Главная / Чамъият / Хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи

Хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ва вазъи хукукии начотдихандагон  

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2005, №3, мод. 122; соли 2007, № , мод. )

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1257 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 1, соли 2005, моддаи 1) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 597 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 2, соли 2005, моддаи 73) чонибдори гардидааст.

Конуни мазкур асосхои умумии ташкилию хукукии таъсис ва фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихиро дар худуди Чумхурии Точикистон муайян намуда, хукуку ухдадорихо ва масъулияти начотдихондагонро мукаррар месозад, асосхои сиёсати давлатиро дар сохаи хифзи хукукию ичтимоии начотдихандагон ва дигар шахрвандони Чумхурии  Точикистон, ки дар рафъи холатхои фавкулоддаи дорои хусусияти табии ва техногени (минбаъд – холатхои фавкулодда) иштирок мекунанд, танзим менамояд.

  Боби 1. Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Хадамоти садамавию начотдихи – мачмуи макомоти идора ва кувваю воситахоест, ки бахри  халли масъалахои пешгири ва рафъи окибатхои холатхои фавкулодда, тибки вазифадар  низоми ягона муттахид  карда шудаанд, ки асоси онро сохторхои садамавию начотдихи ташкил медиханд.

Сохтори садамавию начотдихи – сохтори мустакил,  ё як чузъи хайати хадамоти садамавию начотдихи буда, барои анчом додани корхои садамавию начотдихи таъин гардидааст. Асоси онро  начотдихандагони бо техникаи махсус, тачхизот, асбобу анчом ва мавод чихозонидашуда ташкил медиханд.

Начотдиханда – шахсе, ки аз аттестатсия  гузашта, барои ичрои корхои садамавию начотдихи омода аст.

Корхои садамавию начотдихи – амалиёт  барои начоти одамон, арзишхои моддию фарханги, хифзи мухити зист дар минтакаи холатхои фавкулодда, махдуд намудан ва ё то хадди имкон кам кардани сатхи таъсири омилхои хатарноки ба онхо хос мебошанд. Корхои садамавию начотдихи дорои омилхое мебошанд, ки ба хаёт ва саломатии шахсони ба ин кор мутасадди   тахдид намуда, омодагии  зарури, либосу анчом ва тачхизоти махсусро талаб мекунанд.

Корхои таъхирнопазир хангоми рафъи окибатхои холатхои фавкулодда – фаъолиятест, чихати таъмини хамачонибаи корхои садамавию начотдихи, расонидани ёрии тибби ва дигар намудхои ёри ба ахолии хангоми холатхои фавкулодда зарардида, фарохам овардани шароити лозими барои хифзи хаёту саломатии одамон ва нигох доштани кобилияти кории  онхо.

Вазъи хукукии начотдихандагон – мачмуи хукуку ухдадорихоест, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд ва давлат ба начотдихандагон кафолат додааст. Хусусиятхои макоми начотдихандагон бо назардошти иштироки онхо дар  гузаронидани корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда ва тахдиди онхо ба хаёту саломатии начотдихандагон муайян мешаванд.

Воситахои садамавию начотдихи – махсулоти техники, илмию техники ва зехни, аз чумла, воситахои махсуси алока ва идоракуни, техника, тачхизот, асбобу анчом, амвол, мавод ва воситахои методии видеои ва аксхо оид ба технологияи корхои садамавию начотдихи, инчунин маводи барномави ва мачмуи маълумот барои мошинхои электронии хисоббарор ва дигар воситахоест, ки барои ичрои корхои садамавию начотдихи  мукаррар гардидаанд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ва вазъи хукукии начотдихандагон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хадамоти садамавию начотдихи,  сохторхои садамавию начотдихи ва вазъи хукукии начотдихандагон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта,  аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон ва инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипхои асосии фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ва начотдихандагон

Принсипхои асосии фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ва начотдихандагон иборатанд аз:

-башардусти ва шафкат, ки вазифахои начоти хаёт, нигох доштани саломатии одамон ва хифзи мухити зистро хангоми рух додани холатхои фавкулодда, дар мадди аввал  мегузоранд;

-яккасардории рохбари ба хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи;

-хатари асоснок ва таъмини бехатари хангоми гузаронидани  корхои садамавию начотдихи ва корхои таъхирнопазир;

-омодагии доимии хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ба аксуламали фаври хангоми сар задани холатхои фавкулодда.

Моддаи 4. Дастгирии давлатии хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ва начотдихандагон

Давлат ба хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи, ки кувваи ягонаи системаи давлати оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда ба хисоб мераванд,  хамачониба кумак мерасонад, аз ин ру:

-барои хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи мачмуи имтиёзхоро мукаррар мекунад;

-ба ташкилотхо, иттиходияхои чамъияти, макомоти  махаллии хокимияти давлати дар омода намудан ва чихозонидани хадамот ва сохторхои садамавию начотдихии таъсисдодашуда хамкори намуда, инчунин дар омода намудани шахрвандоне, ки хохиш доранд аз руи барномаи тайёр намудани начотдихандагон таълим гиранд, ёри мерасонад;

-мачмуи тадбирхоро оид ба химояи хукуки ва ичтимоии начотдихандагон ва аъзои оилахои онхо пешбини менамояд.

Моддаи 5. Намудхои корхои садамавию начотдихи

Ба корхои садамавию начотдихи корхои чустучуию начотдихи, начотдихии кухи, аз газ начотдихи, корхои зидди фавворазани, корхои садамавию начотдихие, ки ба хомуш кардани сухторхо ва рафъи окибатхои тиббию санитарии холатхои фавкулодда вобастаанд, инчунин дигар корхое, ки номгуяшонро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад, мансубанд.

Боби 2. Хадамоти садамавию начотдихи  ва сохторхои садамавию начотдихи

 

Моддаи 6. Вазифахои хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Вазифахои асосии хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи инхоянд:

-дар холати омодагии доими нигох доштани макомоти идоракуни, кувва ва воситахои хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи барои интикол додани онхо ба минтакаи холатхои фавкулодда ва ичрои корхо чихати рафъи окибатхои онхо;

-назорати омодагии иншооту худудхои тахти хизматрасони карордошта барои дар онхо гузаронидани корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда;

-рафъи окибатхои холатхои фавкулодда дар иншооту худудхои тахти  хизматрасони карордошта.

Гайр аз ин, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон, ба зиммаи хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи чунин вазифахо метавонанд гузошта шаванд:

-иштирок дар тахияи накшахои пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда дар иншоот ва худудхои тахти хизматрасони карордошта ва накшахои хамкори хангоми рафъи окибатхои холатхои фавкулодда дар дигар иншоотхо ва худудхо;

-иштирок дар гузаронидани экспертизахои пешбинишуда, чихати татбики лоихаю карорхо дар иншоотхо ва худудхои тахти хизматрасони карордошта, инчунин  дар равандхое, ки метавонанд ба таъмини хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда дар иншооти зикргардида таъсир расонанд;

-назорат дар сохахои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда;

-иштирок  дар назорат оид ба риояи талаботи технологи ва мухандисию техники дар сохаи пешгирии холатхои фавкулодда;

-иштирок дар омода намудани карорхо оид ба таъсисдихи, чойгирони, муайян кардани хайати фехристи  (номенклатура) ва хачмхои эхтиётии  захирахои модди  барои рафъи холатхои фавкулодда;

-таргибу ташвики донишхо дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда, иштирок дар омода сохтани ахоли ва кормандони ташкилотхо барои амалиёт дар шароити холатхои фавкулодда;

-иштирок дар тахияи хуччатхои меъёри оид ба масъалахои ташкил ва гузаронидани корхои садамавию начотдихи ва корхои таъхирнопазир;

-тахияи пешниходот ба макомоти хокимияти давлати оид ба масъалахои таъминоти хукуки ва техникии фаъолияти хадамот ва сохторхои садамавию начотдихи, хифзи ичтимоии начотдихандагон ва дигар кормандони хадамот ва сохторхои садамавию начотдихи;

-иштирок дар тахия, истехсоли воситахои садамавию начотдихи ва инчунин, дигар вазифахои дар чорчубаи вазифахои башардустона карордошта, ки ба ухдаи системаи ягонаи давлати оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда гузошта шудаанд.

Номгуи пурраи вазифахои ба зиммаи хадамоти садамавию начотдихи ва  сохторхои садамавию начотдихи гузошташуда дар мувофика бо макомоти махаллии хокимиятидавлатие, ки махсус барои халли масоили ба хифзи ахоли аз холатхои фавкулодда сафарбар карда шуда, аз руи масъулияташон дар низомнома ё ин ки оинномахои  хадамоти садамавию начотдихи ва  сохторхои садамавию начотдихи зикр гардидаанд, муайян карда мешаванд.

Моддаи 7. Таъсиси хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Хадамоти   садамавию   начотдихи   ва   сохторхои   садамавию начотдихи метавонанд ба тарзи зерин таъсис дода шаванд:

– дар асоси штати дойми – хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихи, аз чумла кисмхо ва сохторхои харбикунонидашудаи начотдихии кухи, зиддифавворави, начотдихи аз газ, оташнишони, начотдихи дар об, дигар вохидхо ва сохторхом махсусгардонидашудаи   начотдихии   фаври   дар   сохаи   холатхои фавкулодда;

–  дар асоси гайриштати – сохторхои гайриштатии садамавию начотдихи,   аз   чумла   сохторхои   ихтиёрии   начотдихии   кухи, зиддифавворави, начотдпхиаз газ, оташнишони, начотдихи дар об;

-дар асосхои чамъияти – сохторхок садамавию начотдихии чамъияти. (КЧТ аз 29.12.10с №645)

Хадамоти садамавию начотдихии касби, сохторхои садамавию начотдихии касби ташкил карда мешаванд:

– дар макомоти  ичроияи хокимияти давлати – бо карори Хукумати  Чумхурии Точикистон аз руи  пешниходи макомоти махалии хокимияти давлатии дахлдор дар мувофика бо макомоти махсуси давлатии барои халли масъалахои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ваколатдоршуда (минбаъд – макомоти ваколатдори чумхурияви):

– бо карори вазорату идорахои дахлдор дар ташкилотхое, ки  як ё якчанд намуди фаъолият дошта,  хангоми татбики онхо мавчудияти хатмии хадамоти садамавию начотдихии худ бо пешниходи рохбарони ташкилотхо дар доираи шумораи муайяншудаи штати дар мувофика бо макомоти минтакавии махсус барои халли масъалахои хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда ваколатдоршуда (минбаъд – макомоти ваколатдори минтакави) пешбини шудааст.

Низомнома ва оимномахои хадомоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавпю начотдихии касби, аз чумла кисмхо ва сохторхои харбикунонидашудаи начотдихии кухии Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи гражданин назди Хукуматп Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд. (КЧТ аз 29.12.10с №645)

Сохторхои садамавию начотдихии гайриштатиро ташкилотхо бо  тартиби хатми аз чумлаи кормандони худ, агар инро конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини карда бошад,  ё бо карори маъмурияти ташкилот бо тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, таъсис медиханд.

Сохторхои садамавию начотдихии чамъияти аз чониби иттиходияхое, ки вазифаи оинномавиашон иштирок дар ичрои корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда мебошад, таъсис дода мешаванд.

Моддаи 8. Хайати хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Хайат ва сохтори хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои  садамавию начотдихи аз тарафи макомоти махалии ичроияи хокимияти давлати, ташкилот ва иттиходияхои чамъиятии онхоро таъсисдиханда, бо назардошти вазифахои ба зиммаи онхо оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда гузошташуда ва талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Мукаммалсозии хайати хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Мукаммалсозии хайати хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи ба таври ихтиёри анчом дода мешавад.

Дар хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби, ба муассисахои таълимии оид ба тайёр намудани начотдихандагон, ба вазифаи начотдиханда он шахрвандони Чумхурии Точикистон кабул карда мешаванд, ки сохиби тахсилоти миёнаи (пурраи) умуми буда, хангоми санчиши тибби барои ичрои корхои начотдихи муносиб дониста шудаанд ва ба талаботи дарачаи омодагии касби ва чисмони, инчунин ба талаботи рухию ахлоки чавобгу мебошанд.

Ба ичрои бевоситаи вазифахои начотдихандагон дар хадамоти садамавию начотдихии касби, сохторхои садамавию начотдихии касби, шахрвандоне рох дода мешаванд, ки ба синни 20 расидаанд, дорои тахсилоти миёнаи (пурраи) умуми мебошанд ва аз руи барномаи тарбияи начотдихандагон таълим гирифта, мувофики тартиби муайяншуда барои ичрои корхои садамавию начотдихи аз чониби сохторхои махсуси ваколатдори Кумитаи  холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати  Чумхурии Точикистон аз аттестатсия гузаштаанд.

Хангоми кабули шахрвандон ба хадамоти садамавию начотдихии сохторхои садамавию начотдихии касби ба вазифаи начотдихандагон бо онхо шартномаи (карордоди) мехнати баста мешавад.

Моддаи 10. Бахисобгирии кайди хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Хамаи хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи бояд хатман ба таври бахисобгири ба кайд гирифта шаванд.

Бахисобгирии  кайди хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихиро тибки тартиби мукарраргардида макомоти махсуси махаллии хокимияти давлатии барои халли вазифахои хифзи ахоли ва худудхо аз холатхои фавкулодда ваколатдоршуда, дар доираи салохияти худ анчом медиханд.

 

Моддаи 11. Фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Хусусияти махсус доштани фаъолияти  хадамоти  садамавию  начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби такозо мекунад, ки хамаи кормандони хадамоти  садамавию начотдихии касби ва сохторхои  садамавию начотдихии касби фармону дастурхои рохбарони хадамот ва сохторхои мазкурро бечунучаро ичро намоянд. Талаботи мазкур ба сохторхои гайриштати ва чамъиятии садамавию начотдихи хангоми иштироки онхо дар ичрои корхо чихати рафъи окибатхоихолатхои фавкулодда низ дахл дорад.

Катъ кардани кор чун воситаи халли бахси коллективи  мехнати дар хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби манъ аст.

Хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби инчунин метавонанд фаъолияти худро чихати ичрои корхои начотдихи дар иншоот ва минтакахо дар асоси шартнома (карордод) амали намоянд.

Омодагии хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби ба аксуламал  дар холатхои фавкулодда ва ба рох мондани корхо, чихати рафъи онхо дар чараёни аттестатсия ва санчишхое, ки макомоти ба ин масъалахо ваколатдори давлати дар доираи салохияти худ мегузаронанд, тафтиш карда мешавад.

Моддаи 12. Аттестатсияи хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Хамаи хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи мувофики тартиби мукаррарнамудаи макомоти ваколатдори давлати бояд аз аттестатсия гузаранд.

Хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихие, ки аз аттестатсия нагузаштаанд ва ё хангоми тафтиш омодагии худро дар холатхои фавкулодда ва гузаронидани корхо чихати рафъи онхо нишон дода натавонистаанд, ба хизматрасонии ташкилотхо аз руи шартнома ва ба ичрои корхои садамавию начотдихи чалб карда намешаванд.

Макомоти ваколатдори давлати хангоми аттестатсияи хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи, метавонанд дар холати ба талаботи касби чавобгу набудани фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои касбии садамавии начотдихи, ки аз тарафи ин ё он ташкилотхо таъсис ёфтаанд, ё ба онхо ба таври шартномави хизмат мерасонанд, фаъолияти ин ташкилотхоро пурра ё кисман боздоранд.

 

Моддаи 13. Чалби хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи чихати рафъи окибатхои холатхои фавкулодда

Хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи барои рафъи окибатхои холатхои фавкулодда дар  мавридхои зерин чалб карда мешаванд:

-мувофики накшахо оид ба пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда  дар иншоот ва худуде, ки хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихии мазкур ба онхо хизмат мерасонанд;

-мувофики накшахои хамкори хангоми рафъи окибатхои холатхои фавкулодда дар дигар иншоот ва худуд;

-аз руи тартиби мукарраргардида хангоми сар задан ва авч гирифтани холатхои фавкулодда;

-бо карори шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, шахсони хукуки, ки рохбарии хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихиро ба ухда доранд, ё ба ин  мутобики  конунгузории Чумхурии Точикистон, дар асоси дархости макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимити давлати инчунин ташкилотхое, ки дар худудашон холатхои фавкулодда ба амал омадаанд  ваколатдоранд, ё ки мувофики ваколаташон  дар асоси дархости рохбарияти холатхои фавкулодда, ё ин ки дар мувофика бо макомот ва рохбарияти  зикргардида, рафъи окибатхои холатхои фавкулодда муайян шудааст.

Чалб намудани хадамоти  садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби барои рафъи окибатхоихолатхои фавкулодда берун аз худуди Чумхурии Точикистон бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон, дар асоси шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 14. Рохбари ба корхои рафъи окибатхои холатхои фавкулодда

Рохбари ба тамоми куввахо ва воситахое, ки барои рафъи окибатхоихолатхои фавкулодда чалб гардидаанд ва ташкили хамкории миёни онхо аз чониби рохбарони хадамоту сохторхо оид ба рафъи холатхои фавкулодда ба амал бароварда мешавад.

Рохбарони хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои  садамавию начотдихие, ки аввалин шуда ба минтакаи холати фавкулодда хозир шудаанд, ваколати рохбарии рафъи холатхои фавкулоддаро ба ухдаи худ мегиранд ва то омадани рохбарони  амалиёт оид ба рафъи холатхои фавкулодда, ки онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон, накшахои  пешгири  ва рафъи холатхои фавкулодда муайян намудаанд, ё аз тарафи макомоти хокимияти давлати, рохбарони ташкилотхо мукаррар гаштаанд ва онхо барои рафъи холатхои фавкулоддаи баамаломада ваколатдоранд, ин вазифаро ичро менамоянд.

Карорхои рохбарони рафъи окибатхои холатхои фавкулодда, барои тамоми шахрвандон ва ташкилотхое, ки дар минтакаи холатхои фавкулодда чойгиранд, хатми аст, агар конунгузории Чумхурии Точикистон холати дигареро пешбини накарда бошад.

Хеч кас хукук надорад ба фаъолияти рохбарони рафъи окибатхои  холатхои фавкулодда дар хусуси рохбари ба корхо оид ба рафъи холатхои фавкулодда дахолат намояд, ба гайр аз холатхои мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз ичрои вазифа дур намудани онхо ва ба зиммаи худ гирифтани вазифа ё таъин намудани шахси дигари мансабдор.

Ваколати рохбарии рафъи холатхои фавкулодда аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, рохбарияти ташкилотхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Дар мавридхои зарурати фавкулодда рохбарони рафъи холатхои фавкулодда хукук доранд оид ба масъалахои зерин мустакилона карор кабул намоянд:

-дар хусуси гузаронидани чорабинихои тахлияви (эвакуатсиони);

-дар хусуси манъ намудани фаъолияти ташкилотхое, ки дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгиранд;

-дар хусуси гузаронидани корхои садамавию начотдихи дар иншоот ва худуди ташкилотхое, ки дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгиранд;

-дар хусуси махдуд намудани рафтуомади одамон ба минтакаи холати фавкулодда;

-дар хусуси бекор кардани брони захирахои моддии рафъи холатхои фавкулоддаи  ташкилотхое, ки дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгиранд;

-дар хусуси истифода аз воситахои алока, наклиёт  ва дигар амволи  ташкилотхои дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгирбуда, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

-дар хусуси ба корхои оид ба рафъи окибатхои  холатхои фавкулодда чалб намудани сохторхои гайриштати ва чамъиятии садамавию начотдихи, инчунин начотдихандагони ба хайати сохторхои мазкур дохилнабуда, дар сурати мавчуд будани хуччате, ки аз аттестатсия барои ичрои корхои садамавию начотдихи гузаштани онхоро тасдик мекунад;

-дар хусуси ихтиёран чалб намудани ахоли барои ичрои корхои таъхирнопазир, инчунин шахрвандони алохидае, ки начотдиханда нестанд, аммо барои ичрои корхои садамавию начотдихи рози шудаанд;

-дар хусуси андешидани дигар чорахои зарурие, ки дар рафти авчи холатхои фавкулодда ва рафти корхо ба миён омадаанд.

Рохбарони рафъи холатхои фавкулодда вазифадоранд чихати  харчи тезтар огохонидани макомоти дахлдори хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, рохбарони ташкилотхо аз карорхои дар холати зарурати фавкулодда кабулкардаи худ тамоми чорахоро андешанд.

Рохбарони рафъи холатхои фавкулодда, рохбарони хадамоти садамавию начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи барои ба даст овардани маълумоти пурра ва дакик дар бораи холатхои фавкулодда, ки барои ташкили  кор чихати рафъи окибатхои онхо заруранд, хукук доранд.

Дар холати аз нигохи технологи гайриимкон гаштани ичрои хамаи корхои садамавию начотдихи, рохбарони рафъи холатхои фавкулодда метавонанд, чихати кисман ва ё пурра манъ намудани корхои садамавию начотдихи карор кабул намоянд ва оид ба начоти одамони дар минтакаи холатхои фавкулодда буда чорахои  аввалиндарача андешанд.

Моддаи 15. Чуброни харочоти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи чихати рафъи холатхои фавкулодда

Чуброни харочоти интикол ва чойгирнамоии хадамоти садамавию начотдихи  ва сохторхои садамавию начотдихие, ки барои ичрои корхои рафъи холатхои фавкулодда чалб гардидаанд, таъминоти модди-техники, молияви ва гайра, онхо, инчунин барои пардохти музди мехнати начотдихандагон, кормандони хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи, додани мукофот ба онхо, додани рухсатихои иловагии пардохтшаванда, хизмати тибби ва пардохти маблаг ба начотдихандагони муваккатан гайри кобили мехнат, ки хангоми ичрои корхои мазкур зарар дидаанд, мувофики шартнома оид ба хизматрасонии ташкилотхо ва ё аз воситахои барои рафъи холатхои фавкулодда чудокардашуда, анчом дода мешавад.

Моддаи 16. Мусоидат ба хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи дар татбики фаъолияти онхо

Макомоти хокимияти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхо вазифадоранд ба хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихие, ки ба минтакахои холати фавкулодда рахсипоранд, ёрии хамачониба расонанд, аз чумла онхоро бо наклиёт ва воситахои моддию техникии зарури таъмин намоянд.

Наклиёти таъчилии сохторхои садамавию начотдихии касби, бояд ранги ороишии намунаи мукарраргашта ва бонгхои садои ва равшании махсус дошта бошанд.

Хангоми ба чои ичрои корхои рафъи холатхои фавкулодда рафтани наклиёти таъчилии сохторхои садамавию начотдихии касби онхо хукуки дар навбати аввал дар фурудгоххо, нуктахои фуруши сузишвори бо маводи сузишворию равганхои молидани таъмин шудан, инчунин хукуки дар навбати аввал гузаронидани корхои таъмириро дар нуктахои хизматрасонии техники ва фурудгоххо, сарфи назар аз шакли моликияташон, доро мебошанд.

Бо максади таъмини омодагии мунтазами хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихии касби барои ичрои корхои рафъи окибатхои холатхои фавкулодда, начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои  садамавию начотдихии мазкур  дар мухлате, ки бо рохбарони хадамот ва сохторхои номбурда мувофика шудааст, ба чамъомадхои харби дар сохторхои харбию оперативии   Кумитаи  холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати  Чумхурии Точикистон даъват карда мешаванд.

Моддаи 17. Хамохангсозии фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Хамохангсозии фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи дар худуди Чумхурии Точикистон бо максадхои зерин анчом дода мешавад:

– чалби фаврии воситахои зарури барои рафъи холатхои фавкулодда;

-тахияи пешниходоти мувофикашуда ба макомоти хокимияти давлати оид ба такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда, инчунин дар сохаи хифзи ичтимоии начотдихандагон ва аъзои оилаи онхо;

-ба таври ягона тахия кардани заминаи меъёри ва хукукии фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи;

-ба рох мондани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи истехсоли воситахои садамавию начотдихи ва дар масъалахои таъминоти моддию техникии хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи;

-хамохангсозии хамкори миёни хадамоти садамавию  начотдихи, сохторхои садамавию начотдихи ва куввахои дигар хангоми ичрои корхо оид ба  рафъи окибатхоихолатхои фавкулодда дар  минтакахои дахлдор;

-халли масъалахои омодасозии начотдихандагон, шахсони мансабдори хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихие, ки дар ичрои корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда иштирок мекунанд.

Хамохангсозии фаъолияти хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихии макомоти махаллии хокимияти давлати аз чониби макомоти махсуси давлати, ки ваколатдори сохаи хифзи ахоли ва худуд аз холатхои фавкулодда мебошанд, анчом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Кучонидан, ба дигар намуди кор гузаронидан ва бархам додани хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Асоси ба чои дигар кучонидан, ба дигар  намуди  кори садамавию начотдихи гузаронидан ё бархам додани хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби, инчунин барои бархам додани сохторхои гайриштатии садамавию начотдихи, ки таъсиси хатмии онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, катъ гаштани фаъолияти ташкилотхое, ки аз чониби ин хадамот хизмат расонида мешавад ва ё бартараф гардидани хатари сар задани холатхои фавкулодда, ки ин куввахо барои рафъи окибатхои онхо таъин гардидаанд, ба шумор меравад.

Карор дар хусуси ба чои дигар кучонидан, ба дигар намуди кор гузаронидан ё бархам додани сохторхои садамавию начотдихии касби, инчунин карор дар бораи бархам додани сохторхои садамавию начотдихии гайриштати, ки таъсиси хатмии онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, аз тарафи макомоте, ки карори таъсиси онхоро кабул намудааст, кабул карда мешавад.

Бархамдихии сохторхои садамавию начотдихии чамъияти бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон  амали карда мешавад.

Моддаи 19. Маблаггузори ва таъминоти моддии хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи

Маблаггузорива таъминоти моддии хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихи аз хисоби маблагхои зерин амали карда мешавад: (КЧТ аз 29.12.10с №645)

-маблагхои бучети чумхурияви, фондхо ва дигар маблагхои бучетии макомоти махаллии хокимияти давлати, инчунин маблагхои молиявии ташкилотхое, ки хадамоти садамавию начотдихи васохторхои садамавию начотдихиро таъсис дода, нигох медоранд;

-маблагхои молиявие, ки аз татбики шартномахои хизматрасони ба ташкилотхо ба даст оварда мешаванд;

-аз хисоби маблагхои захиравии молиявие, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон барои рафъи холатхои фавкулодда чудо карда мешаванд;

-фондхои чамъиятие, ки аз хисоби хакки аъзоги ва хайрияхои ихтиёрии шахрвандон ва ташкилотхо барои химоя  ва начоти одамон,  расонидани ёри ба онхо дар холатхои фавкулодда ташкил гардидаанд;

-манбаъхои дигар, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд.

Тартиби таъминоти моддии .кисмхо ва сохторхои хчрбикунонидашудаи начотдихии кухии Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи гражданин назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 29.12.10с №645)

Боби 3. Начотдихандагон ва вазъи хукукии онхо

 

Моддаи 20. Начотдихандагон

Шахрвандони Чумхурии Точикистон  баъди гузаштан аз муоинаи тибби, ичрои меъёрхои омодагии чисмони, таълим аз руи барномаи омодасозии начотдихандагон ва аттестатсия аз руи ичрои корхои садамавию начотдихи, ба макоми начотдиханда сохиб мегарданд.

Хангоми кабули карор аз тарафи макомоти аттестатсиони  дар бораи додани макоми начотдиханда ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, аз руи намунаи мукарраршуда шаходатнома, дафтарчаи начотдиханда, нишонаи махсус (жетон), ки дар он ному насаб, гурухи хун ва раками кайди начотдиханда сабт шудааст, дода мешавад.

Дафтарчаи начотдиханда барои ба кайд гирифтани иштироки начотдиханда дар корхои рафъи окибатхои холатхои фавкулодда таъин гардидааст. Низомномаи дафтарчаи начотдихандаро макомоти давлатии ба ин масъала  ваколатдор тасдик мекунад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни 20 солаги расидаанд, метавонанд начотдиханда шаванд.

Начотдихандагоне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, макоми начотдихандаро аз даст  медиханд.

Моддаи 21. Хукукхои начотдихандагон

Начотдихандагоне, ки ба корхои рафъи холатхои фавкулодда чалб гардидаанд, хукук доранд хангоми рафтан ба чои ичрои корхои зикргашта ба хама навъхои наклиёт бенавбат чипта харанд.

Хангоми ичрои корхои рафъи холатхои фавкулодда, начотдихандагон хукукхои зеринро доранд:

-доштани маълумоти пурра ва дакике, ки барои ичрои вазифахояшон заруранд;

-бемамониат гузаштан ба худуд ва иншооти истехсолии ташкилотхо, бинохои истикомати барои ичрои корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда;

-талаб намудани риояи чорахои амниятии мукарраршуда аз хамаи шахсони дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгирбуда;

-доштани либосу анчом ва тачхизот мувофики технологияи ичрои корхои садамавию начотдихи;

-тибки тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои начоти одамон ва дар холатхои зарурати фавкулодда истифода бурдани воситахои алока, наклиёт, амвол ва дигар воситахои моддии ташкилотхое, ки дар минтакахои холатхои фавкулодда чойгиранд.

Начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касбие, ки дар чараёни ичрои  вазифахои тибки шартномаи (карордоди) мехнати мукарраргашта, инчунин дигар начотдихандагоне, ки хангоми ичрои корхо оид ба рафъи холатхои фавкулодда осеб  дидаанд, мувофики тартиби мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар муассиса ва марказхои баркароркунии саломати  барои табобати тибби ва психологии  ройгон хукук доранд.

Начотдихандагон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба нафакаи имтиёзнок  хукук доранд.

Моддаи 22.  Кафолати  фаъолияти начотдихандагон

Дар чараёни ичрои корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда, начотдихандагон танхо ба рохбарони хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихие, ки дар хайати он мебошанд, итоат менамоянд.

Хеч кас хукук надорад начотдихандагонро ба ичрои вазифахо ва корхое, ки шартномаи (карордоди) мехнати мукаррар накардааст, мачбур намояд.

Моддаи 23.  ухдадорихои  начотдихандагон

Начотдихандагон ухдадоранд:

-ба ичрои корхо оид ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда омода бошанд, омодагии чисмони, махсус, тибби ва рухии худро такмил диханд;

-малакаву махораташонро хангоми фаъолият дар хайати сохторхои садамавию начотдихи такмил диханд;

-технологияи ичрои корхои садамавию начотдихиро бечунучаро риоя намоянд;

-фаъолона зарардидагонро чустучу намоянд, чихати начот додани онхо чорахои зарури андешанд, ба онхо кумаки аввалияи тибби ва дигар намудхои ёриро расонанд;

-дар вакти гузаронидани корхои рафъи окибатхоихолатхои фавкулодда фармони сардорони хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои садамавию начотдихие, ки начотдихандагон ба хайати онхо дохил  мешаванд, бечунучаро ичро намоянд;

-бо максади рох надодан ба зухури холатхои фавкулодда ба шахрвандон коидахои бехатарии рафтор ва тарзи амалиётро хангоми ба вукуъ омадани онхо фахмонанд.

ухдадорихои начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби дар оинномахо ва дастурамалхои дахлдор муайян мегарданд ва кисми таркибии шартномаи (карордоди) мехнати ба хисоб мераванд.

Моддаи 24. Тартиби кор (хизмат) ва истирохати начотдихандагон

Тартиби кори (хизмати) начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби тибки коидахои низоми кории дохили, чадвали навбатдори, чадвали дарси ё чорабинихои дигар оид ба омодагии махсус муайян карда мешавад.

Тартиби бахисобгирии иштироки начотдихандагон дар корхои рафъи холатхои фавкулодда дар асоси дафтарчаи начотдиханда анчом дода мешавад.

Хангоми ичрои корхои рафъи окибатхои холатхои фавкулодда, тартиби кор ва давомнокии рузи кории начотдихандагон мумкин тагйир ёбад. Дар чунин маврид рузи кори аз тарафи рохбарони амалиётхои рафъи холатхои фавкулодда, бо назардошти хусусияти холатхои фавкулодда, шароити ичрои  корхо оид ба рафъи онхо ва бо тавсияи духтурон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 25. Пардохти музди мехнати начотдихандагон

Манбаи музди мехнати начотдихандагони хадамот ва сохторхои касбии садамавию начотдихи  мукаррар карда мешаванд:

– барои хадамот ва сохторхои касбии садамавию начотдихи, ки ба сохтори Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, вазоратхо ва муассисахои дигари чумхурияви, мансубанд аз хисоби маблагхои бучетии аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон таъиншуда;

– барои хадамотхо ва сохторхои садамавию начотдихии муассиса ва ташкилотхо аз хисоби маъмурияти ин муассиса ва ташкилотхо;

– барои кисмхо ва сохторхои харбикунонидашудаи начотдихии кухи, ки дар асоси шартнома фаъолият менамоянд, аз хисоби маблагхое, ки дар асоси шартнома ворид мегарданд. (КЧТ аз 29.12.10с №645)

Моддаи 26. Хукук ба манзил

Ба начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои начотдихии касбии макомоти махаллии хокимияти давлати, вазоратхо кумитахои давлати ва муассисахо ва  инчунин аъзои оилаашон, ки хамрохи онхо зиндаги мекунанд, манзили истикомати аз руи тартиб ва меъёрхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст,  дода мешавад.

Барои бехтар кардани шароити манзили ва бо манзил таъмин намудани начотдихандагони мухточ, макомоти махаллии хокимияти давлати, муассиса ва ташкилотхо, дар сурати доштани имкониятхои молиявии мувофик, метавонанд дар асоси тартиботи дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукараркардашуда утокхои манзили харанд, ё ин ки хонахои истикомати созанд.

Оилахои начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои  садамавию начотдихии  касбие, ки хангоми  ичрои вазифахои хизмати вафот кардаанд, инчунин оилахои начотдихандагоне, ки барои ичрои корхо оид ба рафъи холатхои фавкулодда чалб гардида, хангоми ичрои корхои мазкур халок   гаштаанд (вафот кардаанд), ба гирифтани манзил (бехтар кардани шароити манзили) эхтиёч доранд, хукуки гирифтани он (бехтар кардани шароити манзили)-ро нигох медоранд. Манзили истикомати ба оилахои мазкур дар навбати аввал  дода мешавад.

Начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихи ва сохторхои  садамавию начотдихии касби барои дар навбати аввал ба хонахояшон гузаронидани хати телефон хукук доранд.

 

Моддаи 27. Кафолатхои сугуртавии начотдихандагон

Хаёт ва саломатии начотдихандагон бояд ба таври хатми сугурта карда шавад. Тартибушартхои сугуртаи хаёт ва саломатии начотдихандагон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 28. Хифзи ичтимоии  аъзои оилаи начотдихандагон

Аъзои оилаи начотдихандагони хадамоти садамавию начотдихии касби ва сохторхои садамавию начотдихии касби, ки хангоми ичрои ухдадорихои бар зиммаи онхо мувофики  шартномаи (карордоди) мехнати гузошташуда вафот кардаанд, инчунин аъзои оилахои дигар начотдихандагоне, ки дар давраи иштирок дар гузаронидани корхои  рафъи окибатхои  холатхои фавкулодда вафот кардаанд, дар тули як сол хукуки имтиёзхоеро, ки онхо чун аъзои оила  мувофики  конунгузории Чумхурии Точикистон истифода  мебурданд, нигох медоранд.

Таъмини нафакаи аъзои оилахои начотдихандагон дар холати аз даст додани сарпараст мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода  мешавад.

Моддаи 29. Шахрвандоне, ки начотдиханда набуда, чихати ичрои корхо ба рафъи окибатхои холатхои фавкулодда чалб карда мешаванд

Дар холатхои нихоят зарури шахрвандони алохидае, ки начотдиханда нестанд, метавонанд бо хохиши худи онхо ба ичрои корхои садамавию начотдихи чалб карда шаванд.

Карор дар бораи ба ичрои корхои начотдихию садамави чалб намудани шахрвандоне, ки начотдиханда нестанд,  аз  тарафи рохбарони  макомоти махалии хокимияти давлати, рохбарони ташкилотхо, рохбарони рафъи холатхои фавкулодда кабул карда мешавад.

Боби 4. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 30.  Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки дар вайрон кардани Конуни мазкур гунахгор дониста мешаванд, мувофики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз  интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон           Э.Рахмонов

ш. Душанбе  1 марти соли 2005

№ 83________________________

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …