Главная / Чугрофия / ХУСУСИЯТХОИ ИКЛИМИ МАХАЛИ ХУД

ХУСУСИЯТХОИ ИКЛИМИ МАХАЛИ ХУД

Аз гуфтахои боби “Иклим” бармеояд, ки иклими махалхои мухталифи Замин асосан ба арзи географи, мавкеи онхо  нисбат ба бахру укёнусхо, хусусиятхои анбухи хаво, инчунин ба гуногунии сатхи Замин (хамворй ё кухсор, ё регзор будан ва гайра) вобаста аст.

Дар шароити марзи Точикистон баландии махал аз сатхи бахр, релеф ва чойгиршавии каторкуххо нисбат ба самти Харакати анбухи хаво ба иклим таъсири калон дорад.

Aгap гуфтахои поёнро нагз мутолиа кунед, дар дарсхои минбаъдаи география гуногунии иклими махалхои Заминро ба осони дарк менамоед ва хосиятхои мухими иклими махали худро муайян карда метавонед.

Иклими Точикистон

Вобастагии иклим ба арзи географи. Агар сатхи Замин дар хама арзхо, махалхо як хел ва тамоман хамвор мебуд, он гох ба сатхи хар як арз микдори баробари гарми ва равшани мерасид. Дар он сурат иклими махалхои дар як арз вокеъбуда факат аз Мавкеи нисбат ба хати истиво доштаашон вобаста мешуд. Вале сатхи Замин нихоят мухталиф аст. Аз ин ру, нурхои офтоб ба он бо кунчхои гуногун расида, сатхи Замин хар хел гарм мешавад, Гайр аз ин, сатхи об ва хушки, минтакахои сернаботот, регзор ва гайра ба дарачан гуногун гарму сард мешаванд.

Вобастагии иклим ба баланднн махал аз сатхи бахр ва хусусняти релеф дар тропосфера баробари афзудани баланди харорати хаво паст мешавад. Дар хар минтакаи иклими иклимй махалхое, ки аз сатхи бахр баланданд, назар ба иклими махалхои паст хунуктар аст. Масалан, релефи кухии Точикистон таъсири гармии Офтоб ва анбухи хаворо хеле тагйир медихад. Аз хамин сабаб зимистони Помир, ки дар нуктаи чанубтарини Иттиходи Давлатхои мустакил вокеъ аст, чун зимистони минтакаи кутби кахратум мебошад. Дар Помири Шарки, дар атрофи Булункул хунуки ба – 60° мерасад. Аз хамин сабаб Булункулро “кутби хунуки Точикистон” хам меноманд. Дар Помир харорати миёнаи бисерсолаи мохи январ -15°С, мохи июл +18°С мебошад. Дар; чануби пастии Турон харорати мохи январ -20°С. июл + 30°С аст (Дар харита Помир ва пастии Туронро ёбед).

Ба иклим на танхо баланди, инчунин хусусияти релеф таьсир мерасонад. Каторкуххои самти арзии марзи Точикистонии Тиёншони Гарбии водии Фаргона, каторкуххои нохияи Кухистон Точикистони Чанубиро аз бодхои хунуки шимоли шарки мухофизат мекунанд. Куххои баланд анбухи хавои аз гарб омадаро нигох дошта, боиси дар баландихой 1500-3000 метр чудо шудани намии онхо мегарданд. Бо таъсири куххо анбухи хаво ба махалхои дохилии Точикистон ба воситаи водихо ва агбахои на он кадар баланд дохил мешаванд.

Дар марзи Осиёи Миёна иклими нишебихои чанубии каторкуххо аз иклими нишебихои шимоли фарк мекунад. Иклими водихои чукури кухи аз иклими нишебихо фарк, дорад. Ин махсусан барои куххои Точикистон хос аст. Махалхои сербориши Точикистон дар байни баландихои 1500-3000 метр чой гирифтааид. Дар доманахои чануби гарбии каторкухи Хисор (дар баландии 1750 м) дар як сол то 1600 мм бориш мешавад.

Таъсири бахру укёнусхо ба иклим. Иклими хар махал ба мавкеи нисбат ба бахру укенусхо доштааш вобаста аст. Аз сабаби он ки Точикистон дар байни Европаю Осиё (Евросиё) вокеь гардидааст, аз таъсири бахру укёнусхо дур аст ва дар хаво микдори бухори об кам, осмон хеле камабр, камбориш мебошад. Европа бошад, ба укёнус наздик аст, аз ин ру ба иклими он укёнуси Атлантика ва чараёни гарми ои таьсири калон мерасонад (аз харита нишон дихед). Дар ии чо бодхои серрутубати гарбй бештар мевазанд. Бинобар ин дар чазирахои Британиян Кабир аксар вакт обу хавои абрноку борони мешавад, харорати миёнаи мохи январ – 4°С, мохи июл + 16°С аст (амплитудаи хароратро муайян кунед). Боришот соле то 1000 мм мешавад. Зимистон ахён-ахён барф борида, дер намепояд, аксар вакт туманхои гафс мешаванд. Чунин икялмро, ки амплитудаи харорат зиёд несту боришот тамоми фаслхои сол баробар аст, иклими бахри меноманд.

Барои дуруст дарк намудани тагйирёбии амплитудаи харорат ва микдори боришот дар вакти аз гарб ба шарк харакат кардан шумо мебинед, ки тагйироти амплитудаи харорат зиёд, вале микдори боришоз кам мешавад. Боришот танхо дар Шарки Дур зиёд мешавад (сабаби он чист?).

Ба тарафи шаркии Русия хар кадар дуртар равед, обу хавои хунуки офтоби хамон кадар бештар, амплигудаи харорат зиёдгар шуда, боришот камтар аст. Шахри Иркутск, ки бо Лондон тахминан дар як арз вокест. чунин обу хаво дорад. Ба иклими он чунин анбухи хавое, ки аз Укёнуси Яхбастаи Шнмолй ва Осиёи Миёна меояд, таъсир мерасонад. Иклими инчо нихоят хушк (континентали) аст. Вале ба иклими шахри Воронеж, ки дар хамон арзи Иркутск чойгир асг, укёнуси Атлантика таъсири калон мерасонад, ба ин чо анбухи хаво Укёнуси Яхбастаи Шимоли низ тез-тез меояд. Чунин иклими мулоими континеиталии муътадил меноманд.

Хусусияти мухими иклими Точикистон: тагйирёбии калони харорати шабонарузи ва мавсими, хунукии хаво, камабри тобистони хеле гарм, хавои серчангу губор, зимистони нисбатан хунук, микдори ками боришот ва нобаробарии боришоти фаслхои сол. Ин иклимро шушш нихоят континентали меноманд.

Вобастагии иклим ба мавкеи махал нисбат ба каторкуххо ва хамворихо. Махалхое, ки дар наздикии каторкуххо ва ё дар паси онхо чой гирифтаанд, вобаста ба он ки дар сари рохи кадом анбухи хаво вокеанд, иклими ба худ хос доранд. Агар дар сари рохи анбухи хаво куххои баланд вохуранд, тадричан аз нишебихо баланд баромада, хунук ва борик мешавад . Хавои нами талафдодаи хунук a каторкуххо гузашта поём мефарояд ва нисбатан гарм шуда, аз холати сери ба хавои носер табдил меёбад ва аз он бориш хос намешавад. Аз хамин сабаб хатто дар масофаи на он кадар калон иклими махали як тарафи каторкух аз иклими махали тарафи дигари oн фарк мекуиад. Фарки калони иклим байни Помири Гарбй ва Помири Шаркй яин мушохида мегардад.

Баландтарин куххои чахон Химолой дар сари рохи хав рутубатдори Укёнуси Хинд (боди мавсимии тобистонй) вокеъ гардидааст ва барои он монеъ мешавад. Бинобар ин иклими нишебихои чанубии куххо на танхо гарм, балки нихоят сернам аст (дар Черрапунча ба хисоби миёна дар як сол 12 хазор мм бориш мешавад). Дар шимоли Химолой бошад, биёбони кариб беоб чойгир аст (аз харита Химолойро ёбед).

Кариб дар хама каторкуххои Точикистон харорати миёнаи мохона ва солона дар нишебихои чануби баландтар, дар доманахои шимоли пасттар аст. Аз хамин сабаб мевачот дар нишебихои чануби камаш 1 – 2 хафта пештар мспазанд.

Дар хамворихои бузурги фарохи Европаи Гарбй ва Европаи Шарки, Сибири Гарбй анбухи хаво хазорхо километр масофаро бемамониат мегузарад ва бориш хам нисбатан кам аст. Иклими махалхои аз хамдигар дур хам фарк дорад.

Оё клии тагйир меебад?

Олимон мукаррар кардаанд, ки иклим дар давоми фосилахои калони вакт тагйир меёбад. Масалан. миллионхо сол мукаддам дар марзи хозираи Точикистон иклими гарм ва серрутубат хукмрон буд, навъхои гуногуни наботот руи Заминро зич пушондя буданд: майдони беша хам зиёд буд. Дар Точикистон ёфт шудани конхои калони ангишти Шуроб, Фон- Ягноб ва гайра далели тагйирёбии икдим мебошанд.

Дар чазирахои Укёнуси Яхбастаи Шимоли ва Антарктида хам ангишт хаст. Чи тавре ки маълум аст, ангиштсанг аз бокимондахои набототи фаровон, ки садхо миллион сол пеш дар иклими гарму нам мавчуд буданд, хосил шудааст. Ин мисолхо ба таври боварибахш аз он шаходат медиханд, ки иклим дар фосилахои калони вакт нихоят тагйир ёфтааст, иклим хам хунук ва хам гарм шудааст.

Тамоми кисми шимоли гарбии Европаро такрибан 1 млн. сол пеш яхи гафс пушида буд, ки он танхо дар иклими хунук пайдо шуда метавонист. Иклими Замин дар замони хозира хам тагйир меёбад. Зимнан фаъолияти хочагии одамон ба он таъсири торафт бештар мерасонад.

Савол ва супориш

  1. Оё иклим тагйир меёбад? Доир ба иклими марзи Точикистон кадом далелхоро оварда метавонед? Номбар кунед, ки иклими махалатон ба кадом омилхо вобаста аст, чавобро бо мисолхо пурра кунед.
  2.  Фаркияти нишебихои шимолй ва чанубии куххои атрофро оид ба унсурхои иклим дар чи мебинед? Онхоро шарх дихед.
  3. Дар мисоли махалатон вобастагии иклим ба баландии махалро бо мисолхо накл кунед. Дар назди шумо вазифа истодааст, ки дар асоси маълумотхои гирифтаатон хусусиятхои иклими махалатонро донед. Сабабхои онро фахмед. Аз руи дониши хосилкардаатон тавсифи иклими махалатонро тартиб дихед. Он бояд аз ду кисм иборат бошад: а) хусусиятхои иклим, б) сабабхое, ки иклим ба он вобаста аст. Дар дафзар нависед: Тавсифи иклим… (номи махали ахолинишин). Дар тавсифномаи иклим ба тасвири чунин нуктахо ахамияг дихед: мавкеи чугрофии махал, релеф, бодхои асоси ва махалли. Дар тавсифи мавкеи чугрофй бояд дар кадом арз ва минтакахои равшани вокеь будани махал, дури аз бахру укёнусхо, мавкеи махал нисбат ба каторкуххо гуфта шавад. Дар хотимаи тавсифнома дар бораи иклими махалатон хулоса бароред (гарм ё хунук. Муътадил, континенталй).

Саволхо барои тикрори мавзуи “Атмосфера”

  1. Атлюсфера чист?.
  2. Оё дар махали шумо хаво ифлос мешавад? Сабабхои ифлосшавии он чист? Барои ифлос нашудини хаво кадом чорахоро бехптар мешумиред?
  3. Обу хаво чист? Дар тасвири обу хаво кадом унсурхо ва зухуротро бояд кайд кард. Обу хавои ягон мухлатро тасвир кунед.
  4. Дар мисоли тасвири обу-хавои шабонаруз дар бораи вобастагин байни харорат ва дигар унсурхии зухуроти обу хаво накл кунед.
  5. Бод чист? Сабаби пайдоииш онро бо мисолхо фахмонед.
  6. Сабаби асосии дар махалшнон якбора тагйир ёфтани обу хаво чист? Ин холат бешпар дар кадом фаслхои руй медихад? .
  7. Навъи обу хаво чист? Ба махалатонн бештар кадом навъи обу хаво хос аст?
  8. Сабаби асосии паидоииш абр чист? Дар махали шумо зимистон ва бахор кадом намуди абр зиёд мебошад? Оё шумо туманро мушохида кардаед?
  1. Иклим чист? Омилхои acocсии иклимхосилкуиандаро накл кунед.
  2. Хусусиятхои мухими махалатон чи гуна аст? Чаро ин тавр аст?
  3. Минтикахои равшаниро номбар кунед. Сархадхои онхоро аник карда, дар бораи онхо хикоя кунед.
  4. Хосиятхои асосии иклими минтакахои тропики ва муътадилро шарх дихед.
  5. Фарки иклими континентали аз иклими бахри дар чист?
  6. Оё Укёнуси Яхбастаи Шимоли ба иклими махали шумо таъсир мерисонад?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …