Главная / Чамъият / ХУСУСИГАРДОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ЧТ

ХУСУСИГАРДОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли  1995, №21, мод. 253)

Конуни мазкур принсипхои асосии хусусигардонии фонди давлатии манзилро дар худуди Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, асосхои хукуки, ичтимои ва иктисодии дигарсозии муносибатхои моликиятро ба манзил муайян мекунад. Максади ин дигарсозихо, мухайё кардани шароити ба амал баровардани хукуки озодона конеъ гардонидани талаботи ба манзилдоштаи шахрвандон, инчунин бехтар истифода ва саришта намудани фонди манзил мебошад.

fondi-manzil

ФАСЛИ  I.  КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Фонди давлатии манзил бо рохи бепул ба шахрвандон до­дан ё фурухтани манзили истикоматии онхо ихтиёран хусуси гардонида мешавад.

Моддаи 2. Шахрвандоне, ки дар хонахои фонди давлати аз руи шартномаи киро ё ичора зиндагони мекунанд, хукук доранд бо розигии тамоми аъзоёни болиги сокини оила ин хонаро бо шартхои пешбиникардаи хамин конун ва санадхои дигари меъёрии Чумхурии Точикистон харида гирифта, сохиби он шаванд.

Моддаи 3. Шахрвандоне, ки сохиби манзили хусуси шудаанд, мувофики конунгузории чори онро ихтиёрдори, истифода ва идора мекунад ва хукук доранд ин манзилро фурушанд, тухфа кунанд, мерос монанд, ба ичора диханд, муомилоти дигареро ба анчом расонанд, ки он хилофи конунхои чории Чумхурии Точикистон нестанд.

Татбики хукуки моликият ба манзил набояд хукук ва манфиатхои шахсони дигарро, ки бо конун химоя мешаванд, вайрон кунад.

Истифодаи манзили хусусигардонидашудаи фонди манзил ба дигар максадхо манъ аст.

Сохибони манзили хусусигардонидашудаи хонахои фонди давлати сохибони якчояи тачхизоти инженери ва чойхои истифодаи умуми мебошанд.

Китъаи замине, ки дар он хонаи истикомати ва иморатхои зарурати хочагии ёрирасони шахси чой гирифтаанд, баъди хусусигардони бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузори ба тарики мерос якумра ба ихтиёри шахрванд мегузарад. Дар холатхои дигари хусусигардонии манзил китъаи замин мутобики конунхои чории Чумхурии Точикистон сохиби, истифода ва ихтиёрдори карда мешавад.

 

Моддаи 4. Манзиле, ки дар холати садамави мебошад, ба талаботи меъёрхои санитарию гигиени ва зидисухтор дар хобгоххо, хонахои коммунали, хонахо – ёдгорихои таърихию фарханги, дар хонахои шахракхои пушидаи харби, инчунин манзилхои хизмати хусуси гардонда намешавад.

Мачлисхои махаллии вакилони халк хукук доранд бо дарназардошти пешниходи коллективхо оиди хусусигардонии манзили коммунали фонди манзили совхозу дигар корхонахои хочагии кишлок ва ба онхо баробар карор кабул намоянд.

 

Моддаи 5. Манзилро ба моликияти шахрвандон макоми дахлдори хокимияти махаллии ичроия (хукумат), вале фонди манзилии моликияти чумхуриро бо розигии макоми идораи амволи давлати медихад, мефурушад ва ба расмият медароварад.

 

Моддаи 6. Шахрванд аз рузи карор кабул кардани Раиси ВМКБ, вилоятхо, шахру нохияхо ба манзили харидааш хукукдор мешавад.

 

Моддаи 7. Карори хусусигардонии манзил дар асоси аризаи шахр­вандон дар давоми як мох аз рузи пешниход гардидани хуччатхо бояд кабул карда шавад.

Дар мавриди риоя нашудани хукуки шахрванд хангоми халли масъалахои хусусигардонии манзил у хукук дорад ба суд мурочиат намояд.

 

Моддаи 8. Барои маъюбони Чанги Бузурги Ватани, Кахрамонони Иттифоки Шурави ва шахсоне, ки бо тартиби мукарраргардида ба онхо  баробар карда шудаанд, барои маъюбони мехнат, хамчунин маъюбони модарзод, собикадорони чанг, оилаи шахсоне, ки хангоми ичрои вазифахои давлати халок гардидаанд, оилахое, ки даромадашон аз хадди акали расман мукарраршудаи зиндаги пасттар аст, барои ашхоси ниёзманди бехтар кардани шароити зист ва барои шахсони мубталои баъзе касалихои вазнин, ки бо тартиби мукарраргардида муайян карда мешаванд, тартиби аз хонахои фонди давлати дар асоси шартномаи ичора чудо кардани манзил боки мемонад.

Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки гирифтани манзил бо тартибе, ки дар кисми якуми хамин модда зикр шудааст, ба табакахои дигари шахрвандон низ дода мешавад.

 

Моддаи 9. Барои шахрвандоне, ки ба бехтар кардани шароити манзил эхтиёчманданд, тартиби чории ба кайд гирифтан ва додани хонаи истикомати боки мемонад.

 

ФАСЛИ I I. ПРИНСИПХОИ АСОСИ ВА ШАРТХОИ  ХУСУСИГАРДОНИИ МАНЗИЛ

 

Моддаи 10. Хар шахрванд хукук дорад манзили дар бинои фонди давлати вокеъгардидаи худро як бор хусуси гардонида, сохиби он шавад.

 

Моддаи 11. Андозаи манзиле, ки бепул ба моликияти шахрвандон дода мешавад, барои як кас то 18 метри мураббаъ ва барои оила иловатан 9 метри мураббаъи масохати умуми мебошад.

Агар дар вакти хусусигардони масохати хона (хавли) аз масохати хонаи бепулгирандаи шахрванд зиёд бошад, у фарки арзиши умумии онро медихад.

Масохати манзиле, ки ба моликияти шахрвандон дода мешавад, барои оилаи категорияи шахрвандони дар моддаи 8-уми хамин Конун зикргардида то 20 метри мураббаъи масохати умуми зиёдтар шуда метавонад.

 

Моддаи 12. Нархи масохати манзиле, ки ба моликияти шахрвандон бепул дода мешавад аз руи арзиши як метри мураббаъи масохати умумии манзиле, ки дар замони хусусигардонии хонахои миёнасифати ин ё он махал роич аст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13. Арзиши умумии хона (хавли)-еро, ки моликияти шахр­вандон мешавад, комиссияхои мустакил бо дарназардошти масохат ва сифатхои истифодабарии он ва низ бо иштироки шахрвандоне, ки хона мехаранд, муайян мекунанд. Ин комиссияхо дар назди макомоти хокимияти (хукумати) махалли ташкил шуда, ба хайати онхо вакилони халк, намояндагони ташкилотхои иттифокхои касаба, коллективхои мехнати, макомоти молия ва бонкхо хатман дохил карда мешаванд.

Тартиби муайян кардани арзиши хонаи харидаро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 14. Манзили вокеи биное, ки дар он шахрвандон истикомат мекунанд ва он мувофики меъёрхои истифода ва таъмири фонди ман­зил бояд таъмири асоси шавад, одатан, баъди онро таъмир кардани ичорадех хусуси гардонида мешавад. Агар шахрвандон ба таъмир накардани он рози бошанд, ичорадех чубронпулии дахлдор мепардозад.

 

Моддаи 15. Шахрвандон манзили худро ба насия харида, карзашонро дар муддати 20 сол пардохта метавонанд.

 

Моддаи 16. Истифодаи маблаги хусусигардонии фонди давлатии манзил аз руи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи гайридавлати ва хусусигардонии моликият  дар Чумхурии Точикистон»  муайян карда ме­шавад.

 

Моддаи 17. Фонди манзиле, ки дар ихтиёри корхонаю ташкилот мебошад ё муассисахо онро барои идораи оперативи додаанд, дар мавриди хусусигардонии ин корхонаю муассиса ва ташкилотхо бояд хамрохи онхо бо шартхои мукаррарнамудаи хамин Конун хусуси гардонида, ё ба макоми дахлдори махаллии ичроия (хукумат) дода шавад.

 

ФАСЛИ III.

НИГОХУБИН ВА ТАЪМИРИ ФОНДИ МАНЗИЛИ ХУСУСИГАРДОНИДАШУДА

 

Моддаи 18. Манзили хусусигардонидашуда аз хисоби сохибонаш бо риояи хатмии коидаю меъёрхои ягонаи истифода ва таъмири фонди манзил мувофики шартномахое, ки барои хонахои фонди давлати мукаррар гардидаанд, нигохубин ва таъмир карда мешавад. Сохибони ман­зил барои ин максад метавонанд рафокатхо ё иттиходияхои дигар созмон диханд.

Моддаи 19. Нигохубини техники ва таъмири манзили хусусигардонидашуда аз руи шартнома бо сохибонашон (ширкатхо) ё иттиходияхои дигар мисли собика ба зиммаи ташкилотхои давлатии истифодаи ман­зил ва таъмиру сохтмон мебошад.

Харочоти нигохубини манзили хусусигардонидашударо сохибони он аз руи меъёр ва шартхое, ки барои нигохубини фонди давлатии манзил мукаррар гардидаанд, медиханд.

 

Моддаи 20. Сохибони манзил дар хонаи пурра хусусигардонидашуда хукук доранд барои нигохубини ин хона ташкилот, аз чумла ташкилотхои давлатии истифодаи манзил ва таъмиру бинокори, кооперативхо, ширкатхои хусуси ва субъектхои дигари хочагидориро мустакилона таъин кунанд.

 

Моддаи 21. Манзили моликияти шахрвандонро дар хонахои кисман хусусигардонидашуда ташкилотхои истифодаи манзил ва таъмиру сохтмон, ки нигохубинашон то огози хусусигардони ба зиммаи онхо буд, нигохубин ва таъмир мекунанд.

Сохибони манзили вокеи хонахои кисман хусусигардонидашуда ба харочоти умумии нигохубин ва таъмири (аз чумла таъмири асосии) тамоми бино ва ободонии худуде шариканд, ки ба масохати манзили дар ин бино доштаашон баробар аст.

 

Моддаи 22. Ба холати техники ва таъмири сари вакти хонаи хусусигардонидашуда макомати хокимияти махаллии ичроия (хукуматхо) назорат мекунанд.

 

Моддаи 23. Риоя накардани коидахои истифодаи манзили хусусигардонидашуда, тачхизоти инженери, коммуникатсияхо ва худуди назди хавли бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон чавобгари дорад.

 

 

      Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                               Э. РАХМОНОВ

ш. Душаибе  4 ноябри соли 1995                              

№114                                                              

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди тартиби мавриди амал чори кардани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Чумхурии Точикистон»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1995, №21, мод. 254)

 

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Чумхурии Точикистон» аз рузи нашр гардиданаш дар амал чори карда шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон, мачлисхои махаллии вакилони халк, корхонаю муассиса ва ташкилотхо ахолии чумхуриро оиди тартиб ва шартхои ба сифати моликияти шахси харида гирифтани бинохои истикомати аз руи мурочиаташон бо маълумоти оммафахму оперативи таъмин намоянд, дар рохи бе мамониат ба сифати моликияти шахси ба ихтиёри шахрвандон вогузоштан ва ба онхо фурухтани бинохои истикомати тадбирхои зарурии ташкили андешанд.
  3. Ба иттиходияхои (ташкилотхои) чамъияти тавсия дода шавад, ки манзили дар ихтиёри худ доштаашонро бо шартхое, ки барои фонди манзили давлати пешбини гардидааст, ба сифати моликияти шахси ба ихтиёри шахрвандон вогузоранд ва фурушанд.
  4. Хукумати Чумхурии Точикистон:

оиди ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Чумхурии Точикистон» мутобик гардонидани санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход кунад;

карорхои Хукумати Чумхурии Точикистонро ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Чумхурии Точикистон» мутобик гардонад;

низомномаи хусусигардонии фонди манзилро ба назардошти мукаррар сохтани тартиби муайян кардани арзиши бинохои истикоматии харидаи шахрвандон, шаклу тарзи чуброн, ки конуни мазкур пешбини намудааст, тартиб дода, тасдик кунад.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                    С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  4 ноябри соли 1995

№115

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …