Главная / Чамъият / ХУНАХОИ БАДЕИИ ХАЛКИИ ТОЧИКИСТОНИЁН

ХУНАХОИ БАДЕИИ ХАЛКИИ ТОЧИКИСТОНИЁН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТ  ДАР БОРАИ ХУНАХОИ БАДЕИИ ХАЛКИ 

Дар бораи хунархои бадеии халки 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2003, №8, мод.466, КЧТ аз 22.07.2013с. №1006) 

Мачлиси намояндагон кабул намуд – 25 июни  соли 2003

Мачлиси милли чонибдори намуд – 16 июли соли 2003

Конуни мазкур асосхои хукуки ва муносибатхоеро, ки дар байни шахсони вокеи ва хукуки дар сохаи хунархои бадеии халки ба миён меоянд ба танзим дароварда, принсипхои асосии дастгирии давлатии хунархои бадеии халкиро хамчун кисми чудонашавандаи фарханги милли ва таърихи халки точик муайян намуда, ба нигохдории анъанахои хунархои бадеии халки мусоидат мекунад. 

unarhoi-badeii-halq

Боби 1.

Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

-хунархои бадеии халки – яке аз шаклхои эчодиёти халки, фаъолият оид ба офаридани маснуоти бадеии таъйиноташон манфиатрасон ва (ё) ороиши буда, дар асоси азхудкунии инфироди ва дастачамъонаи инкишофдихии анъанахои меросии санъати халки дар махали муайян дар раванди мехнати эчодкоронаи дасти ва (ё) механиконидашудаи устохои хунархои бедии халки амали гардонида мешаванд;

-маснуоти хунархои бадеии халки – предметхои таъйиноти ороиши ва манфиатрасон, ки мутобики анъанахои хунархои бадеии халки бо истифодаи ашёхои табии ва мехнати дасти тайёр карда шудаанд;

-устои хунархои бадеии халки – шахси вокеи, ки маснуоти муайяни хунархои бадеии халкиро мутобики анъанахои он тайёр мекунад;

-муаллифи натичаи фаъолияти зехни, ки дар маснуоти хунархои бадеии халки тачассум ёфтааст – шахси вокеи, ки тавассути кори эчодии вай ин натича хосил шудааст;

-махали мавчудияти анъанавии хунархои бадеии халки – худуде, ки дар каламрави он хунархои бадеии халки таърихан эчод шуда, мувофики анъанахои ба худ хос инкишоф меёбанд, инфрасохтори ичтимоию маишии онхо мавчуд аст ва дорои захирахои ашёи хоми зарури мебошад;

-маснуоти нодири хунархои бадеии халки – маснуоти ягонаи нодири хунархои бадеии халки, ки арзиши баланди бадеи дорад;

-намунаи типии маснуоти хунархои бадеии халки – намунае, ки дар шакли маснуоти тайёр, тасвир (накша, тархи композитсиони), нусха (колиб) сохта шуда, барои бо тартиби мукарраршуда аз нав истехсол намудан, аз чумла бо истифодаи дигаргунсозии эчоди таъйин шудааст;

-дигаргунсозии эчоди – яке аз шаклхои зухури эчодиёти халки, усули асосии тачдиди намунаи типии маснуоти хунархои бадеии халки, ки ворид намудани тагйиру иловахоро дар халли композитсиони, рангубор, накшу нигор, нафиси ва дигар чихатхои бадеии маснуот пешбини менамояд ва боиси тагйироти принсипиалии гояи муаллиф, пастшавии сатхи бадеи ва сифати истехсоли маснуоти хунархои бадеии халки нисбат ба намунаи типии он намегардад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хунархои бадеии халки

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хунархои бадеии халки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукуки  Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Ташкилотхои хунархои бадеии халки

Ба ташкилотхои хунархои бадеии халки шахсони хукукии хама гуна шаклхои ташкили- хукукие мансубанд, ки дар хачми умумии истехсоли махсулоти (кор, хизматрасонии) онхо маснуоти хунархои бадеии халки мувофики маълумоти мушохидахои давлатии омори сахми на камтар аз 50 фоиз дорад.

Вазифахои асосии фаъолияти ташкилотхои хунархои бадеии халки нигохдори, эхё ва инкишофи анъанахои хунархои халки аст.

Моддаи 4. Мансубияти маснуот ба маснуоти хунархои бадеии халки

Мансубияти маснуот ба маснуоти хунархои бадеии халки дар асоси карори шурои бадеи-эксперти оид ба хунархои бадеии халки мутобики фехристи намунавии намудхои истехсолот ва гуруххои маснуоти хунархои бадеии халки, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, сурат мегирад.

Макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати бо назардошти нуктахои хамин Конун тартиби ба маснуоти хунархои бадеии халки мансуб донистани маснуоти дар худуди онхо тайёршавандаро мукаррар менамоянд.

Ба маснуоти хунархои бадеии халки маснуоте мансуб дониста намешаванд, ки дар технологияи тайёр кардани онхо истифодаи дигаргунсозии эчодии намунахои типии ин маснуот имконнопазир аст, аз чумла:

– маснуоти бахиядузи, ки дар мошин-автоматхо ё нимавтоматхои дузандаги тайёр шудаанд ва онхо бе омезиши гулдузихои дасти ё бо гулдузии дар мошинхои дузандагие, ки имконияти ичро кардан ва дигаргунсозии гулдузии эчодиро медиханд, ичро шудаанд;

– маснуоти матои, ки тавассути суратчопкуни бе омезиши усулхои дастии зинатбахшии маснуот ороиш дода шудаанд;

– маснуоти матои, колинхо ва маснуоти колини, ки дар мошинхо бе омезиши кори дасти тайёр шудаанд;

– маснуот аз фулузот ва маснуоти заргари, ки тавассути тамгазани ва рехтагари, ба истиснои рехтагари ба моделхои муми, бе сикказани, кандакори, накшдихи, тезобдихии минбаъда ё истифодаи усулхои дигари дастии коркарди зинатбахшии фулузот тайёр шудаанд;

– маснуоти сафоли, ки тавассути рехтагари бе накшдихи, гачкории минбаъда ё бе истифодаи усулхои дигари дастии зинатбахшии маснуот тайёр шудаанд;

– маснуоте, ки дар мошин-автоматхои бофандаги бе омезиши бофти гулдузии дастии ороиш ё усулхои дигари дастии зинатбахши маснуот тайёр шудаанд;

– маснуоти дигар, ки бо усулхои механики бо истифодаи чузъхои санъати халки тайёр шудаанд.

Оид ба карори мансубияти маснуот ба маснуоти хунархои бадеии халки ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 5. Асосхои сиёсати давлати дар сохаи хунархои бадеии халки

Макомоти хокимияти давлати шароитхои иктисоди, ичтимои ва шароитхои дигарро барои нигохдори, эхё ва инкишофи хунархои бадеии халки фарохам меоранд, аз он чумла:

– заминаи меъёрии хукукиро бахри рушди сохаи хунархои бадеии халки мухайё мекунанд;

– барои амали гардонидани накшахои сармоягузори бо максади нигохдори, эхё ва инкишофи хунархои бадеии халки мусоидат мекунанд;

– мутобики конунгузори барои сохибкорони инфироди ва ташкилотхое, ки дар сохаи хунархои бадеии халки фаъолият доранд, нарххои имтиёзнокро ба махсулот ва хизматрасонии монополияи табии, инчунин тартиби тайёр кардан ва ба даст даровардани ашёи хом ва маводе, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хифз ва ба хисоб гирифта мешаванд, мукаррар менамоянд;

ба устохои хунархои бадеии халки ва шогирдони онхо барои гирифтани тахсилоти касби дар муассисахои таълимие, ки барномахои таълимии хунархои бадеии халкиро амали месозанд, мусоидат менамоянд; (КЧТ аз 22.07.2013с. №1006)

– ба ташвику таргиби санъати хунархои бадеии халки, аз чумла тавассути ташкил намудани намоишхо, озмунхо, музояда, фуруши махсуси маснуоти хунархои бадеии халки, инкишофи мубодилаи байналмилали ва фаъолияти иктисодии хоричи дар ин соха мусоидат менамоянд;

– ташкил ва фаъолияти иттиходияхо, ассосиатсияхо, фондхо иттифокхои сохаи хунархои бадеии халкиро дастгири менамоянд;

– барои нигохдории хунархои бадеии халки ва кормандони эчодии хунархои бадеии халки хангоми амали гаштани тартиби пешгирии муфлисшави ё бархамдихии ин ташкилотхо чорахо мебинанд;

кафолати озодии эчодкориро дар сохаи хунархои бадеии халки таъмин менамоянд;
– тахкикоти илмиро дар сохаи хунархои бадеии халки дастгири менамоянд;
– ба рушди хамкории байналмилали дар сохаи хунархои бадеии халки мусоидат менамоянд; (КЧТ аз 22.07.2013с. №1006)

Боби 2.

Хукуки шаХрвандон дар соХаи  ХунарХои бадеии халки

Моддаи 6. Хукуки шахрвандон барои фаъолият дар сохаи хунархои бадеии халки

Хар як шахрванди Чумхурии Точикистон мувофики майлу рагбат ва кобилияти худ барои фаъолияти эчоди дар сохаи хунархои бадеии халки хукук дорад.

Хукуки шахрванд оид ба пеша намудани фаъолияти эчоди дар сохаи хунархои бадеии халки метавонад дар асоси касби ё ки гайрикасби (хаваскор) сурат гирад.

Кормандони эчодии сохаи хунархои бадеии халки, ки дар асоси касби ё гайрикасби (хаваскор) кор мекунанд, дорои хукукхои баробари муаллифи мебошанд. Онхо ба химояи фаъолияти худ дар ин соха, хифзи сирри хунар ва дастгирии дигари давлат мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, инчунин ба озодона ихтиёрдори намудани натичаи мехнаташон хукук доранд.

Моддаи 7. Хукуки шахрвандон ба ташкил намудани иттиходияхо дар сохаи хунархои бадеии халки

Шахрвандоне, ки дар сохаи хунархои бадеии халки кор мекунанд, бо ташаббуси худ ба ташкил намудани иттифокхои эчоди, ассосиатсияхо, фондхо, иттиходияхои дигар, ки максади онхо фарохам овардани шароити мусоиди фаъолияти эчоди, инкишоф, дастгири намудан ва таргиб кардани хунархои бадеии халки мебошад, хак доранд.

Фаъолияти иттиходияхо дар сохаи хунархои бадеии халки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

Моддаи 8. Бакайдгирии фаъолияти сохибкори дар сохаи хунархои бадеии халки

Бакайдгирии фаъолияти сохибкори, таъсиси ташкилотхои тичорати дар сохаи истехсол ва (ё) ба фуруш баровардани маснуоти хунархои бадеии халки бо тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 9. Хукуки муаллиф ба натичаи фаъолияти зехни, ки дар маснуоти хунархои бадеии халки тачассум ёфтааст

Хукуки муаллиф ба натичаи фаъолияти зехни, ки дар маснуоти хунархои бадеии халки тачассум ёфтааст (маснуоти нодири хунархои бадеии халки, ё намунаи типии маснуоти хунархои бадеии халки), хамчунин хукукхои бо истифодаи натичаи мазкур алокаманд, ки аз тарафи муаллиф бо шартхои шартнома барои тачдиди минбаъда, аз он чумла бо истифодаи дигаргунсозии эчоди тахвил шудаанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

Моддаи 10. Устои хунархои бадеии халки

Вазъи хукукии устои хунархои бадеии халки дар асоси шаходатномаи намунавии мукарраршуда мутобики Низомномаи оид ба устои хунархои бадеии халки, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, муайян карда мешавад.

Шаходатномаи устои хунархои бадеии халки аз чониби Шурои бадеи-эксперти, ки бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис меёбад ва амал менамояд, дода мешавад. Макомоти хокимияти давлати метавонанд ба шахсоне, ки шаходатномаи устои хунархои бадеии халкиро гирифтаанд, барои амали гардонидани фаъолияти эчодии онхо кафолату имтиёзхо мухайё карда, ба истехсоли хунархои бадеии халки мусоидат намоянд.

Устои хунархои бадеии халки хамзамон метавонад муаллифи натичаи фаъолияти зехни бошад, ки дар маснуоти хунархои бадеии халки тачассум ёфтааст.

Моддаи 11. хукукхои устои хунархои бадеии халки

Устои хунархои бадеии халки хукук дорад, ки :

– гояхои эчодиаш химоя карда шавад;

– намоиш ё шаклхои дигари намоиши оммавии натичаи фаъолияти эчодии худро ташкил намояд;

– барои истифодаи оммавии натичахои фаъолияти эчодиаш инъом гирад;

– намудхои зарурии ашёи хом ва маводро тайёр ва дастрас намояд;

– барои истифода аз фондхои фарханг ичозат дошта бошад;

– новобаста аз тахсилоти базави ба фаъолияти таълимии мутобики шакли хунархои бадеии халки шугл варзад;

– шаъну шараф ва эътибори касбиаш химоя карда шавад.

Дорои хукукхои дигаре буда метавонад, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

Моддаи 12. Шурохои бадеи-эксперти оид ба хунархои бадеии халки

Барои анчом додани фаъолият оид ба мансуб донистани маснуоти тайёршаванда ба маснуоти хунархои бадеии халки шурохои бадеи-эксперти оид ба хунархои бадеии халки таъсис дода мешаванд.

Шурохои бадеи-эксперти оид ба хунархои бадеии халки фаъолияти худро дар асоси низомномаи намунави дар бораи шурои бадеи-эксперти оид ба хунархои бадеии халки, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад, амали мегардонанд.

Моддаи 13. Махалли мавчудияти анъанавии хунархои бадеии халки

Махалли мавчудияти анъанавии хунархои бадеии халкиро макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати.

Заминхое, ки дар онхо махалли мавчудияти анъанавии хунархои бадеии халки вокеъ гардидаанд, метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба заминхои таъйиноти таърихию фарханги мансуб дониста шаванд.

Боби 3.

Таълими ХунарХои анъанавии халки, тайёр намудани

кадрХо, тадкикотХои илми

Моддаи 14. Таълими хунархои анъанавии халки

Таълими хунархои анъанавии халки бо роххои зайл амали мегардад:

– аз чониби устохои халки ошно намудан бо тачрибаи кории худ ва азхуд намудани тачрибаи онхо бо максади таъмини мутобикат ба асли анъанахо;

– гирифтани тахсилоти ибтидоии касби ва миёнаи касби, аз чумла дар муассисахои таълимии дахлдор, дар ташкилотхои хунархои бадеии халки ва дар назди устохои хунархои бадеии халки;

– гирифтани тахсилот дар муассисахои таълимии масхусгардонишуда;

– мустакилона пайдо намудани малакахо дар сохаи хунархои бадеии халки, аз чумла дар хонахои хунармандон, студияхо, клубхо ва махфилхо;

– тайёр намудан, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси кадрхо;

– шиносшави бо хунархои анъанавии халки, ба усулхои истехсоли намудхои алохидаи маснуот, бо услубхои бадеии хунархои халки дар муассисахои томактаби ва муассисахои таълимии тахсилоти умуми, инчунин дар раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловаги.(КЧТ аз 22.07.2013с. №1006)

Моддаи 15. Тадкикоти илми дар сохаи хунархои бадеии халки

Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон самтхои афзалиятноки тадкикоти илмиро дар сохаи хунархои бадеии халки муайян намуда, идоракунии умумии онхоро амали мегардонад.

Дар гузаронидани тадкикотхои илми оид ба масъалахои хунархои бадеии халки мутахассисони сохаи фарханг, инчунин мутахассисони дигар, ки иштироки онхо дар гузаронидани ин тадкикотхо зарур аст, ширкат меварзанд.

Бо максади тадкикоти технологияи хунархои бадеии халки ва таъмини раванди таълим дар муассисахои таълимии махсусгардонишуда ва муассисахои дигари фархангии Чумхурии Точикистон лабораторияхои илми-тадкикоти ташкил шуда метавонанд.

Моддаи 16. Дастгирии истехсолию техникии ташкилотхои хунархои бадеии халки

Макомоти чумхуриявии идораи давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мачмуи чорабинихоро оид ба мусоидат ва таъмини ташкилотхои хунархои бадеии халки бо тачхизот ва технологияи мукаммал барои рафти тайёри ва ташкили истехсолот тахия ва амали мегардонанд.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба ташкилотхои хунархои бадеии халки имконият медиханд, ки дар асоси шартномахои ичора бо шартхои имтиёзнок аз бинохо, тачхизот, бинохои истехсоли ва хизмати, дигар молу мулк, ки дар моликияти давлати мебошанд, истифода баранд.

Боби 4.

Мубодилаи фарХанги ва робитаХои  байналмилали

Моддаи 17. Мубодилаи фарханги ва робитахои байналмилали бо мамлакатхои хоричи дар сохаи хунархои бадеии халки

Макомоти давлати барои васеъ шудани доираи субъектхои робитахои байналмилали дар сохаи хунархои бадеии халки мусоидат менамоянд, иштироки бевоситаи мустакили устохо, ташкилотхои хунархои бадеии халкиро дар мубодилаи фарханги бо ташкилотхои шабехи хавасманд мегардонанд.

Моддаи 18. Намоишхои молхо ва махсулоти хунархои бадеии халки

Бо максади хавасманд гардонидани инкишофи хунархои бадеии халки, таргиби ин соха мунтазам намоишхои молхо ва махсулоти хунархои бадеии халки гузаронида мешаванд.

Моддаи 19. Осорхонаи хунархои бадеии халки

Бо максади нигохдори ва намоиш додани молхои бештар киматбахои хунархои халки, махсулоти хунархои бадеии халки, инчунин махфуз доштани хунархои халки ва бо максади нигохдории устохои махсусан маъруфи хунархои бадеии халки, фарохам овардани имконият барои шинос шудан бо эчодиёти онхо осорхона- устохонахо ва хона-осорхонахо бунёд карда мешаванд.

Боби 5

Мукаррароти хотимави

Моддаи 20. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мувофики тартиби муайяннамудаи конунгузори ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

       Президенти

Чумхурии Точикистон                        Э.РАХМОНОВ

                ш. Душанбе  1 августи соли 2003

№43

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …