Главная / Чамъият / Хадди акали зиндаги

Хадди акали зиндаги

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи Хадди акали зиндаги  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №5, мод.328)

Хадди акали зиндаги

Конуни мазкур асосхои хукукии муайян намудани хадди акали зиндаги, бахисобгирии он хангоми ба шахрвандон таъин кардани кумакхои давлатии ичтимои, инчунин кафолати давлатии гирифтани даромади хадди акали пули ва дар мавриди татбики дигар тадбирхои хифзи ичтимоии ахолиро дар Чумхурии Точикистон  мукаррар менамояд.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

сабади истеъмоли – мачмуи хадди акали махсулоти озука, махсулоти гайриозука ва хизматрасони, ки барои нигахдории саломатии инсон, таъмини хаёт ва фаъолияти у заруранд;

хадди акали зиндаги – арзиши сабади истеъмоли ва маблаги пардохтхои хатми;

хадди камбизоати – меъёри даромадхо барои конеъ гардонидани талаботи хаётан мухими инсон, ки дар Чумхурии Точикистон вобаста ба имкониятхои иктисоди мукаррар карда шудааст;

гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли – гурухи шахрвандоне, ки аз руи аломатхои чинсию синнусоли, мавкеи ичтимои ва сатхи таъминоти модди муттахид мебошанд (ахолии кобили мехнат, нафакахурон ва кудакон);

сатхи зиндаги – мачмуи неъматхои моддию маънави ва хизматрасони, ки талаботи хаётан мухими одамонро конеъ мегардонанд;

кумаки ичтимоии давлати – кумакпулихои ичтимои, субсидияхо, чубронпулихо, хизматрасонии ичтимои ва молхои зарури, ки аз хисоби бучети давлати ба оилахо ва ё шахрвандони камбизоат дода мешаванд;

камбизоатон – оилахое (шахрвандони яккаву танхо), ки бо сабабхои аз онхо новобаста,  даромади миёнаи сарикасии онхо аз андозаи хадди акали зиндаги паст мебошад;

даромади миёнаи  сарикасии оила (шахрвандони яккаву   танхо) – андозаи миёнаи мохонаи даромади умумии ба хар як узви оила (шахрвандони яккаву танхо) таксимшуда.

Моддаи 2.  Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  хадди акали зиндаги

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хадди акали зиндаги ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Таъиноти максадноки хадди акали зиндаги

Хадди акали зиндаги, ки дар мачмуъ дар Чумхурии Точикистон хисоб карда мешавад, бо максадхои зерин истифода мегардад:

– бахо додани сатхи зиндагии ахоли  барои тахия ва татбики сиёсати ичтимои ва барномахои ичтимоии максаднок;

– тахлил ва пешбинии сатхи зиндагии ахоли;

-асосноккунии кумакрасонии ичтимоии давлати ба камбизоатон;

– тадричан наздик кардани андозахои мукарраршавандаи хадди акали музди мехнат, нафакахо, чубронпулихо,  кумакпулихо ва дигар пардохтхои ичтимои;

– муайян кардани хадди камбизоати ва татбики тадбирхо оид ба дастгирии ичтимоии ахоли.

Моддаи 4. Намудхои хадди акали зиндаги

  1. Вобаста аз таъиноти максаднок хадди акали зиндаги ба намудхои зерин таксим мешавад:

– ба хар як нафар ахоли;

– аз руи гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли.

  1. Хадди акали зиндаги  дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон ва минтакахои он, бо чудо кардани ахоли ба сокинони шахр ва дехот инчунин бо назардошти хусусиятхои чугрофию иклими ва хусусиятхои дигари истеъмоли неъматхои модди ва истифодаи хизматрасони ба ахоли  дар мачмуъ муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Сабади истеъмоли

  1. Сабади истеъмоли аз инхо иборат мебошад:

– мачмуи махсулоти озука;

– мачмуи махсулоти гайриозука;

– мачмуи хизматрасони.

  1. Хангоми муайян кардани мачмуи махсулоти озука меъёрхои илман асоснокшудаи талаботи хадди акали гуруххои ичтимоию демографии ахоли ба маводи гизои, инчунин таркиби кимиёви ва арзиши гизонокии махсулоти озука ба инобат гирифта мешаванд.
  2. Хангоми муайян кардани мачмуи махсулоти гайриозука, ки ба таркиби сабади истеъмоли дохил мешаванд, конеъгардонии талаботи хадди акали хаётан мухими гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли ба махсулоти гайригизои бо назардошти хусусиятхои чинсиву синнусоли ва либос, инчунин барои ташкили чорабинихои маданию маиши ба назар  гирифта мешавад.
  3. Хангоми муайян намудани мачмуи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмоли вучуддошта, конеъ намудани талаботи хадди акали ахоли ба хизматрасонии манзилию коммунали, маиши, наклиёти ва алока ба инобат гирифта мешавад.

Моддаи 6. Тахия, тачдиди назар ва тасдики сабади истеъмоли

  1. Сабади истеъмоли барои гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли зимни тавсияномахое, ки аз тарафи макоми ваколатдори давлати бо иштироки иттиходияи намояндагони кормандони Точикистон тахия мегарданд, хисоб карда мешавад.
  2. Тавсияномахои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян карда шуда, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегарданд.
  3. Таркиб ва сохтори сабади истеъмолиро конунгузории  Чумхурии Точикистон  муайян менамояд.

Моддаи 7. Даврияти хисоб ва коидаи мукаррар намудани  андозаи хадди акали зиндаги

  1. Андозаи хадди акали зиндаги ба хар сари ахоли  ва гуруххои ичтимоию демографи дар асоси сабади истеъмоли ва маълумоти  омори оид ба сатхи нарххои истеъмолии махсулоти озука, махсулоти гайриозука ва хизматрасони, бо назардошти хамаи намудхои савдо ва харочот барои бочхои давлати ва пардохтхои хатми хар семоха хисоб карда мешавад.
  2. Андозаи хадди акали зиндаги,  коидахои мукарраркуни ва  даврияти дида баромадани онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 8. Истифодаи хадди акали зиндаги хангоми ба шахрвандон расонидани кумаки ичтимоии давлати

  1. Андозаи хадди акали зиндаги хангоми мукаррар намудани андозахои хадди акали музди мехнат ва нафакахо, инчунин андозахои стипендия, кумакпулихо ва дигар пардохтхои ичтимоие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст,  хамчун нишондиханда хисобида мешавад.
  2. Хангоми бастани шартномахои мехнатии коллективи тибки  конунгузории  Чумхурии Точикистон дар вакти муайян намудани андозаи музди мехнати кормандон ва дигар кумакпулихо, андозаи хадди акали зиндаги хамчун меъёри асоси  истифода мешавад.
  3. Хадди акали кафолатхои ичтимоию мехнати дар Чумхурии Точикистон мархила ба мархила то андозаи хадди акали зиндаги бо назардошти ваъзи иктисодии чумхури баланд бардошта  мешавад.

 

Моддаи 9. Интишори маълумот оид ба андозаи хадди акали  зиндаги

Маълумот дар бораи андозаи хадди акали зиндаги барои хар як нафар аз руи гуруххои асосии ичтимоию демографии ахоли ба таври пурра дар чумхури хар се мох дар нашрияи расмии омории Чумхурии Точикистон  интишор карда мешавад.

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни   мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

     Чумхурии  Точикистон      Эмомали Рахмон

     ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

     № 521

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …