури ин мамлакат — Махмуди Ялавоч супорид. Махмуд дар Хучанд истода, каламрави худро идора мекард. Тамоми кувваи харбии дар Мовароуннахр гузоштаи мугулхо низ дар ихтиёри у буд. Сардорони ин кувваи харби баскакхо, ки назорати аз ахоли чамъ кардани молиёт хам вазифаи онхо хисоб мешуд, бевосита ба Махмуди Ялавоч итоат намуда, бо нишондоди у амал мекарданд.

Истилои мугул сохти чамъиятии Осиёи Миёнаро тагйир надод, вале ба авзои табакахои мухталифи мамлакат ба таври гуногун таъсир расонд.

Рухониён, точирон ва заминдорони калон ба зуди ба такягохи госибони мугул табдил ёфтанд. Чи навъе ки муаррихи асрхои ХIII-ХIV Рашидаддин мегуяд, дар вакти Чингизхон ва ворисони у Уктойхон ва Гуюкхон (1246-1248) хонхо ва шохзодагони мугул ба точирон ва заминдорони калон ярликхои махсус («пайтези») медоданд, ки дар асоси он ахоли мебоист хар вазифа ва хидмате, ки онхо фармоянд, ичро мекард. Вазъияти оммаи захматкаш, чи дар шахрхо ва чи дар махалхои рустои руз аз руз бадтар мегардид.

Барзгарон ва пешаварон гайр аз хироч, ки хар сол аз заминхои кишт ба давлат медоданд, боз ба адо намудани вазифахои зиёде мачбур буданд. Маъмурон, точирон, намояндагони табакаи рухони ва аъзои хонаводаи хони, вакте ки аз ягон махал мегузаштанд, ярликхои махсусро иишон дода, аз ахоли маскан, озука ва наклия талаб мекарданд ва ахоли мачбур буд, ки хамаи ин талаботро ба чо орад. Илова бар ин, масъулияти бо хурок ва пушок таъмин намудани дастахои харбии дар шахру дехот гузошташуда низ ба зиммаи ахоли буд. Пешаварон дар фехрасти махсус буданд ва гайр аз вазифахои номбаршуда ба тахия намудани як микдори муайяни махсулот хам ухдадори доштанд. Онхо мебоист дар мухлати мукаррари микдори муайяни маснуоти худро барои хокимони мугул хозир мекарданд. Махсусан, ахволи пешаварони аслихасоз, пойафзолдуз ва бофанда хеле бад буд.

Истилои мугул ба хаёти хочагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Суистеъмолкунии хукмронони махалли, ки худсарона андоз ва молиётро назар ба дарачаи мукарраршуда якчанд мартаба бештар меситониданд, ахволи халкро ба кулли токатнопазир мекард. Зулму истибдод ва чабру бедод ахолии зиндамондаи шахру кишлокро аз хар гуна майлу иштиёки пеш бурдани хочаги махрум сохт. Ин буд, ки вазъияти хочагии мамлакат дар дахсолахои аввали истилои мугул боз хам харобтар гардид.

Дар ин бобат махсусан вазъи хаёти шахр ва тичорати дохилии пули мисоли равшан шуда метавонад. Бар тибки шаходати Чан-чун, ки аз катлу горати мугулхо дере нагузашта ба Самарканд сафар кардааст, дар шахр кариб чор-яки ахолии махалли боки монда, хама чоро гадову гурусна зер карда буд, бо вучуди ин тичорат давом мекард ва бозор моли фаровон дошт. Баъдтар ахвол на ин ки ру ба бехбуди ниход, балки бадтар гардид. Дар сиккахои онвактаи Самарканд аломатхои афзудани бухрони тичорати пули, шакли бухрон ва кушишхои дар рохи пешгири кардани ин бухрон бахарчдодаи хукумат возеху равшан накш ёфтааст.[1]

Дар Самарканди пас аз истилои мугул (мисли пештара, чунон ки дар асри ХII ва ибтидои асри ХIII) сиккахои калони миси зарб зада, аз руяш оби нукра медавониданд. Ин дирамхои мисии нукраандуд дар муомилот пулхои нукраи асилро иваз карданд. Осиёи Миёна «бухрони пули нукра»-ро холо хам аз сар мегузаронд. Ин аввалин пулхои пас аз истилои мугул баровардашуда, ки навиштахои арабии аксаран дини доштанд, дар муомила дер давом накарданд. Дар соли 1225 ба чои онхо пулхои кадре гайриодди ба муомила гузошта шуданд, ки навиштахояшон на ин ки ба забони араби, балки ба забони махаллии точики буд. Акнун зарурате ба миён омад, ки мардум пулро на факат аз шакли зохириаш, хамчунин аз мазмунаш хам бишиносанд. Ин навиштахо бо забони фахмои самаркандихо мардумро бовар кунондани мешуданд, ки ин пули махаллист, барои Самарканд ва давоири он бароварда шудаст ва дар хамин чо роич аст. Вале мардуми Самарканд бовар накарданд. Он гох пас аз як сол дирамхои нави мисии нукраандуд бароварда шуд, ки дар онхо низ суханони «боваркунонанда», вале акнун бо оханги тахдидомез, сабт гардида буд: бо ин максад дар навиштахои руи пул се мартаба бо исрор таъкид мешуд, ки ин тангахои худи Чингизхон аст. Аммо самаркандихо аз ин натарсиданд. Ба ин сабаб дар соли 1232 дирамхое пайдо шуданд, ки дар руи онхо ба забони точики суханони ошкоро тахдидкунанда сабт ёфта буд: «хар касе, ки дар Самарканд ва нохияи ин шахр ин пулро нагирад, чинояткор аст».

Аз ин чунин бармеояд, ки дар он вактхо Самарканд сахттарин бухрони муомилоти пулиро аз сар мегузаронид: касе намехост моли худро ба пули мисии нукраандуд фурушад, лекин пули дигар мавчуд набуд.

Аз хохишу тахдид чизе хосил нашуд. хукумат мачбур гардид, ки дар Самарканд пули нукраи асил барорад. Вале ин икдом вазъиятро факат бадтар кард: тангахои нукра, хамин ки ба дасти касе афтад, дигар берун намебаромад ва дере нагузашта захираи ин пул ба итмом расид. Дар чунин шароит бозгаштан ба дирамхои мисии нукраандуд умуман аз акл берун буд. Инак, Самарканди як замон бузургтарин маркази бозаргонию хунармандии Осиёи Миёна ба «давраи бепули» кадам гузошт: тичорати пули тамоман катъ гардид.

Вазъияти тичорат дар дигар вилоятхои калоне, ки як вактхо аз чихати иктисоди хеле нашъунамо доштанд, боз хам бадтар буд. Чунончи, дар Фаргона, Шош, Тирмиз, Чагониён ва бисёр шахру вилоятхо пас аз истилои мугул умуман пул бароварда нашуд. Агар дар ин махалхо ягон кадар тичорати дохили вучуд дошта бошад, тадричан ба дарачаи содатарин доду гирифти моли таназзул намуд.

[1] Давидович Е. А., 1970 а.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …