Хабиб Нурмухаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи догистони, ки дар Точикистон низ хаводорони зиёд дорад, Частин Гейчи аз Амрикоро шикаст дод ва бори сеюм камарбанди кахрамони UFC-ро дар вазни сабук хифз кард.
Мубориза байни Нурмагомедов ва Гейчи аввалин кувваозмои дар мусобикаи UFC 254 дар “Fight Island” (“Чазираи набард”) дар Абу-Дабии Имороти Муттахидаи Араби буд, ки шаби 24-уми октябр баргузор шуд.
Мубориза пуршиддат гузашт ва дар даври дуюм Хабиб бо усули буги кардан харифашро шикаст дод. Ин 29-умин галабаи размикори догистони ба шумор меравад ва у хамчун варзишгари маглубнашуда камарбанди кахрамонияшро бори дигар хифз кард.
Частин Гейчи дар корномаи варзишияш бори сеюм шикаст хурд. У каблан дар 20 мухориба пирузи ба даст овардааст.
Баъд аз анчоми ракобат бо Гейчи, Хабиб Нурмагомедов гуфт, галабаи 29-умашро ба падараш Абдуманоф Нурмагомедов, ки 3-юми июли имсол дар 58-солаги бар асари коронавирус даргузашт, мебахшад.
Кахрамони UFC дар вазни сабук Хабиб Нурмагомедов аз поёни корномаи варзишияш хабар дод. У ин тасмимашро пас аз пирузи бар Частин Гейчи эълон кард. Хабиб икрор шуд, ки ба модараш ваъда дода буд ракобати 29-умаш набарди охирини у хохад буд.
“Ман танхо як саробон дорам – ин модари ман аст. Мехостам ба у вакти бештаре чудо кунам”, – гуфт у.
Хабиб Нурмагомедов, инчунин аз макомоти UFC хохиш кард, ки уро дар рейтинг ё раддабандии нави размикорони бехтарини чахон дар чойи аввал гузоранд. “Имруз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танхо аз UFC мехохам, ки рузи сешанбе новобаста аз дарачаи вазн маро дар чойи 1-ум карор дихад. Ман сазовори он хастам “, – таъкид кард размикор.